Arzon march 2024
ОРЗУИ ХУШБАХТИИ БАДБАХТ
3470

 

(Қиссаи воқеӣ)

Маҳмуд аз кор бо табъи хира ба хона баргашт. Фараҳноз хост, ки сабаби инро аз шавҳараш пурсад. Бинобар ин, ба ӯ муроҷиаткунон гуфт:

- Ҳа мардак, боз чӣ шуд, ки қошу қавоқатонро овезон кардаед? Магар бо ҳамкорон ягон гапатон гурехт?

Маҳмуд ба саволҳои занаш посух додан намехост, аммо Фараҳноз бисёр кунҷковӣ карду сабаби ғамгинии шавҳарашро донистанӣ буд. Дам ба дам савол дода, қаҳри ӯро меовард. Маҳмуд ба роҳаткурсии назди тиреза нишасту аз занаш хост, ки дар рӯ ба рӯяш нишаста, ӯро бодиққат гӯш кунад. Фараҳноз итоаткорона омада дар назди шавҳараш нишаст ва гӯш ба қимор шуда истод, ки ӯ чӣ мегуфта бошад. Маҳмуд ба рӯи занаш нигоҳ карду гуфт:

- Фараҳноз, чанд вақт боз мехоҳам як чизро ба ту гӯям, аммо ҷуръат намекунам. Имрӯз фурсаташ расидааст ва бояд саргузаштеро ба ту нақл кунам. Ба фикрам Мунисаро мешинохтӣ. Бо ӯ 8 сол якҷоя зиндагӣ карданамро низ медонӣ. Росташро гӯям, ин оиладорӣ ба хотири падарам буд. Зеро Муниса духтари амаи калониам Бахтинисо буда, ҷияни падарам ҳисоб меёфт. Ростӣ, ҳеҷ намехостам бо ӯ тӯй шуданро, чунки дар борааш суханҳои зиёде шунавида будам. Ҳатто аз даврони мактабхонияш бо Самандар ном ҳамсинфаш ишқварзӣ доштаасту пинҳониву рӯшод вомехӯрданд, бо вуҷуди он ки бо ман гаҳворабахш буд. Вақте масъалаи оиладоршавии мо ба миён омад, аз падарам хостам, ки духтари дигареро бароям гирифта диҳад, зеро Муниса писандам набуд. Ба ғайр аз ин, овозаҳое, ки аз одамон мешунавидам, фикрамро нисбаташ тамоман дигар мекарданд. Аммо падарам баръакси   хоҳиши ман рафтор намуду таъкидам кард, ки “ман бо амаат қудо шуданӣ, на ин ки душман. Ҳамчунин, оини бобоиро шикастан дуруст нест. Ту ва Муниса гаҳворабахш шудаед ва бояд оиладор шавед”.

Ҳарчанд зорию тавалло намудам, суде накард. Бо дили нохоҳам оиладор шудем. Аз рӯзҳои аввал бо ӯ рафтори бад мекардаму пайваста азобаш медодам, то ки хонаамонро тарк созад. Ҳатто, арақ нӯшида ба хона меомадаму лату кӯбаш мекардам, вале суде намебахшиду Мунисаи сарсахт хонаамонро таркк карданӣ набуд. Чунки худат медонӣ, ки падари ман бисёр шахси сарватманд асту танҳо маро дорад ва албатта баъд аз сари ӯ давлаташ ба ман мемонад.

Ба пулу мол ва дугонабозӣ майли калон дошт. Зиндагии бемаънӣ ба дилам зад. Аз пушти арақнӯшӣ аз ҷойи корам ҳам маҳрум шудаму ба кӯчаи мастӣ афтодам, ҳол он ки дар як ширкати хусусӣ муҳандис шуда кор мекардам. Дигар Мунисаро чашми дидан надоштам. Ба Русия ба муҳоҷират рафтаму 6 сол ба зодгоҳам наомадам. Падару модарам бароямон дар маркази пойтахт хонаи чорҳуҷрадор харида доданду хоҳиш карданд, ки девонагиамро бас кунаму инсонвор зиндагӣ намоям. Аммо ман ҳаргиз бо Муниса дар як болин сар мондан намехостам.

Як рӯз аз кор мебаромадам, ки Қурбони ҳамсинфам занг зад. Баъди аҳволпурсӣ гуфт, ки Мунисаро бо як марди ношинос дар назди хонаамон дидааст. Он мард сарватманд буда, бо як мошини бадҳайбате занамро ба хона овардааст. Ҳатто, дар вақти хайрухуш Мунисаро бӯсидааст. Баъди шунавидани ин суханҳо хун ба сарам заду чипта гирифта, ба ватан омадам. Аз бозгаштам касе хабар надошт. Якчанд рӯз дар меҳмонхона хуфтухез намуда, Мунисаро пойидам. Маълум шуд, ки Қурбон рост мегуфтааст.

Ба хона омада, ҳамаашро ба падарам нақл карда, гуфтам, ки “ман дигар бо ҷияни сабукпоятон зиндагӣ намекунам”, аммо падарам боз ҳамон суханҳояшро такрор кард. Чизу чораамро гирифта, аз хона рафтаму дар пойтахт хонаеро ба иҷора гирифтам. Баъди якчанд рӯз оташи ғазаби падарам паст шуду пурсида – пурсида ба хонаам омад. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки бисёр ғамгин аст. Насиҳати дурударозе намуду ба хона баргаштанамро хост. Ночор ҳамроҳаш баргаштам, зеро намехостам дар дами пирӣ аз ман хафа бошад.


ҶАЗОИ ДОМОДИ ДУХТАРБОЗ


 

Нисбат ба Муниса беэътиборона муносибат доштам. Ба як ширкати роҳсозӣ ба кор даромадам. Маошам хуб буд. Оҳиста – оҳиста худамро ба даст гирифта, зиндагии хубро сар кардам. Девонагиро бас кардаму дар назди худ мақсад гузоштам, ки бо Муниса ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ мекунам. Бегоҳ ин фикрамро ба падарам гуфтам. Ӯ ҳам инро маъқул кард. Баъди чанд рӯз кӯчида ба хонаи харидаи падарам, ба маркази пойтахт рафтем. Аз дасти ҳамсарам коре намеомад. Азбаски бисёр сарватманд будем, хизматгор киро кардам. Ӯ мисли малика рӯз то бегоҳ дар қаср машғули дугонабозию кайфу сафо буд.

Якчанд маротиба аз ҷайбам пулҳо гум шуданд. Ҳамеша Мӯниса хизматгоронро гунаҳкор намуда, онҳоро аз хона пеш мекард. Ҷонам ба лаб расиду ба хона камераи мушоҳидавӣ шинондам. Як рӯз боз пулам гум шуд. Нав маошамро гирифта будаму дар ҷайбам 2,5 ҳазор сомонӣ доштам. Шаб вақте ҳамаро хоб бурд, наворҳоро тамошо карда, дуздро пайдо кардам. Ӯ ҳамсарам Муниса буд. Чун субҳ шуд мисли ҳаррӯза рафтор намудам. Наҳорӣ карда, ба кор рафтам. Қарибиҳои бегоҳ ба Муниса занг зада, гуфтам, ки “маро якҳафтаина ба Хитой фиристода истодаанд, бинобар ин ба хона омада наметавонам”. Дар асл ин гапам дурӯғ буд, чунки маро ба ҷое намефиристоданд. Сабаби дурӯғгӯӣ пойидани занам шуд, зеро маълум буд, ки то ҳол ӯ аз корҳои бадаш даст кашидан намехост.

Аз ҳамсояи рӯбарӯям, ки Қурбони ҳамсинфам буд, хостам маро ба хонааш иҷорашин кунаду ин сирро ба касе нагӯяд. Субҳ надамида ба кор мерафтаму нисфи шаб бармегаштам. Ҳамчунин, аз Қурбон хоҳиш кардам, то рафтори Мунисаро назорат кунад. Баъд аз 3 рӯз шабе Қурбон занг заду гуфт, ки ҳамон марди мошиндор боз омадаасту айни ҳол дар хонаам аст. Рост ба хона омадам. Вақте дарро кушода, вориди хона шудам, занамро бо он мард дар рӯйи бистарам лучи модарзод дидам. Занам аз шарм ба пушти он мард пинҳон шуд. Мард бошад ба ман таҳдид мекард, ки агар ба касе гӯйӣ туро ҳамроҳи оилаат нест мекунам. Дилам аз зиндагӣ комилан сард шуд. Занамро талоқ додаму рост ба назди падарам омадам. Воқеаро нақл кардам. Ин дафъа ихтиёрро ба худам гузошт. Чипта харида ба Олмон рафтам. Қариб 14 сол дар Олмон мондам. Ягона ҳамрозам Қурбон буд. Тез – тез занг мезад.

Як бегоҳ ӯ занг зада гуфт, ки Муниса ба шавҳар баромадааст. Хело хурсанд шудам. Ҳамин тавр, ӯ боз чор маротибаи дигар оиладор шуду як писар таваллуд кард. Амам дар ин миён вафот кард. Падари ман ҳам офтоби сари кӯҳро мемонд. Як саҳар модарам занг заду хабар дод, ки падарам дар сакароти марг аст ва ҳамеша маро мепурсад. Худи ҳамон рӯз ба хона баргаштам. Падарамро ниммурда ёфтам. Ӯ базӯр нафас мегирифт. Дасташро ба сарам гузошту ба рӯям нигоҳи дурударозе кард. Баъдан, оҳиста оҳиста ба гап даромад:

- Писари азизам, Маҳмудҷон! Маро бубахш, ки дар вақташ хато карда, зомини бахти ту шудам. Акнун дигар сарсарӣ нагард. Оиладор шуда, чароғи хонаи маро фурӯзон кун. Мехоҳам, ки модарат лаззати набераро бинад. Ман дида натавонистам. Маро бубахш!

Инро гуфту падарам ҷон дод. Баъди сари ӯ бо ту оиладор шудам. Бисёр хушбахтам, ки ту ва 3 фарзанди дустрӯякамро дорам. Якчанд маротиба Мунисаро суроғ кардам ва хостам, ки ба хотири амаам кӯмакаш кунам. Борҳо барояш пул фиристодам. Баъдан, фаҳмидам, ки то ҳол аз корҳояш даст накашидаасту фоҳишаи гузарое шуда мондааст.

Бо писараш шинос шудам. Номаш Азиз будааст. Дувоздаҳсола аст, аммо авбоши таппа - тайёр. Ин саҳар Қурбон занг зада, гуфт, ки Азиз дар ҳолати мастӣ модараш Мунисаро бо табар реза реза кардааст. Вақте кормандони орган сабабашро пурсидаанд, Азиз ҷавоб додааст, ки модараш фоҳиша буд ва ӯ чунин модар доштанро намехостааст, бинобар ин ӯро кушт. Акнун, аз ту хоҳиш мекунам, ки ба хотири арвоҳи падару амаам, биё, ба ҷанозааш равем.

Фараҳноз медид, ки шавҳараш ин ҳамаро бо сӯзу гудоз нақл мекунад. Дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт. Донаҳои ашки сӯзони бари рӯйи Маҳмудро тоза карду ӯро ба оғӯш гирифт ва гуфт:

- Маҳмудҷон, азизам, асло ғамгин нашавед! Медонам, ки бароятон ин ҳама мушкил аст. Акнун, ман ҳастам, фарзандонатон ҳастанд. Оқибат Муниса ба ҷазояш расид. Сазои хиёнат ҳамин аст, ҷонам. Ҳаққи намаки шумо ӯро гирифт. Биёед, хезед, якҷоя меравем. Ҳарчӣ ҳам набошад, ӯ духтари амаатон буд. Ба хотири шод намудани рӯҳи аммаву тағоям рафта дар ҳаққаш дуои хайр мекунем.

Маҳмуд ҳам ҳамсарашро ба оғӯш гирифта, мегирист, зеро дар зиндагӣ азоби зиёде кашида буд. Ӯ хурсанд буд, ки оқибат Муниса ҷазояшро гирифт. Аммо дилаш ба ҳоли Азизи хурдсол месӯхт. Охир, ӯ чӣ гуноҳ дошт? Чаро ҳаёт ба ӯ раҳм накарду аз кӯдакӣ рӯзи хушаш надод? Бо ин ҳама саволҳои беҷавоб Маҳмуд аз ҷой хесту ҳамроҳ бо занаш Фараҳноз аз хона баромад.

P. S: Қисса воқеист. Танҳо бо сабабҳои ахлоқӣ номи қаҳрамонҳо иваз шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД