Arzon march 2024
Нархи ишқварзӣ бо зебосанамҳо чанд аст?
5777

Бисёриҳо ба занону духтарони зебою машҳуре, ки ҳамеша худро мисли лухтак орову торо дода, бо мошинҳои қимматбаҳо мегарданд ва ҳаёти шоҳона ба сар мебаранд, бо чашми ҳавас менигаранд.  

Карру фари ин тоифаи занонро дида, кас онҳоро малика гумон мекунад, аммо дар паси пардаи шӯҳрату дороии ин тоифаи занон розҳои нангини зиёде ниҳон аст...

Модели машҳури сомонаи Инстаграм Кира Майер, қариб ҳар ҳафта дар саҳифааш аксҳои навашро аз истироҳатгоҳ ва меҳмонхонаҳои боҳашамат мегузорад. Кира гоҳ аксҳои урёнашро дар Инстаграм гузошта, зебоии баданашро намоиш медиҳад, гоҳи дигар либосҳои гаронбаҳояшро тарғиб намуда, бо ҳамин роҳ зиндагии шоҳона дошташаро нишон додан мехоҳад. Дар зери аксу видеоҳояш обуначиёнаш “коментария”-ҳои зиёде навишта, аз ӯ пурсон мешаванд, ки бо кадом роҳ соҳиби чунин либосу пойафзолҳои зебо ва ин қадар хонаю дари боҳашаммату мошини қимматбаҳо гаштааст.



Дар ҷавоб модел ҳамеша бо ифтихр мегуфт, ки дӯстдоштааш миллионер аст ва барои ӯ чизеро дареғ намедорад, аммо чанде пеш хабари фоҳиша будани ин блогери машҳур дар тамоми сомонаҳои интернетӣ барқсон паҳн гашт. Ба қавле Кира намояндаи худро дорад, ки бар ивази маблағи калон ӯро ба мардҳои сарватманд мефурӯшад.


Чанд бор гуфтам, ки ба назди духтур рафта табобат бигирад, аммо бо шунидани ин суханон шавҳарам ба ғазаб омада дод мезад, ки ягон мушкили мардона надорад, кадом вақте ки дилаш хост, ҳамон вақт ба ман наздик мешавад…


Ҷадвали мулоқотҳои Кираро чанд моҳ пеш ба нақша гирифтаанд. Дар сайте, ки ҷадвали мулоқотҳои Кираро ҷойгир кардаанд, ҳамзамон шумо метавонед бо киҳо мулоқотҳои ошиқона гузаронидан ва нархи боз чанд нафар ҳунарпеша, овозхон ва ровиёни машҳурро пайдо намоед. Аз ҷумла Даря Дзузяк, модели машҳур ва овозхони боистеъдод дар феҳристи ин фоҳишаҳо қарор дорад. Чанде пеш Даря аз шавҳараш Александр Серов фарзанд интизор буд, аммо имрӯз мардҳои сарватманд ӯро бо нархи 2500 доллар харида метавонанд. 

Блогерҳои зебову машҳури дунё боз ба чи корҳо машғуланд ва чигуна соҳиби миллионҳо мешаванд? Минебаъд мо дар ин бора ба шумо маълумоти муфассал хоҳем дод.
Бознашр аз сомонаи Прямой эфир

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД