Як шавҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Сакт-Петербурги Русия дар рӯзи аввали корияш аз ошёнаи 17-уми бинои навсохт бо айби пояфзолаш ба замин афтида, ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Тавре як манбаъи муътамад хабар додааст, ҳодиса соати 12-и нисфирӯзии 21 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия рух дода, боиси марги як ҷавони 24 солаи тоҷик гаштааст. Ин муҳоҷири тоҷик аз қабати 17-уми сохтмони маҷмааи истиқоматии “Сетл Сити” дар хиёбони Комендантский бо айби лағжидани пояфзолаш ба замин афтода, ба таври фоҷиявӣ ҷон бохтааст.
РИА Новости навиштааст, ки масъулони бинои “Сетл Сити” бобати ҳодисаи рухдода чунин афзудаанд: "Ин шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи 21 январ ба ҷустуҷӯи кор омада, худро ба ҳайсӣ коргар ба қайд гузошта буд. Худи ҳамон рӯз ин ҷавони муҳоҷир ба кор шурӯъ намуда, дар рафти кори сохмон пояфзолаш дар сангрезаҳои ошёнаи 17-уми бино лағжида боиси марги худи ҷавон гаштааст.
Тафтиши қазия аз ҷониби пулиси шаҳри Петербург идома дорад. Пулис муайян кардааст, ки муҳоҷири ҳалокшуда дар Русия ба таври қонунӣ қарор дошт ва аснодаш дуруст тартиб дода шуда буд.
Дар пайи ҳалокати муҳоҷири тоҷик кормандони пулис асноди муҳоҷирони дигареро, ки низ дар сохтмони “Сетл Сити” бо ӯ якҷоя кор мекарданд, тафтиш карда баромаданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз рӯи ин қазия 13- шаҳрванди Ӯзбекистон ва 7- шаҳрванди Тоҷикистонро ба шуъбаи пулис даъват карда шуда, муаян гардид, ки дар марги ин ҷавони тоҷик нафаре аз онҳо даст надоранд. Ғайр аз ин ҳуҷҷатҳои ин муҳоҷирон пурра қонунӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Бо тӯҳмати коргар раисро зиндон карданд
Ҳар сол дар Русия тақрибан 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Фалокатҳо дар ҷои кор як иллати умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия дониста мешавад.