Arzon march 2024
Анӯшервонро кушта ба дарё партофтанд ё ...?
4312


Тобути боз як муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба Ватан оварданд. Ҷавони дар мулки ғурбат фавтида 20- сол дошта, ҳамагӣ шаш моҳ пеш ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд.

Яке аз хешовандони ин ҷавони шаҳид бо исми Алишер дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТҶ чунин гуфт:
-Анушервон як сол пеш ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида буд, аммо аз имтиҳон нагузашта, навмед гашт. Пас аз ин нокомӣ дилаш аз оламу одам сард гашт ва ҳамроҳи тағояш роҳи Русияро пеш гирифт. Мехост пул кор карда, ба Ватан баргардад ва мисли ҳамсолонаш ба ягон донишгоҳ дохил шуда, соҳиби диплом ва касбу кор шавад, аммо орзуҳояш ба хоки сияҳ яксон гаштанд. Аҷал дар мулки бегона ба гиребони ин ҷавони аз сад гулаш ҳанӯз як гулаш нашкуфта панҷа зада, ӯро аз байн бурд...


Тавре табибон мегӯянд, ягон ҷои кӯдак нашикаста танҳо ҳангоми афтидан як раги хунаш кафидааст. Бо вуҷуди ин, ба ҳаёти кӯдак ягон хатар таҳдид намекунад.


Ба қавли Алишер Анушервон дар як сохтмон дар шаҳри Екатеринбург кор мекардааст. Рӯзи истироҳат  вай ҳамроҳи як гурӯҳ дӯстонаш ба оббозӣ меравад, аммо паридан ба коми амвоҷи дарё барои ин ҷавони тоҷик бо хондани хутбаи маргаш баробар гашт. Анушервон худро ба об партофту дигар берун нашуд. Ҷасади Анушервони нокомро танҳо баъди 10 шабонарӯз дарёи хуношом ба соҳил баровардааст. Ҷисми бе ҷони ин ҷавони муҳоҷирро дар тобути оҳанин тариқи тайёра ба Ватан оварданд.
Ҷанозаи Анушервони 20-сола дирӯз дар зодгоҳаш, дараи Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор гашта, пайвандонаш бо нолаҳои зор ин ҷавони ормониро ба хок супурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД