Шукрона ҳамагӣ 21-сол дорад, вале дар умри кӯтоҳаш он қадар аз тақдир ҷабру ҷафо дидааст, ки ногуфтанӣ.
Дар дил ҳавасҳои зиёде дошт ин нозанин, аммо волидонаш ба рӯйи орзуҳои ширини ӯ хати батлон кашида, пас аз хатми мактаб дарҳол Шукронаро ба шавҳар доданд. Дар тан куртаи сафеди арӯсӣ ӯ ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ба хонаи бахт не, ба ҷаҳаннамаш мебаранд...
Мехоҳед донед, ки ин тоҷикдухтари абрӯкамон арӯси хонаводаи ӯзбек гашта, чӣ рӯзҳои талхеро аз сар гузаронидааст?
Донистан мехоҳед, ки чаро хушдомани лаққаяш ба келини тоҷик нафрат дошт?
Шавҳараш Шукронаро зери мушту лагад гирифта аз ӯ чӣ талаб мекард?
Ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб гирифтану аз сарнавишти талхи ин духтараки хатлонӣ бохабар шудан хоҳед, қиссаи зиндагии Шукронаро аз забони худаш бишнавед!