Formula novemver 2024
Райҳон ду кӯдаки ҳаромӣ зоид?
4693

 

Райҳона Ғаниева яке аз ситораҳои машҳури эстрадаи ӯзбек ба шумор рафта, натанҳо бо забони ӯзбекӣ, балки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ низ суруд мехонад.

Падараш ошиқи райҳон будааст, аз ҳамин хотир вақте ки ин паричеҳра чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, Райҳона номаш мениҳад, то ҳамеша зебо, хушбӯй, ботароват ва азизи мардум бошад. Зебосанамҳо дар саҳнаи эстрадаи ӯзбек бисёр бошанд ҳам, дар байнашон Райҳона фарқ карда меистад. Райҳона ҳофиза барин не, мисли асилзодагон рафтор мекунад, камгап, ҷиддӣ ва хеле бо латофат аст. Ба образи Райҳон, ба тарзи либоспӯшӣ, ҳаракаташ дар саҳна, ҳатто ба услуби суруданаш духтарҳои зиёде пайравӣ кардаанду мекунанд, вале ба касе аз ин тақлидгарон муяссар нагаштааст, ки бо Райҳона баробар шавад. Райҳон мисли шоҳбону дар саҳнаи эстрадаи ӯзбек ягона, нотакрор ва хеле дӯстдоштанист. Касе сири асолат, ҳусни афсунгар, садои нотакрор ва ҷозибаи мисли ҷозибаи умумиҷаҳонӣ пурқудрати ин маликаи саҳнаро то ба имрӯз кушода натавонистааст. Райҳона беназир аст!

«Зиндагӣ»-и бахтовар

Райҳон соли 1996 донишгоҳро дар риштаи фортопиано хатм намуда, аввалин сурудашро бо унвони «Зиндагӣ» пешкаши ҳаводорони созу таронаҳои эстрадӣ мегардонад. Ин тарона дари шӯҳратро ба рӯи зебосанам боз намуда, Райҳонро азизи дилу дидаи мардум месозад. «Зиндагӣ»-аш аз фазои ҳар як хонадон садо диҳад ҳам, Райҳонаи орзупарвар ба ҷойи аз боли мурғи шӯҳрат маҳкам доштан, аз паси ҳавасҳои дилаш рафта, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи журналистика месупорад ва бо сари баланд донишгоҳро хатм намуда, соҳиби дуюмин маълумоти олӣ мегардад. Падараш Отабек Ғаниев ҳунарманди машҳури кино ва набераи коргардони бузург, асосгузори киноматографияи ӯзбек Набӣ Ғаниев, модараш бошад, ҳунарманди хизматнишондодаи Ӯзбекистон Тамара Шокирова аст, аз ин ҷост, ки хуни авлодӣ Райҳонаи ҳофиза, рассом ва журналистро ба санъати кино низ бетараф нагузошт. Ин париваши панҷ панҷааш ҳунар дар синамо даҳҳо нақшҳои бисёр аҷиб ва фаромӯшношуданӣ офаридааст. Образҳои офаридаи Райҳона Ғаниева дар «Семур», «Бе тарс», «Б ва Г» чунон ҷолибу ҷаззобанд, ки натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар дигар кишварҳо низ ин филмҳо ҳаводорони зиёд доранд ва аксари мардум ҳангоми тамошо баробари Райҳонаи ҳунарманд гоҳ мегирянду гоҳи дигар механданд.


Бо мақсади аз асрори дунёи ҳунараш воқиф гаштан, мо Шӯҳратҷонро ба идораи ҳафтанома даъват намудем.

 


Шӯҳрат бӯйи хун дорад…

“Шӯҳрат бӯйи хун дорад” гуфани бузургон беҳуда нест, ҳар қадар Райҳон дар байни мардум машҳуртар гардад, ҳамон андоза шумораи душманонаш зиёдтар мегашт. Ҳар шаб ба дараш як гурӯҳ мардони ниқобдор омада, таҳдид мекарданд, ки аз баҳри ҳунар барояд ё дасту дилашро аз зиндагӣ ва ҷони ширинаш бишӯяд. Райҳонаи бечора шабҳо аз тарс дар зери болинаш таппонча монда мехобид, то дар мавриди зарурӣ худашро аз он авбошони пулмаст наҷот дода тавонад.

Ҷасури наҷотбахш

Хушбахтона, маҳз дар ана ҳамин айём душвор Ҷасурбек ном ҷавони 22-солаи ҳуқуқшинос, ки кайҳо волаю шайдои ҳусни оламгири Райҳона гашта буд, бо вуҷуди 13 сол аз ӯ хурд буданаш, ба хонаи волидони ин зебосанам хостгор фиристод. Райҳон, ки аз аланга задани шӯълаи ишқ дар дили Ҷасур бохабар буд, дар симои ин ҷавони нотарс такягоҳи боэътимодеро дида, розигӣ дод. Тӯйи Райҳон ва Ҷасур дар тарабхонаи «Семя»-и шаҳри Тошкент бо иштироки беҳтарин сарояндаҳои ҷаҳонӣ бисёр зебо ва пуршукӯҳ гузашт.

Меваи дарахти ишқ

Қариб як сол аз саҳна дур шудани Райҳон боиси паҳн гаштани ҳар гуна овозаю ҳангомаҳои гӯшхарош гашт. Душманону бадхоҳонаш мегуфтанд, ки Райҳон пеш аз Ҷасур бо дигар мард муносибатҳои ошиқона доштааст ва бо ҳамин сабаб шавҳараш ӯро зада-зада аз хона пеш кардааст. Овозаҳои гӯшхарош ба гӯши худи маликаи ҳунар ҳам мерасиданд, вале Райҳон даст афшонда ба ин ҳама ҳангомаҳо аҳамият намедод, чунки дар оғӯши гарми шавҳари меҳрубонаш хушбахту масрур ва тавлиди тифлаконашро интизор буд. Ниҳоят дугоник таваллуд кардани Райҳонаи нозанин ва меваҳои ширини дарахти ишқашонро шоду масрур, бо гулу гулдастаю рақсу бозӣ аз таваллудхона баровардани Ҷасури хушбахт бо завҷаи паривашаш ба рӯи оташи овозаҳо оби сард пошид. Мухлисону ҳаводорони Райҳон фаҳмиданд, ки ҳама гапу калочаҳо дар мавриди ишқбозиҳои сарояндаи дӯстдоштаашон дурӯғ будаанд ва фарзандони Райҳон аз ким-кадом ошиқаш не, аз шавҳари қонунии худаш ҳастанду Ҷасур ҳамоно ба сад дил ошиқи зори Райҳонаи меҳрубонаш аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД