Sebiston new 2024 october
Найрангҳои хонадомод (ҚИСМИ 1)
2227

Кампири Озода бо духтари ягонааш Шаҳло дар деҳа рӯзгори осоишта доштанд. Модару духтар як гови ширдеҳ доштанд, ки бо туфайли он дастархонашон доимо пур аз ширу қаймоқ, чаккаву маска ва нону кулчаҳои ширмол буд.

Кампир ягона нури чашмаш, ҷигарбандаш, духтари ягонааш Шаҳлоро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошту барояш тамоми шароитҳоро муҳаё мекард. Орзу дошт, ки ягона нишонааш дар дунё, духтараки нозанинаш хонда, маълумот гираду баъди сари модар дар зиндагӣ азоб накашад. Охир, баъди интизориҳои зиёд ва кӯшишу талошҳо, баъд аз 20 соли зиндагӣ бо шавҳараш дар синни 38-солагӣ духтаракашро ба дунё оварду зиндагиаш аз нав рангу бӯи тоза пайдо кард. Мӯйсафедаш бармаҳал аз дунё чашм пӯшиду онҳоро танҳо гузошт.

Шаҳло дар ҳусну ҷамол ва одобу ахлоқ нотакрор набошад ҳам, духтари бад набуд ва модар шукрона мекард. Фарзандашро насиҳат мекард, ки бисёртар хонаду маълумот гирад, вале духтарак бештар ба зиндагии муосираш майл дошт, фикри ояндаашро кам мекард.

Баъд аз хатми мактаб талабгорони Шаҳло кам набуданд, вале ӯ ба ягон нафари онҳо розигӣ ҳам намедоду ба хондан ҳам рафтан нахост. Ниҳоят бо як ҷавони ятими бехонаву дар ва дар дасти амакҳояш ба воя расидае аҳди муҳаббат басту қарор дод, ки бо вай оиладор шуда, хонадомод мекунанд. Ӯ матлабашро ба модар гуфту холаи Озода низ бе ягон дудилагӣ талаби фарзанди ягонаашро қабул кард. Холаи Озода аз ҳисоби худаш ҳамаи харҷу хароҷоти тӯйро хурсандона карда, Рустамро чун фарзандаш ба оғӯш гирифта, модарвор ба хонааш оварду хонадомод кард.

Ҷабру ҷафои домод

Баъд аз тӯй зиндагии холаи Озода тамоман ранги дигар гирифт. Домоди бо сад орзуву ҳавас овардааш тамоман хушдоманро эҳтиром намекард ва ҳатто будан ё набуданаш барои домод фарқе надошт. Сараввал модар дар хонаи худаш хӯҷаиниро тамоман аз даст дод. Домод хонаҳои ҳамроҳи шавҳараш сохтаи кампирро чаппа карда, бераҳмона дарахтҳои дастпарвари шавҳари марҳумашро, ки барояш азиз буданд, буридан гирифт. Кампири Озода аз ин рафтори домодаш дарун ба дарун месӯхт, вале ба хотири духтараки ягонааш тамоман гап намезад ва ҳатто норозигӣ ҳам баён намекард.

Ҷавонон масти висоли якдигар ба модар тамоман аҳамият намедоданд, гӯё Озода дар дунё тамоман вуҷуд надошт. Кампир шустушӯи либос, рӯбучини хонаву пухтупази хӯрок, хулоса тамоми рӯзгордориро ба уҳда гирифта, ба як дастгоҳ, яъне роботе табдил ёфта буд, ки ҳатто касе ба саволҳои зарураш ҷавоб ҳам намедод. Холаи Озода ҳайрон монда буд, ки ба духтараш чӣ шуда бошад.

Ниҳоят баъд аз тавлиди набераи нахустинаш домод ба холаи Озода ҷабру ҷафоро сар кард. Рустам дар ҳолати иҷро набудани ягон кори хона беибо хушдоманашро дашном медод ва ҳатто мезад. Духтараш бошад, тарафи шавҳарашро гирифта, мегуфт, ки “айби худат шуд, охир медонӣ, ки шавҳарам асабӣ аст, гапашро нагардон!”.

Шаҳло субҳи барвақт ба кор мерафту бегоҳ бармегашт. Кору бори хона ва нигоҳубини тифлак ба дӯши модар буд, мабодо агар куртаи Рустам дарзмол накарда монад, кампирро домодаш мезад. Шаҳло чизе намегуфт, баръакс модарашро сарзаниш карда мегуфт, ки “мурдаву зиндаат дар гардани ҳамин бача аст, рӯз то бегоҳ дар хона хоб меравӣ, ҳамин як куртаро ҳам дарзмол мекардӣ, шатта намехӯрдӣ!”.

Харбуза аз харбуза ранг мегирад

Ҳамин тавр, рӯзҳо пайи ҳам мегузаштанду модари бечора рӯз то бегоҳ кору бори хонаро сарришта мекарду набераҳояшро нигоҳубин, вале ҳар бегоҳ гапҳои қабеҳу дашном мешунид. Кампир кайҳо аз ин ғурбатхона безор шуда буд, вале илоҷи дигар надошт. Ӯ набераҳояшро низ чун гавҳараки чашм ба воя расонид, вале беҳуда нагуфтаанд, ки харбуза аз харбуза ранг мегирад. Се писар ва як духтари Шаҳло соҳиби хонаву дар шуданд, аммо ягонтояш боре нагуфт, ки бибиамро худам ба хона мебараму аз ҷабру ҷафо мераҳонам.

Сафиаллоҳ ҚУРБОН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД