Дар қисмати шимолӣ-шарқии Бразилия, иёлоти Баия табибон аз ҷисми кӯдаки дусола 50 сӯзани муқаррариро берун оварданд.
Модараш писарбачаро бо дарди шикам ба беморхона овард. Ренген нишон дод, ки ҷисми кӯдак пур аз сӯзан аст. Табибон 17 сӯзанро дар меъда, 33- тои дигарро дар гардану пойҳои кӯдак пайдо карданд. Аз тарзи ҷойгиршавии сӯзанҳо табибон ба хулосае омаданд, ки кӯдак сӯзанҳоро нахӯрдааст, балки касе дар муддати мадид онҳоро ба баданаш халидааст. Модари кӯдак чӣ гуфтанашро намедонад. Тафтишот ҳоло идома дорад.