Sebiston new 2024 october
Офатмо (қисми 2)
1859

Давомаш. Қисми аввалашро дар ин ҷо хонед.

- Ҳоло ин тавр гӯй,-мад кашид Гулбаҳор-хола,-ин мӯйсафеди гӯрсӯхта нағмаҳои нав баровардааст-ку!

- Худатон фикр кунед, агар зани дуюмаш набошад, аз куҷо медонад, ки он зан бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шудааст. Кӣ медонад, шояд ҳамон кӯдаки дар сари дасти зан буда ҳам аз шавҳари шумо бошад, охир мисли як себи дукафон ба бачаҳою набераҳоятон монанд буд!

Ин гапро шунида, Гулбаҳор-хола мисли гулхан бештар аланга гирифт ва қасам болои қасам хӯрд, ки ин корро ҳамту намемонад. “Ҳоло ист пиракии беимон, гӯратро бо ду дасти худам меканам” ба мисли модашер худ ба худ меғӯррид Гулбаҳор-хола ва базӯр худашро аз гиря нигоҳ дошта, кунҷковӣ кард:

- Хона чӣ шуд? Хонаро савдо карда гирифтанд?

 

- Не, ба он таннозхон хонае, ки ҳаммомаш дар дарунаш набошад, маъқул набудааст. Хонаи апаамро маъқул накарданд, лекин боварӣ дорам, ки шӯятон барои зани нозукбаданаш аз шаҳр хона харида медиҳад. Ана мебинед!    

- Хона мехаридааст! Дар ҳамон хонаи харидааш худашро бо занаш зинда ба зинда гӯр мекунам! Ҳоло бо собуни ман ҷомашӯӣ накардааст ин пирхари занбоз!-Дандонҳояш ғиҷиррос зада, таҳдид кард зан, ки аз аз шиддати қаҳру ғазаб меларзид.

- Албатта лаҷоми мӯйсафедатонро кашед, вагарна кадом рӯз хонаву даратонро ба номи зани дуюмаш мекунад ва шумо бо келину набераҳоятон дар кӯча мемонед,-инро гуфта, Офатмоҳ оташи сӯзони рашкро дар дили соҳибхоназан фурӯзон намуда, қаноатмандона аз ҷояш бархост ва вақти рафтан таъкид кард:

-Мабодо ба шавҳаратон нагӯед, ки ин гапҳоро аз ман шунидед, охир ман ба хотири ҳамсоягӣ, аз рӯйи раҳм ин хабарро ба шумо расондам, ки ҳушёр шавед!

-Хуб кардӣ, ки гуфтӣ, набошад, ин пиракии ғар бисёр номаъқулиҳо мекард. Натарс, ба пиракӣ намегӯям, ки ту ба хонаи мо омада будӣ. Ман аз ту як курта қарздор духтарам,-Гулбаҳорхола ҳамсоядухтарро то таги дар гусел карда, дилпураш намуд, ки хабаркашиашро ба касе намегӯяд, вале...

Шӯри қиёмат

Офатмоҳ, ки номи аслиаш Саида бошад ҳам, аҳли маҳалла барои хабаркашию гапчинӣ ва шӯрандозиаш ба ӯ “Офатмоҳ” лақаб ниҳода буданд, бо хабари шуми овардааш дар дили Гулбаҳор-хола гӯё оташи сӯзони ҷаҳаннамро рӯшан карда рафт. Тамоми вуҷуди ин зани синну солаш ба ҷое расида аз рашку алам месӯхт ва ҳеҷ намедонист оташи дарунашро чӣ тавр хомӯш созад.

Одатан шӯхию бозии набераҳои дӯстрӯякашро дида, вай курта-курта гӯшт мегирифт, вале имрӯз ҳатто ширинзабонии ин тифлакони ширинрӯй ҳам ба гӯшаш намефорид. Дар дилаш шӯри қиёмат барпо шуда, на як лаҳза ҷое ором нишаста метавонист ва на дасташ ба коре пеш мерафт. Гулбаҳор-хола хаёлан бо ҳамсараш моҷаро намуда, худ ба худ ғурунгос мезад:

“Садқаи одаму одамгарӣ шавӣ, пирхари гӯрсӯхта! Ту аз аввал муносиби ман набудӣ, вале мани аблаҳ риштаи тақдирамро бо ту пайваста, ҳаётамро бо дасти худам сӯхтам. Ман, як зани гул барин зебо ва ба мисли барф сафед ҷавониамро, тамоми ҳастиамро ба ту, мазанги сиёҳ бахшидам, як умр ба мисли чӯрӣ хизмататро карда, бароят ҳафт фарзанди солеҳ ба дунё овардам. Дастамро оташкову мӯямро ҷорӯб карда, хонаву даратро умре гӯё бо забонам лесида тоза мекардам. Намемондам, ки ба либосат ҳатто як гард бишинад. Ҳамеша либосҳоят тозаву озода, дарзмол кардагӣ, кафшҳоятро то яллақосӣ шудан пок мекардам, то “ин мардак зан надорад чӣ” нагӯянд. Солҳои дароз ба мисли канизак хизмати падару модар ва хоҳару додаронатро карда, ҳатто як бор ҳам лаб ба шиква накушодам. Мани аҳмақ шавҳари чашм кушода дидаам гӯён, то имрӯз фақат дар фикри ту ҳастам, ҳамеша ғаматро мехӯрам, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан ту ҷӯгӣ боз дар болои ман зан мегирӣ-а?! Ҳоло ист, рӯзатро сиёҳ накунам, аз пушти падарам нашуда бошам...”

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД