Сомонаи Оила маводеро таҳти унвони “Блогери тоҷикро барои бараҳнагӣ лату кӯб карданд?” нашр намуда буд, ки дар он сухан аз боби авҷ гирифтани тарғиби бараҳнагӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ мерафт.
Хабарнигорони сомонаи Оила аз пайдо шудани наворҳои духтарони нимурёни тоҷик дар сомонаҳои иҷтимоӣ бонги изтироб зада, ҷомеаро ҳушдор додан мехостанд, ки тарғиби бараҳнагӣ ба мафкураи ҷавонону наврасони тоҷик таъсири манфӣ расонида, боиси костагии ахлоқ мегарданд. Дар мавод таъкид шуда буд, ки ҷомеаи мо ҷомеаи суннатӣ буда, пайкари худро ба намоиш гузоштану тамоми “зебоӣ”-и баданашро нишон додан ба зан-духтари тоҷик ҳеҷ гоҳ зебанда нест, аммо...
Пас аз мутолиаи ин мавод яке аз тарғибгарони “зебоӣ” блогери ба қавли худаш хеле машҳур Ҷонон сахт ба ғазаб омада, бо кормандони сомонаи Oila.tj робита барқарор намуд. Ҷонон иддао дорад, ки сомона бидуни розигии ӯ ин маводро таҳия намудааст. Ин блогеридухтари “замонавӣ” таҳдид кардааст, ки дар сурати фавран тоза накардани мавод сомонаи Oila.tj -ро ба суд мекашад ва минбаъд намояндагони мақомот бо хабарнигорони мо гуфтугӯ хоҳанд кард.
Аввалан, ҳадаф аз таҳияи ин мавод танҳо Ҷонон набуд. Навори ин блогердухтар як мисоли оддӣ аст, аз садҳо наворҳои нимурёне, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд. Даҳҳо нафар духтарони тоҷик ба хотири гирифтани лайк ва афзун намудани сафи обуначиёни худ пайкарашонро ба намоиш мегузоранд. Магар чунин наворҳо боиси оҳиста-оҳиста аз байн рафтани одобу ахлоқи ҳамидаи тоҷикон, мардуми мусулмон намегарданд?!
ВАҚТЕ КИ ДУХТАРИ ТОҶИК БАДАНАШРО БА НАМОИШ МЕГУЗОРАД...
Дуюм: Хонум Ҷонон! Вақте ки навореро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунед, хоҳ-нохоҳ он ба тамоми ҷомеа дастрас мегардад ва ҳар як шахс ҳуқуқ дорад, ки нуқтаи назари худро(хоҳ бад бошаду хоҳ нек) нисбати он бигӯяд. Кормандони сомонаи Oila.tj танҳо назари худро нисбати наворҳои шумо баён намуданд.
Сеюм: Танқид аз таҳқир фарқи калон дорад. Дар маводе, ки мо ба табъ расонидем, ягон сухани таҳқиромез нисбати Ҷонон вуҷуд надорад. Мухбирони сомонаи Oila.tj танҳо ба либоспӯшии ин блогер эрод гирифта, ба зан-духтари тоҷик зебанда набудани чунин либосҳои нимурёнро баён намудаанд.
Чаҳорум:Кӣ кафолат медиҳад, ки баъди тамошои чунин наворҳо дигар духтарони тоҷик ба Ҷонон барин блогерҳо тақлид намуда, ба намоиш додани пайкари худ сар намекунанд?
Панҷум: Қисмати зиёди сокинони Тоҷикистон мусалмон ҳастанд ва хоҳ-нохоҳ мо бояд ба арзишҳои миллию динии худ арҷ гузорем. Дарҷи як маводи таҳлилӣ ва огоҳкунанда ба хотири пешгирӣ намудани тарғиби бараҳнагӣ дар ҷомеа магар ҷиноят аст?
Инак, мо мехоҳем назари хонандагони сомонаи Oila.tj ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро бидонем. Шояд, мо ин мавзӯъро кӣ пешгирии касодии ахлоқӣ ҳадафи он аст ба миён гузошта, ғалат кардем? Шояд мебоист, ки ин мавзӯъро мавриди муҳокима қарор надиҳем? Назари шумо чист, хонандагони азиз? Мо интизори андеша ва пешниҳодҳои шумо ҳастем.
Суханони навиштаи хонум Ҷонон: