МАШВАРАТИ РАВОНШИНОС
Накҳате, ки мардро девона месозад
350
0

 

Бонувон ба хотири бо атри хушбӯй мафтун сохтани марди дӯстдоштаашон маблағи зиёдеро сарф менамоянд, бехабар аз он ки накҳати табии зан барои мард шавқангезтар аст.

Аксаран хонумҳои баркамол барои ба мард хуш омадан пачка-пачк пул сарф карда, гулобу духиҳои қиматбаҳо мехаранд, вале мардон аз паси духтаракони 17-20 -сола медаванд. Медонед чаро? Таровати айёми шубоб мардонро мисли оҳанрабо ба худ мекашад, мегӯед? Хато мекунед, ҳама гап дар накҳат аст. Накҳати табии зан, ки мардро «девона» мекунад.

Сирри «ғунчаи тар»

Чаро мардҳоро маҳз накҳати духтарони 17–20-сола ба ваҷд меорад? Сирри ин кашиш дар он аст, ки ин синну сол таносулӣ буда, накҳати хосаи худро дорад ва маҳз ҳамин накҳат мардонро чун оҳанрабо ба худ мекашад.

Нерӯи атри бону

Ҳар як зан накҳати худро дорад ва он дар табиат такрор намешавад. Накҳати зан аз миқдори флюидҳои занона вобастагӣ дорад. Аҳамият дода бошед, баъзан марди зоҳиран зебо ва бар замми ин, сарватманду баобрӯ ба зани тамоман назарногири безебак сахт ошиқ мешавад. Атрофиён ҳеҷ фаҳмида наметавонанд, ки чунин марди майдон дар ин зани аҷинасурат чӣ ёфтааст. Сирри ин муаммо дар он аст, ки мард худаш нафаҳмида ба бӯйи табиии зан дил мебандад.

Мехоҳед ҳамеша дилкаш бимонед?

Бо рафтани синну сол ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар ҷисми бонувон тағйир ёфта, накҳати зан хусусиятҳои муъҷизавияшро гум мекунад. Барои он ки бо мурури вақт накҳати асили зан гум нашавад, зан бояд дар ҷавонияш аз машрубот, сигор ва дашномдиҳӣ худдорӣ намуда, ғизои солим истеъмол намояд ва албатта бо варзиш машғул шавад.

Вақте ки кимиё бо табиат мепайвандад…

Барои он ки маҳсулоташон харидори зиёд дошта бошад, атрсозони аврупоӣ кӯшиш менамоянд, ки накҳати атриёташонро ба накҳати табиии бадани инсон, хоса ба накҳати занона монанд созанд. Вақте атри хушбӯе ба машоми мард мерасад, мисоли афсуншуда ба сарчашмаи ин бӯй ҷалб мегардад. Атрҳое, ки накҳати гули бунафша доранд ё насими тозаи баҳрро ба ёд меоранд,  талабгорони зиёде доранд, чунки истеҳсолгаронашон ба ин атриёт моддаҳоеро илова менамоянд, ки ба ферментҳои табиии бадани инсон монандӣ доранд.

 Атри беҳтарин кадом аст?

Бо вуҷуди он ки мард накҳати табиии занро дӯст медорад, аз атру хушбӯйкунандаҳо тамоман рӯй гардонидан албатта беақлӣ аст. Атри дуруст интихобшуда накҳати табиии занро дучанд мегардонад. Олимони амрикоӣ дар ҷустуҷӯи накҳати рағбатовар заҳмати зиёде кашида ниҳоят муайян сохтанд, ки бӯйи меваи грейпфрут ба шуури мард таъсири олиҷаноб расонида шавқу ҳавасашро бедор менамояд.


Ҷанҷолу кашмакаши ҳамсоязанҳо чанд лаҳзае идома ёфта онҳо ба замин меафтанд ва ҳамин замон Назира аз замин сангеро бардошта, ба сари Гулдаста мезанаду хун аз сару рӯйи Гулдаста фаввора мезанад.


Бо атр оббозӣ накунед!

Хатои аксари бонувон дар он аст, ки бо мақсади ба мард хуш омадан атру хушбӯйкунандаҳои зиёдеро истифода мебаранд. Дар натиҷа чанд бӯйи гуногун бо ҳамдигар омехта гашта, на танҳо накҳати табии занро пахш мекунад, балки ба машом нохуш расида, ғаши мардро меорад. Дар интихоби атр ба синну сол бояд диққат дод: ба духтаракони ҷавон атр бо накҳати меваҳои ситрусӣ, меваҳои табиӣ ва накҳати баҳр мувофиқ аст. Бонувони калонсол бошанд, бояд ба бӯйи ширин ва накҳати гулҳо диққат диҳанд. Баъди ҳар дафъаи хӯрокпазӣ, либосро иваз намуда, оббозӣ кардану баъдан атр пошидан лозим аст.

 Атр ва бистар

Аслан дар бистар аз атр истифода бурдан тавсия дода намешавад, вале агар шумо бе он наметавониста бошед, хеле кам истифода баред. Атри дӯстдоштаи худро ба ҷойҳое, ки набз мезанад: ба гардан ва банди даст пошидан кифоя аст.  Ба ҳеҷ ваҷҳ атрро ба шикам ё поятон напошед. Фаромӯш накунед: сарфи назар аз он ки шумо кадом намуди атрро истифода мебаред, тозаву озода буданатон ҳатмист, зеро танҳо таровати тоза метавонад мардро мафтун созад.

 Маслиҳат ба бонувон

Агар шумо аз тоифаи занҳои миллионер набошед, ба ҳеҷ ваҷҳ ба хотири ба даст овардани дили мард шиками гурусна гашта, ба худ атрҳои қиматбаҳо нахаред. Ҳар рӯз бо атру дигар хушбӯйкунандаҳо оббозӣ кардан шарт нест. Танҳо рӯзе ақаллан як маротиба оббозӣ кардан кофист, ки мард ба тозагӣ ва накҳати табиии зан ошиқ шавад. Мехоҳед, ки шавҳаратонро мисли Маҷнун ошиқи шайдо гардонед? Пас, қабл аз муносибати маҳрамона оббозӣ карда, баъд ба бистари хоб дароед. Накҳати пӯсти тозаву солимро ягон ширкати атрсози ҷаҳон қолабгирӣ карда наметавонад ва ҳеҷ гоҳ атр ҷойи накҳати табиии занро намегирад, ба шарте ки зан  ба гигиенаи шахсӣ риоя намояд ва тозаю озода бошад.

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
Шарҳ
Тавсия медиҳем:
Ситораош
Нобовар Чаноров: Бо ширчойи чормағздор саҳархӯрак мекунам!  (Видео)
Бадахшоние, ки ширҷойро дӯст намедорад, ӯ бадахшонӣ нест!
175
0
ОВОЗА - ҲАҚИҚАТ
Нархи хизмати сарояндахои тоҷик дар тӯю маъракаҳо чанд аст?
Орзу доред, ки дар тӯйи писар ё духтаратон сарояндаи аз ҳама машҳури тоҷик Шабнами Сурайёро биёред?
4796
11
СИТОРАҲОИ КИНО
14 . 05 . 2019
Р. Азимӣ
Домулло Зиё чанд зан ва чанд арӯс дорад? (Видео)
Темур Акар ба занҷаллобӣ ном баровардааст, вале аз ин заррае ғамгин нест, чунки баъди ба фурӯш баромадани сериали «Муллои замонавӣ»...
426
2
АҶАБ ДУНЁЕ
08 . 08 . 2019
Р. Азимӣ
Замин чанд балл ҷунбид?
Субҳ заминҷунбид, аммо чанд балл? Инро мо ба шумо муаян месозем. Аз сомонаи ОИЛА-ТЧ дур набошед!
1307
0
маводҳои монанд
НИҚОБ
Шикояти келин аз хушдомани золим (Видео)
Шавҳарам бо бардори модараш маро мурданивор лату кӯб мекард, аммо кампири хушдоманам бо ин ҳам қонеъ нашуда дар назди писараш...
1767
2
ҲАВОДИС
Н. Дӯстӣ: Ҷӯрабек баъди шиканҷа даст ба худкушӣ зад
Модари Ҷӯрабек барои дар дили писараш армони нашудани ишқи аввалаш чанд бори дигар баъди ҷавоби радро гирифтан ба хонаи духтар...
3655
0
SUPER - STAR
02 . 08 . 2019
Р. Азимӣ
Шишаҳои мошини Земфираро кӣ шикаст? (ВИДЕО)
Худи сароянда дар ин бора бо афсӯс қисса карда гуфтааст, ки пештар низ ин мард дар ҳама ҷо пеши роҳашро...
893
0