Sebiston new 2024 october
Оҳи дили духтари амаам маро бадбахт кард
2531

 

 

Бо якдигар чунон одат карда будем, ки ногуфтанӣ. Дӯстии ману Ҳадиса оҳиста-оҳиста ба ишқу муҳаббат табдил ёфт. Муҳаббати поку самимӣ. Рӯзе бо Ҳадиса барои харидани сабзавот ба бозор рафтем. Ҳангоми бозгашт базӯр ҷуръат карда гуфтам:

-Ҳадиса, ман туро дӯст медорам. Аз ту ҷудо будан бароям душвор аст.

Ҳадиса шармида зери лаб ғурунгид:

-Шояд бародарона бошад?

Сар ҷумбонда гуфтам:

-Не, ман мехоҳам бо ту хонадор шавам. Муҳаббати маро қабул мекунӣ ё не?

Дар лабони Ҳадиса табассуми зебое гул кард ва «инро баъд маслиҳат мекунем Диловар, ҳоло бояд зудтар равем, модарам интизор аст» гӯён, осемасар роҳашро идома дод.

Аз шодию фараҳ дилам дар қафаси сина пар-пар мезад.

 

Насиҳат

Аз байн чанд рӯз гузашт ва як саҳар амаам мароба наздаш хонда гуфт:

-Медонам, ки Ҳадисаи маро дӯст медорӣ Диловарҷон, вале аз гуфтан шарм медорӣ. Дишаб дар хонаатон оиди хонадоркунии ту маслиҳат карданд. Хостам ба падару модарат бигӯям, ки ба Ҳадиса дил бастаӣ, вале забонам пеш нарафт. Шарм доштам. Бо Ҳадиса хонадор шудан хоҳӣ, худат рафта бо онҳо маслиҳат кун, бачаҷон!

 Исёни модар

Падарам гӯё аз рози дили ман бохабар бошад, ҳамон бегоҳ дар сари дастурхон андешамандона гуфт:

-Диловарҷон, писарам мо бояд туро хонадор кунем. Донишгоҳро ҳам хатм карда, соҳиби диплом ва касбу кор шудӣ, акнун бояд аз паси зиндагиат шавӣ бачам, агар ягон духтари дӯстдошта надошта бошӣ, пагоҳ рафта келини таги чашм кардаи модаратро бубин, то ки аз паси тӯй шавем.

-Ман духтари аммаам Ҳадисаро дӯст медорам. Мехоҳам бо вай хонадор шавам,-гуфтам дар ҷавоб.

Бо шунидани ин гап модарам чунон ба ғазаб омад, ки рухсораҳояш оташ гирифтанд ва сари по хеста бо тамоми овоз дод зад:

-Номаъқул кардӣ! Ман аз хеш келин намекунам. Аз шумо фарзанди солим ба дунё намеояд!

Дунё дар назарам тираю торик гашта бошад ҳам, дар ҷавоби модари якравам чи гуфтанамро надониста, сар ба зер афкандам. Ҳайрон будам, ки акнун ба Ҳадисаю амаам чӣ мегӯям.

 Арӯсбинӣ

Субҳи барвақт бо мошини падарам ба дидани арӯси таги чашм кардаи модарам рафтем. Ман дар мошин нишастаму модарам ба ҳавлии қудошаванда даромад. Дере нагузашта онҳо модарамро гуселкунӣ баромаданд. Духтар ҳамроҳи модараш аз паси модарам барои гусел баромада буд, то ман ӯро дида маъқул кунам. Ростӣ, арӯси ёфтаи модарам ягон айб надошт. «Маъқул шуд, писарам?» пурсид модарам баробари ба мошин нишастан. «Ба ман фарқ надорад, эҳтироми шумову падарамро ба ҷо биёрад, басанда аст» гуфта, оҳи сард кашидам.

 Алвидоъ, эй ёри ширин!

Бегоҳ ба шаҳр барои овардани либосҳоям рафтам ва воқеаро ба аммаам нақл карда, узр хостам.

-Писарам, модари ту аз давраи арӯсиаш бо ман муносибатҳои хуб надошт, барои ҳамин хешу табориро баҳона кардааст,-гуфта оҳи сард кашид ва ҷомадони либосҳоямро наздам гузошт.

Барои хайрухуш ба назди Ҳадиса даромадам ва пеши пояш афтида тавалло намудам:

-Ҳадисаҷон, барои туро дар нимароҳ гузоштанам маро бубахш! Муҳаббати мо то ҳамин ҷо будааст.

Ҳадиса зор-зор мегирист, вале чизе намегуфт. Ба дидани ашки чашмонаш тоқат карда натавониста аз хона баромадам ва бо дли пурғам роҳи деҳаро пеш гирифтам.

 

Қонуни зиндагонӣ

Пас аз як моҳ тӯи бодабдабае барпо намуда арӯсро ба хона овардем. Ман хуб мефаҳмидам, ки акнун бояд ишқамро дар дил гур кунам. Амаам ҳам пас аз ду моҳи тӯйи мо духтарашро ба як ҷавони зебои шаҳрӣ ба шавҳар доду умедам ба тамом канда шуд.

 


Бародарам Шаҳоб соҳиби замин ва хонаю дари обод буд,аммо намедонам ба зиндагии тенҷу осудааш чашми бад расид ё ин кори дасти душманонаш буд, ки ӯро бе ягон айбу гуноҳ якбора аз кор гирифтанд.

3xDym4VUnfVp9hWS6lVYVCvUqceHYAmA28BnWCR8_1


 

 Орзуҳои хокхӯрда

Хабари ҳомиладор шудани арӯсам Зебо маро ба зиндагӣ дилгарм намуд. Бо садҳо умеду орзуҳои ширин барои тифлакамон номи мувофиқ меҷустем, аммо дар моҳи ҳаштуми ҳомиладориаш Зебо кӯдаки мурда таваллуд кард. Ҳамсарам шабу рӯз гиря мекард, ман ӯро тасаллӣ медодам, ки ғам нахӯрад, ҳоло ҷавон ҳастем ва худо хоҳад боз соҳиби фарзанд мешавем, аммо...

 

Зебо боз 3 маротибаи дигар кӯдакони мурда зоид. Ӯро ба назди тамоми табибони машҳур бурда бошем ҳам, касе ба дардаш даво наёфт. Зану шавҳар ба мазорҳо рафта сар мезадему тавба мекардем, аммо оҳамон ба гӯши Парвардигор намерасад.

 

Аксар вақт фикр мекунам, ки оҳи дили Ҳадиса маро гирифт. Дар рӯйи модарам ин гапро ошкоро гуфта наметавонам, аммо дар дил танҳо ӯро сабаби бадбахтиҳои худ медонам. Модари якравам дар вақташ “ман аз хеш келин намегирам” гуфта, ду пояшро ба як мӯза намеандохт, шояд имрӯз ману ҳадиса соҳиби чанд фарзанд шуда, зиндагии хушбахтона ба сар мебурдем, вале афсӯс...

 Диловар, аз н. Ҳисор

Таҳияи Сурайё Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД