Ҳамал
Дар ҳаёти нафарони муҷаррад тағйироте дида намешавад. Эҳтимол шумо тасодуфан бо нафаре шинос мешавед, ки замоне ошиқи зораш будед, вале аз ин дидор суде ба даст намеояд. Илова бар ин, баъди тағйиротҳои зиёди рухдода муҳаббати ӯро аз дил берун сохтаед. Агар шумо оиладор бошед, бо сабаби пеш омадани уҳдадориҳои рӯзгор ва одати сир пинҳон кардани шумо бо ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша имкон дорад. Аз ҳад зиёд серталаб ва пинҳонкор нашавед, он гоҳ аз бисёр моҷарову низоъ эмин мемонед. Миёнаи моҳи ноябр ҷиҳатҳои бади хислати худро ба шахсе, ки бароятон азиз аст, нишон дода, ӯро меранҷонед.
Савр
Нафарони муҷаррад дар моҳи ноябр имкони баргардонидани муҳаббати аздастрафтаи худро пайдо месозанд. Вохӯрӣ бо нафаре, ки замоне ошиқаш будед, муҳаббати шуморо аз нав бедор сохта, муносибатҳои ошиқонаатон идомаи тоза меёбанд. Рафту шумо оиладор бошед, моҷарое дар оилаатон сар мезанад, ки натиҷаи нек ба бор меорад. Ҳамсафари ҳаётӣ ҳангоми муноқиша сиреро, ки дергоҳ дар дил нигоҳ медошт, фош месозад. Аввали моҳ дар рафтору кирдори дӯстдоштаи худ камбудӣ неву бартарӣ меҷӯед. Охири моҳ камбудиҳои ёратонро, ки сабабгори ранҷиши шумо гашта буд, мебахшед.
Ҷавзо
Нафарони муҷаррадро дар моҳи ноябр муҳаббати пурҷӯшу хурӯше интизор аст. Шумо бахти худро дар макони серодаме пайдо намуда, аз нигоҳи аввал ба ҳам чун себи дукафон монанду мувофиқ буданатонро дарк менамоед. Рафту шумо оиладор бошед, ҳамарӯза ёри худро ба ҳар гуна ҷашну хурсандиҳо баред, умуман кӯшиш намоед, ки зиндагиятон рангину зебо гардад. Агар шумо муҷаррад бошед, муноқишаи аввали моҳ оғозёфта бо дӯстдоштаатон тӯл мекашад. Миёнаи моҳ ширкат дар маъракае ба ҳаёти шахсиятон таъсир мерасонад. Охири моҳ бештар бо дӯстдоштаи худ будан мехоҳед.
Саратон
Дар ҳаёти нафарони муҷаррад чизе куллан тағйир намеёбад. Эҳтимол нафаре ба шумо сахт ошиқ мешавад, вале дилатон ба ин ошиқ заррае моил намегардад. Аз имкон дур нест, ки ошиқи шумо ба назаратон аз ҳад зиёд шилқин ё дурӯя менамояд. Рафту оиладор бошед, каме дилҷудоӣ бо ҳамсар сабабгори муноқишаи калон мегардад. Аз эҳтимол дур нест, ки чанд муддат ҷои хобатонро низ ҷудо мекунед. Миёнаи моҳ дар худ асабониятеро ҳис мекунед, ки аслан хоси шумо нест. Охири моҳ бояд роҳҳои бо дӯстдоштаи худ оштӣ шуданро пайдо намоед.
Асад
Нафарони муҷаррад дар моҳи ноябр саргузашти ширини ошиқонаро оғоз мебахшанд. Дар паҳлӯи шумо нафаре пайдо мешавад, ки ба хотири рангину сабук гардонидани зиндагиятон ба ҷонфидоиҳои зиёде қодир аст. Шумо дар баробари дӯстдошта ёфтан, ғамхори беминнате низ пайдо месозед. Нафарони оиладор қисмати зиёди моҳи ноябрро бе муноқиша паси сар менамоянд. Баъдан чизе пайдо мешавад, ки шуморо бо ҳамсаратон наздиктар месозад. Миёнаи моҳ аз нафаре, ки барояш хеле азиз ҳастед, муҳимтарин чизро барои худ ба даст меоред. Охири моҳ шуморо хушбахтӣ интизор аст.
Сунбула
Нафарони муҷаррад дар моҳи ноябр ба тағйиротҳои куллӣ розӣ намешаванд, вале нафаре дар зиндагиятон пайдо мешавад, ки ба хотири омӯхтани ӯ муносибатҳоятонро зич мекунед ва аввали моҳи дигар пайванди муҳаббати шумо ҳусни оғоз меёбад. Рафту оиладор бошед, худро ба даст гирифта, ҳамсари худро таҳти танқид қарор надиҳед. Аввали моҳ дар зиндагиятон ҳодисаҳое сар мезананд, ки таъсирашро бо душворӣ ислоҳ мекунед. Миёна ва охири моҳи ноябр шуморо лозим меояд, ки барои ба мақсад расидан каме дурӯягӣ кунед. Дар ин ҷода кӯшиш намоед, ки бар зарари худ амал накунед.
Мизон
Нафарони муҷаррадро дар моҳи ноябр муҳаббати бузургу тақдирсоз интизор аст. Бо амри тақдир бахти худро пайдо месозед ва агар ба ғалату иштибоҳ роҳ надиҳед, рӯзҳои наздик бо ҳам оила бунёд менамоед. Рафту шумо оиладор бошед, дар ин моҳ эҳтимоли ҳомиладорӣ ё дигар тағйиротҳои судманд дар зиндагиятон вуҷуд дорад. Аввали моҳи ноябр дар зиндагиятон тағйиротҳо рух медиҳанд. Миёнаи моҳ ҳодисае сабаби хушбахтии шумо мегардад. Баъзе зодагони мучали мизон охири моҳ хушхабар мешунаванд.
Ақраб
Нафароне, ки то ҳанӯз бахти худро пайдо накардаанд, агар дар моҳи ноябр фаъолнокӣ нишон диҳанд, ҳамсафари ҳаётии худро пайдо месозанд. Агар нафареро дӯст медошта бошед, аз рӯзи 1-ум то 7-уми ноябр барои ба даст овардани дилаш кӯшиш ба харҷ диҳед. Дар ин ҷода, хислати дӯстдоштаи худро ба эътибор гирифта, фаромӯш насозед, ки шумо ҳунари хуби ба дилу дидаи одамон ҷой гирифтанро доред. Агар аллакай оиладор бошед, дар моҳи ноябр барои мустаҳкам сохтани оила заҳмат кашидан лозим меояд. Дар лаҳзаҳое, ки дилатон гӯшаи танҳоӣ мехоҳад, ҳамсаратон аз шумо диққати зиёд талаб мекунад.
Қавс
Нафароне, ки дар мучали қавс тавлид ёфтаанд, ба нафари боистеъдоде дил баста, муҳаббати ӯро ба даст меоранд. Рафту шумо оиладор бошед, ҳамсафари ҳаётии худро ба ҳар гуна ҷашну маросимҳо мебаред. Ин амали шумо боиси бештар ҳамроҳ будану беҳтар гаштани муносибатҳоятон мегардад. Аввали моҳ нафарони оиладор дучори муноқишаву ҷанҷол мегарданд. Охири моҳ табъатон болидаву меҳру муҳаббат дар қалбатон зиёд мегардад. Ҳамзамон ин давра барои вохӯриҳои ошиқона мусоидат менамояд.
Ҷаддӣ
Дар ҳаёти шахсии нафарони муҷарраде, ки дар мучали ҷаддӣ тавлид ёфтаанд, ягон тағйирот дида намешавад. Ба ягон нафаре, ки нисбати шумо меҳру муҳаббат доранд, дилатон моил намегардад. Ҳатто агар ба мулоқоти ошиқона розӣ шавед ҳам, танҳо ба хотири аз зиқӣ раҳо ёфтан аст. Нафарони оиладор аз амалҳои сабукфикрона ё беандешаи ҳамсари худ на танҳо норозӣ мешаванд, балки кор бо муноқишаи ҷиддӣ анҷом меёбад. Дар ин ҷода шумо ба ҳеҷ ваҷҳ гузашт намекунеду ба худро сафед карданҳояш низ бовар намекунед. Охири моҳ нисбати дӯстдоштаи худ фармонфармоӣ накунед.
Далв
Нафарони муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки зиндагияшонро рангу маънии тоза мебахшад. Рафту шумо оиладор бошед, бо сабабҳои гуногун бо ҳамсафари ҳаётии худ забон ёфтанатон осон мешавад. Баъзе омилҳое, ки ба муносибатҳои шумо таъсири манфӣ мерасониданд, аз байн мераванд ва дигар ба камбудиҳои ҳамсари худ диққат намедодагӣ мешавед. Миёнаи моҳ ҳолати руҳӣ ва ҳаёти шахсиятон тағйир меёбад. Охири моҳ ҳамроҳи дӯстдоштаи худ ба маъракаи ҷолибе даъватӣ мешавед.
Ҳут
Нафарони муҷаррад дари дилро ба касе боз месозанд, ки кайҳо боз дар оташи ишқаш месӯхт. Нисбати нафаре, ки ҳамчун дӯст қабул карда будед, якбора бетафовут нагашта, ошиқ мешавед. Дар ҳаёти нафарони оиладор ҳодисае сар мезанад, ки аз вазъияти душвори зиндагӣ берун месозад. Оилаатон мустаҳкаму эътимоду боварӣ пайдо мешавад. Аввали моҳ нисбати намояндагони ҷинси муқобил бо чашми шубҳа менигаред. Миёнаи моҳ дар ҳаётатон тағйироти мусбӣ имкон дорад.