-Янгаи Гулбаҳор, як гап мезанам, лекин қасам хӯр, ки аз ман хафа намешавӣ?-Офатмоҳ ҳашту пашткунон аз дарвозаи хонаи ҳамсоя даромад ва ҳатто қарзи парвардигор-салом доданро нася гузошта, тунугчаи ғайбатро боз кард.
Гулбаҳор-хола ба ташвиш афтида пурсид:
-Тинҷӣ аст, духтар? Ягон ҳодисаи даҳшатнок рӯй додааст чӣ?!
-Аз ин даҳшатноктар дигар чӣ гап шуда метавонад, янгаи Гулбаҳор, охир ин шавҳари хаппаки таги тапаки ту зан доштааст. Зани дуюм!
Бо шунидани ин хабари шум чашмони Гулбаҳор-хола қариб аз косахонаи сараш зада баромаданд ва нобоварона пурсид:
-Чӣ?! Ту чиҳо гуфта истодаӣ, духтар?!
-Мегӯям, ки шӯятон дар болои шумо зан гирифтааст!
-Ҳуш дорӣ, ки чиҳо гуфта истодаӣ, охир шавҳари ман бачаи дирӯза не, як мардаки каппа калони синну солаш ба ҷое расидагӣ, келиндору наберадор аст,-бовараш наомада, пичиррос зад Гулбаҳор-хола.
-Эй занаки сода, ҳама бало аз таги пойи ҳамин пирхарҳо мехезад?! Беҳуда “пирию хартозӣ” нагуфтаанд, ин мардҳо пир, ки шуданд, баъд ёлу дум бароварда, зангиру оимбоз мешаванд. Дилашон зани ҷавону айшу ишрат мехоҳад...
-Эй нее, мӯйсафеди ман чунин одам нест! Агар занбозӣ мекард, дар давраи ҷавониаш мекард. Пояш ба лаби гӯр расидааст, наход, ки дар ҳамин синну сол...
-Мегум аҷаб занаки содафеъле ҳастӣ, янгаи Гулбаҳор! Ман мегӯям, ки шавҳарат дар болоят зан гирифтааст, вале ту ба ҷойи таноби шӯйи оимбозатро кашидан, боз тарафашро гирифта “мардаки ман занбоз нест” мегӯӣ. Ба ҷойи ту зани дигар мешуд, гӯри чунин мардро зинда ба зинда меканд,-лабашро бурма карда, ба ту-ту гузашт Офатмоҳ.
-Зан гирифтани шӯйи маро кӣ ба ту гуфт?-кунҷковӣ кард соҳибхона.
-Худам дидам. Бо ана ҳамин ду чашмакам дидам,-рост ба чашмони Гулбаҳор-хола нигарист ҳамсоядухтар.
Ба дили Гулбаҳор-хола якбора алав афтида, саросемавор ба пурсуҷӯ даромад:
-Дар куҷо дидӣ? Кай дидӣ?
-Ҳафтаи гузашта ба хонаи апаам меҳмонӣ рафта будам. Ба наздикӣ апаам тӯй дорад, барои ҳамин хоҳиш кард, ки рафта дар шустани қолину палос ва тоза кардани хонаҳояш камтар ба вай ёрӣ диҳам...
-Ту ин гапҳоро мону гӯй, ки мӯйсафеди маро кай ва бо кӣ дидӣ?-дилтанг шуд Гулбаҳор-хола, ки дигар ба гӯшаш ҳатто овози булбул ҳам намефорид.
-Камтар тоқат кунед, о ман ҳам ҳамон қиссаро нақл карда истодаам,-норозиёна ба ҳамсоязан нигарист Офатмоҳ.
-Мебахшӣ духтарам, хабари зангирии мӯйсафедамро шинида, беқарор шудам-дия! Хуш, баъд чӣ шуд?-узрхоҳӣ кард ҳамсоязан.
-Гуфтам-ку апаам тӯй дорад, келин мефарорад, барои ҳамин як қисми заминашро бо ду дар хона ба фурӯш гузоштааст. Дирӯз ҳамакаса дар рӯйи кат нишаста, шакароб мехӯрдем, ки баногоҳ шавҳари шумо бо як ҷавонзани мисли хода дароз аз дарвоза даромаданд. Дар дасти зан як писарчаи тахминан яксола ё якунимсола ҳам буд. Маро дида ранги шӯйи занбозатон пахта барин парид, лекин сир бой надода, гуфт, ки ҳамин занак хонахар будааст, ман хонаи шуморо нишон додам, агар гапатон пазад, кори савоб мешавад...
-Шояд дар ҳақиқат ягон зани роҳгузар бошад ва мардаки ман барои савоб шуда...
-Эй занаки сода, магар дар ин замона касе барои савоб шуда, аз пушти як зани бегона дар ба дар мегардад?! Аниқ ҳамон ходаи дароз зани дуюмаш аст, лекин маро дида, шӯйи занҷаллоби шумо талахкаф шуд, ки мабодо рафта, ба занам нагӯяд. Барои ҳамин ин афсонаро бофта баровард, ки гӯё он занакро намешиносаду барои савоб кӯмак кардан хостааст, лекин хестааст, ки хоб аст. Ман аз он духтарҳои содае нестам, ки ба чунин афсонаҳо бовар мекунанд.

ДАвом дорад