sebiston july new
Буққаи панҷпоя дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (ВИДЕО)
8374

 

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буққае зидагӣ мекунад, ки ба ҷойи чор панҷ пой дорад.

Ин буққаи 5 поя ҳанӯз даҳ сол пеш дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омада буд. Ин ҷонвари булаҷаб имрӯз дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, худаш ва соҳибонашро мехӯронаду мепӯшонад. Ба гуфти Ҷамшедбек Дадахӯҷаев ин ҳайвони булаҷаб аз моли зотии хонагии худи онҳо будааст:

-Дар тамоми сиркҳову боғҳои ҳайвоноти машҳури олам чунин ҷонварони булаҷабро бо нархи гарон харидорӣ мекунанд, аммо ба гуфти мардум ин буққаро худи худо ба мо дод. Даҳ сол пеш говамон насли нар зоид, ки як пои иловагӣ дошт. Баъди андак калонтар шудани буққача маълум гашт, ки дар нӯги пойи панҷумаш ду кафши пой ҷойгир аст. Аз нигоҳи аввал панҷпоя намояд ҳам, дар асл ин буққа шашпоя ҳасоб мешавад.


Яке мегӯяд, ки то чормоҳагӣ дуруст аст, дигарӣ бошад, инро қатъиян рад карда, воҳима мекунад, ки “аборт” кардани тифл ба одамкушӣ баробар аст ва зане, ки кӯдакашро исқоти ҳамл менамояд, ба оташи сӯзони ҷаҳаннам меафтад.

 


Соҳибони ин ҷонвари аҷиб мегӯянд, буққаи булаҷаб бисёр бадқаҳр аст. Мабодо касе ҷаҳли буққаи панҷпояро биёрад, беқарор шуда, чунон ҷасту хез мекунад, ки ресмонаш ба кандан наздик мешавад...

alt

Фарзона Муродӣ

(Идома ин мавзуъро дар ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД