Рӯзи корӣ ба охир мерасид, компютерамро хомӯш карда аз утоқ берун шуданӣ будам, ки занги телефон садо дод. Гӯширо бардоштаму бо шунидани садои гиряи зане, ки баъдан 45-сола буданаш аёнам гашт, маро ба изтироб овард.
Дар ҷавонӣ дар ҳусну ҷамол ҳамто надоштам. Бо шавҳарам якдигарро дӯст дошта оила бунёд карда будем. Бо ба дунё омадани фарзандонамон шавҳарам мисли дигар мардони ҳамватан бо сабаби танқисии рӯзгор ба Русия сафар намуд. Ҳаждаҳ сол мешавад, ки ӯ дур аз мову аз Ватан дар мулки бегона зиндагӣ мекунад. То чор-панҷ соли охир соле як маротиба ба хабаргириамон меомад. Азбаски кӯдакон хурд буданд, бо тарбияву нигоҳубинашон машғул шуда, чӣ тавр шаш фарзандро ба воя расонидам, худам бехабар мондам. Ҳар дафъае, ки мардакам аз Русия меомад, таъкид мекардам, ки боз домони занҳои русро нагирад. Шавҳари намозхону худотарсам бо Қуръон қасам хурда диламро пур мекард, ки ҳеҷ гоҳ ба чунин роҳ нахоҳад рафт.
ЗАРРИНА, ЗАНИ МУҲОҶИРИ ГУМНОМ: АЗ ДАСТИ ДОДАРШӮЙ ХУДРО БО СЕ ФАРЗАНДАМ ОТАШ МЕЗАНАМ!
Вақтҳои охир дар муносибату рафтори шавҳарам, ки айни замон ба 54 қадам мениҳад, сардиву як навъ бегонагиро пай бурда, дилам аз пешомади баде гувоҳӣ доду маҷбур ба наздаш ба Русия рафтам. Барои он ки аз сиру асрораш пай набарам, ноилоҷ маро ба хонааш бурд. Дар Русия шубҳаву гумонҳоям нисбати бевафоии шавҳарам зиёдтар гашта, шоме мунтазир шудам, ки хобаш бараду телефонашро тафтиш намоям. Вақте аз хобиданаш дилпур гаштам, телефони ӯро гирифта, ба саҳифаи паёмакҳо ворид шудаму ҳуш аз сарам парид. Шавҳарам бо Юля ном зани руси қариб 20-сол аз худаш хурд муносибати маҳрамона доштааст. Ин марди мусулмону боимон дар яке аз паёмакҳояш дар ҷавоб ба паёмаки ин зани беҳаё чунон суханоне навиштааст, ки ба гуфтанаш забони кас намегардад. Он рӯз бадтарин рӯзи умри ман буд, аз дарду алам ба худ ҷои нишаст намеёфтам. Ба Худованд рӯ оварда мепурсидам, ки чаро, барои кадом гуноҳам ин рӯзҳо ба сарам омаданд, охир дар ин 18 сари сол бо андешаи он ки шавҳарам несту мабодо мардум дар бораам фикри баде накунанд, қадами ноҷое нагузоштам. Пайваста аз пайи тарбияи фарзандон, чашм ба роҳи шавҳар будам. Наход подоши ин қадар роҳпоиву садоқат чунин номардӣ бошад? з номардиҳои қисмат, аз ноодамиҳои падари фарзандонам дарун ба дарун сӯхта бемор шудам. Дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрон мондааам. Намедонам аз шавҳарам ҷудо шавам ё не? Илтимос ба ман маслиҳати худро дареғ надоред. Ман ба дастгирии шумо сахт ниёз дорам.
Дар паноҳи Худо бошед!