arzon replenishment
Овозхони навраси тоҷик доварони русро ҳайратзада кард, вале…
2649

Манижа Аминова, овозхони навраси тоҷики муқими Русия бо дугонаи русаш Валерия Базикина дар мавсими ҳафтуми озмуни телевизионии «Голос. Дети»-и Шабакаи аввали Русия иштирок намуда, доваронро шигифтзада карданд.


Дугонаҳо таронаи «Трава у дома»-и гурӯҳи «Земляне»-ро иҷро намуда, бо дархости доварон суруди «Dancing Queen»-и гурӯҳи «АВВА»-ро низ иҷро намуданд. Ҳунарманди гурҷӣ Валерий Меладзе ва оҳангсози рус Баста (Василий Вакуленко), ки доварони озмуни мазкур буданд, ба ҳунари овозхонии наврасон мафтун шуда, хостори шомил шудани онҳо ба тими худ шудаанд. Манижа ва Валерия розӣ шудаанд, ки дар тими Баста фаъолияти худро идома бидиҳанд. Навори ҳунарнамоии наврасонро давоми чанд рӯзи дар шабакаи YouTube пахш шуданаш, зиёда аз 2,5 миллион нафар тамошо карда буданд, вале он ногаҳон ҳифз карда шуд. Баъдан маълум гашт, ки ин кор бо даъвои ширкати «Креатив Медиа» ба далели поймол кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ аз шабакаи YouTube пок карда шудааст. Хабарнигорони шабакаи телевизионии «360» муайян кардаанд, ки ин даъво аз ҷониби оҳангсози 82-солаи рус Эдуард Артемев сурат гирифтааст.


ЧАРО МУИН АЗ ҲАМСАРАШ ҶУДО ШУД? (ВИДЕО)


Оҳангсоз тасодуфан навори ҳунарнамоии наврасонро дида, оҳангашро, ки як порчаи онро Манижа ва Валерия истифода карда будаанд, шинохтаву ба ғазаб омадааст. «Оташин шудам, ки оҳангро медузданд. Чунин ҳолат бо ман хеле зиёд рух медиҳад ва дигар тобу тоқати онро надорам. Бигзор барои корашон ҷавоб диҳанд. Ба ман пул даркор нест»,-гуфтааст, Эдуард Артемев дар изҳороташ. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, навори ҳунарнамоии дугонаҳо ба рӯйхати сертамошобинтарин навори кӯдакону наврасон дар ҷаҳон тайи моҳи феврал шомил шудааст. Манижа феълан 14 сол дорад ва замони 2-сола буданаш оилаашон аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба шаҳри Смоленски Русия кӯч мебанданд. Манижа пайваста шабакаҳои телевизионии тоҷикиро тариқи моҳвора тамошо мекунад ва бо забони тоҷикӣ низ суруд сароида метавонад. Ба хурдияш нигоҳ накарда, ӯ аллакай бо номи «SmolKids» гурӯҳи мусиқавии худро дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД