Падарам ба Русия мардикорӣ рафта бо ҳамин бе ному нишон гашт, на занг мезад ва на ягон сум пул мефиристод.
Модарам 13-соли дароз интизор шуда, Худоро зорӣ мекард, ки падари бачаҳояшро сиҳату саломатба хона баргардонад, аммо интизориҳояш самар наоварданд. Билохира тоқати бобои модариам тоқ шуд ва ба хонаи бобои падариам омада, шӯру мағал бардошт, ки бачаи шумо бағали беваҳои русро гарм карда гаштаасту духтари ман дар ин ҷо барои он номард ранҷ кашида мегардад. Духтарамро бо кӯчу бандаш мебараму дар байни як ҳафта ба шавҳар медиҳам. Амакҳоям кӯшиш карданд, ки бобоямро ором кунанд, вале мӯйсафеди якрав кӯчи моро ба мошини боркаше бор карда, зӯран ба хонаи худаш бурд. Модарам падарамро дӯст медошт ва тайёр буд, ки то охирии умр роҳашро пояд, вале бобоям ӯро маҷбуран ба як марди шикамкалони занмурда дод. Ману додарам Шерзод дар хонаи бобоям мондем, зеро пияндарамон таъкид кардааст, ки кӯдаконашро набиёрад. Модарам дар хонаи шавҳари наваш аз дурии мо ҷигархун шуда, шабу рӯз гиря мекардааст. Оқибат оҳу нолаи модарам ба дили он албастӣзада, мегӯяд: «Бачаҳоятро биёр, лекин дар чашми ман натобанд!» Модари бечораам ба ҳаминаш ҳам шукр гуфта, худи ҳамон рӯз ба хонаи бобоям омаду моро ҳамроҳаш ба хонаи пияндарамон бурд. Пияндарамон ба хотири модарам моро ба ҳавлияш роҳ дода бошад ҳам, мисли гург ба гӯсфандон менигарист. Эҳ, кошкӣдар хонаи бобоямон хориву гуруснагӣмекашидему ба хонаи ин марди бадзабон намеомадем. Рӯзамонро сиёҳ кард пияндар. Як бурида нони мехӯрдаамонро дар танамон заҳр мекунад. «Сағераҳои ту гов барин пурхӯранд» гӯён, ҳар рӯз модари бечораамро таъна мезанад.
Худо накарда дар дасти додаракам пораи нон ё ягон дона қандро бинад, хонаро ба сараш бардошта, борони дашному ҳақоратро ба сари мо рехта модарамро мурданивор мезанад. Рӯзе нест, ки чашмони модарам даври об нагардад. Ин марди ҷоҳил заррае аз Худо наметарсад. Бо воситаи сайти Оила ба падари муҳоҷирам гуфтанием:
-Дадаҷон, агар чашмат ба ин номаи акшолуди фарзандонат расад, зудтар биёву моро аз дӯзахи пияндар халос кун!
Ҳасрат ва Шерзод аз деҳаи Ҳайдарободи н. Ҷиликул