Formula novemver 2024
“Нянка”-и сарвайрон
2559

Дирӯз яке аз истифодабарандагони фаъоли интернет бо исми Умари Фаррух дар саҳифаи фейбускии худ навори видеоиеро пахш намуд, ки бо диданаш кас ба даҳшат меафтад.

Дар ин навор як зани сияҳмӯй, ки ба занҳои Осиёи монандӣ дошта, доя нянка буданаш айён мебошад, як кӯдаки тахминан 1 -соларо бераҳмона мезанад. Гуноҳи ин кудаки маъсум ҳамин аст, ки "памперс"-уребчаашро тар кардааст. Ин дояи сарвайрон памперси кудакро бо нафрат иваз карда истода, бо муштҳои оҳанинаш чунон ба шиками тифлаки бечора сахт- сахт мезанад, ки доду фиғони ин духтарчаи маъсум ба фалак мепечад. Қаҳри доя бо мушткорӣ кардани кӯдак паст нашуда, дар охири навор ин тифлаки бепушту паноҳро бо либоси танаш буғӣ мекунад. ...

Бо тамошои ин навор ба тани кас мурғак медамад, ки наход зан нисбати як тифли бегуноҳ ин қадар бераҳмона рафтор намояд. Ирӯзҳо аксари занон тоҷик низ ба хотири пеш бурдани зиндагияшон тифлакони хурдсоли худро ба дасти доя- някнка супурида ба кор мебароянд. Мо ба чунин модарон маслиҳат медиҳем, ки дар интихоби доя ҳушёр бошанд ва нафаҳмидаву насанҷида фарзанди худро ба дасти чунин дояҳои сарвайрон насупоранд.
Фаромуш накунед, ки зани бегона ҳеҷ гоҳ ба фарзанди шумо модари ғамхор шуда наметавонад.


Аввалҳо беаҳамиятӣ карда, ба бемориаш чандон аҳамият намедод, рафта-рафта касалӣ куҳна шуду Акрамро аз по афтонд. Ҷавони чилсолаи бемору афгор маҷбур бо тани дардманд ба хонааш баргашт.


Дар ватани мо низ чунин дояҳои бераҳму худобехабар ҳастанд, масалан зане аз маҳалаи 102- и пойтахт чанде пеш нақл карда буд, ки кӯдаки дусолаашро ба доя супорида, сахт пушаймон шудааст. Аз рӯи гуфти ин зан доя кӯдакро мезадааст ё бо ӯ чунон муносибати бераҳмона мекардааст, ки тифлаки бечора аз тарс гунг шудааст. Имруз ин зан бо чашми гирён дар ба дари беморхонаҳо гашта, ба дарди писарчаи ягонааш дармон меҷӯяд, вале....
Бори дигар таъкид мекунем, ки дар интихоби доя ҳушёр бошед ва аз чунин нянкаҳои сарвайрон фарзандонатонро дур нигоҳ доред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД