arzon replenishment
Ҷамшед аз ошёнаи 4-ум афтиду...
2656

 

Дар хонадонамон 5 писару 2 духтар будем. Бародаронам Дилшод, Бобоҷон ва Ҷамшед ҳамроҳи амакҳоям дар Русия муҳочир буданд.

Падару модарам барои Дилшоду Бобоҷон хонаи алоҳида сохта, зиндагиашонро чудо карда буданду навбати манзили Ҷамшедро ҷудо кардан расида буд. Се бародар бо ҳамин мақсад дар Русия кор мекарданд. Акаҳоям Дилшод ва Бобоҷон ҷойи кори дигар ёфта Ҷамшедро дар назди амакҳоям гузошта рафтаанд. Як рӯз аз хастагию бемадорӣ хоби Ҷамшед бурда мондааст. «Хез Ҷамшедҷон, камтари дигар кори чорум ошёна мондагӣ, ҳамонро ба охир расонем, баъд хоб рав» мегӯяд амакам, вале Ҷамшед хоҳиш мекунад, ки сараш дард дораду ӯро ба ҳолаш гузоранд. «Намешавад, кор кор аст» гӯён, амакам ба ҷону ҳолаш намонда Ҷамшедро ба ошёнаи чорум мебарорад. Тасмаро баста ба тиреза баромадан баробар ногоҳ аҷал ба гиребони бародарам панҷа меандозад ва тасма канда мешаваду Ҷамшедҷони аз сад гулаш як гулаш ношукуфтаамон ба замин меафтад. Дилшоду Бобоҷон аз ин фоҷиа хабардор шуда дарҳол ба беморхона меоянд, вале аллакай дер шуда, Ҷамшедҷон ҷонашро ба ҷонофарин супурда будааст. Ба модари зор ба ҳамсари меҳрубону хоҳарони бадбахт ин хабари шумро расонданд. Модарам аз ҳуш рафт, янгаам аз ақл бегона шуд, тифлаки хурдакакаш гӯё чизеро дарк карда бошад, пайваста мегирист...

Ҷасади Ҷамшедҷонро ба Ватан оварданд. Дар хонаамон аз фиғону нола гӯё қиёмат қоим шуд. Писарчаи дар гаҳвора будаашро рӯи тобут монданд, то рӯи падарашро ба серӣ бубинад. Оҳ, чӣ қадар аламовар буд ба хонаи охираташ гусел кардани Ҷамшедҷони ҷавонмарг.

Модарам то ҳол ба ёди писари шаҳидаш рўю мўй канда мегиряду мегӯяд: Гадо шаведу аз хоки Ватан берун наравед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД