Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз нерӯ ва ҷасорати бештар эҳсос мекунед. Вақти муносибест, ки ба амалӣ кардани нақшаҳо ва ғояҳои деринтизор оғоз намоед. Қобилияти роҳбарӣ ва ташаббускории шумо диққати атрофиёнро ҷалб мекунад. Аммо дар кор эҳтимоли нофаҳмӣ бо роҳбарият вуҷуд дорад. Шояд барои хатои хурде дар гузориши охирин танбеҳ гиред. Ба танқид оромона муносибат кунед ва баҳсро идома надиҳед. Сабру таҳаммул шуморо аз мушкили ҷиддӣ эмин нигоҳ медорад.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз фазои хона пур аз оромӣ ва меҳрубонӣ мешавад. Муносибат бо наздикон гарму самимӣ мегардад ва масъалаҳои молиявӣ низ тадриҷан беҳтар мешаванд. Вақти бо аҳли оила гузарондаатон ба шумо неру мебахшад. Аммо ҳангоми сафар ё будубош дар ҷойҳои серодам эҳтиёткор бошед. Эҳтимоли гум ё дуздида шудани ашёи қимат вуҷуд дорад. Сумкаву ҳамёнро бе назорат нагузоред ва беҳтараш таҷҳизоти гаронарзишро ба намоиш нагузоред.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз зеҳнатон хеле фаъол мешавад ва фикрҳои нав пайи ҳам пайдо мешаванд. Муошират бо дигарон осон ва пурсамар хоҳад буд. Сафарҳои кӯтоҳ метавонанд шиносҳои ҷолиб ва маълумоти муфид оваранд. Барои оғоз кардани маҳфил ё машғулияти нав рӯзи хуб аст. Илҳом метавонад аз ҷое пайдо шавад, ки интизораш нестед. Атрофиён истеъдод ва ҳазлу шӯхии шуморо қадр мекунанд. Имкони хубе низ метавонад ногаҳон пеш ояд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз ҳисси дарунӣ ва зиракиатон қавӣ мешавад. Шумо ният ва эҳсосоти атрофиёнро беҳтар дарк карда метавонед. Ба садои қалбатон гӯш диҳед, он метавонад дар қабули қарорҳои муҳим роҳнамоятон бошад. Дар ҳаёти шахсӣ муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ бештар мешавад. Шоми худро ба истироҳат ва суҳбат бо аҳли оила бахшед. Муҳити гарми хона ва хотираҳои хуш нерӯи шуморо барқарор карда, оромиш мебахшанд.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз диққати атрофиёнро ба осонӣ ҷалб мекунед. Қобилияти роҳбарӣ ва таъсиргузориатон бештар зоҳир шуда, метавонед дигаронро ба иҷрои корҳои муҳим ҳавасманд созед. Барои суханронӣ, баргузории чорабинӣ ё гуфтушунид рӯзи мусоид аст. Ҷасорат ва боварӣ ба худ ба натиҷаҳои хуб оварда мерасонад. Дар хона низ фазои гарму дӯстона ҳукмфармо мешавад. Суҳбатҳои самимӣ бо наздикон муносибатҳои оилавиро боз ҳам мустаҳкам мекунанд.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз тартибу низом ва банақшагирии дуруст ба шумо барои расидан ба ҳадафҳо ёрӣ медиҳад. Шумо метавонед ҳатто камбудиҳои хурдро зуд пай бурда, онҳоро ислоҳ кунед. Барои корҳои ҷиддии зеҳнӣ рӯзи хеле мувофиқ аст. Анҷом додани корҳои дермонда эҳсоси сабукӣ мебахшад. Вазъи молиявӣ низ метавонад беҳтар шавад. Пас аз як давраи серташвиш барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Шомро ба нақшаи оянда ва андешидани қадамҳои минбаъда бахшед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз муносибатҳо бо дигарон беҳтар шуда, оромиву ҳамоҳангӣ ба зиндагии шумо бармегардад. Қобилияти созиш ва муносибати дипломатӣ ба ҳалли баҳсҳо мусоидат мекунад. Машғул шудан ба санъат ё тамошои осори зебо табъатонро болида мегардонад. Аммо дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Хароҷоти ногаҳонӣ, таъмири асбоби рӯзгор ё ҷарима метавонад буҷаи шуморо халалдор кунад. Аз харидҳои беҳуда худдорӣ карда, хароҷотро бодиққат назорат намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз тағйироти ҷиддӣ дар андеша ва ҷаҳонбинии шумо ба амал меоянд. Ҳисси дарунӣ кӯмак мекунад, ки моҳияти воқеии баъзе воқеаҳо ва рафтори одамонро беҳтар дарк кунед. Агар дар роҳи касбӣ қадами ҷиддӣ гузоштанӣ бошед, вақти муносиб фаро расидааст. Дар муносибатҳои шахсӣ эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ бештар мешавад. Дастгирии шахси наздик ба шумо неру мебахшад. Оромии ботинӣ кумак мекунад, ки ба мушкилоти беруна бо хирад муносибат намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз ҷаҳонбиниатон васеъ шуда, хоҳиши омӯхтани чизҳои нав бештар мегардад. Омӯзиши малакаҳои тоза метавонад ба шумо ҳам қаноатмандӣ ва ҳам имкониятҳои нав оварад. Сафар ё шиносоӣ бо одамони нав ғояҳои ҷолибе барои рушди шахсӣ пешниҳод мекунад. Ба оянда бо хушбинӣ назар кунед ва аз имкониятҳо истифода баред. Эҳтимол, одамони зарурӣ ва имкониятҳои хуб пайдо шаванд. Ин рӯз метавонад зиндагиро рангинтар кунад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз кӯшишҳои шумо дар роҳи пешрафти касбӣ натиҷаҳои хуб медиҳанд. Меҳнатдӯстӣ, интизом ва масъулиятшиносӣ эҳтироми ҳамкорон ва роҳбариятро зиёд мекунанд. Корҳое, ки муддати дароз барои онҳо талош мекардед, метавонанд самараи аввалини худро нишон диҳанд. Сабру таҳаммул ба шумо барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ ёрӣ медиҳад. Дар оила низ мувофиқа ва оромӣ ҳукмфармо мешавад. Рӯзи хубест барои устувор кардани мавқеи худ ва боэътимод қадам гузоштан ба сӯйи оянда.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз нақшаҳои нав ва роҳҳои ғайриодии ҳалли масъалаҳо ба шумо муваффақият меоранд. Эҳтимол, мушкилоти деринаеро аз зовияи дигар дида, роҳи ҳалли онро пайдо кунед. Корҳои дастаҷамъӣ низ натиҷаи хуб медиҳанд, хусусан агар аз андешаҳои ҳамфикрон истифода баред. Дастгирии дӯстону наздикон метавонад дар ҳалли як масъалаи душвор нақши муҳим бозад. Илҳом ва неруи зиёд ба шумо имкон медиҳад, ки корҳои ба нақша гирифтаатонро сари вақт анҷом диҳед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз тасаввурот, меҳрубонӣ ва ҳисси дарунии шумо қавӣ мешаванд. Кумак ба дигарон метавонад ба шумо қаноатмандии рӯҳӣ ва оромиши қалб бахшад. Ба эҳсосоти худ гӯш диҳед, зеро он метавонад барои ҳалли масъалаҳои муҳим роҳнамо бошад. Машғул шудан ба кори эҷодӣ натиҷаҳои хуб медиҳад. Эҳтимол дорад, ки баъзе орзуҳоятон ба таври ғайричашмдошт амалӣ шаванд. Меҳрубонӣ ва муносибати нек ба зиндагӣ шуморо ба одамон ва имкониятҳои хуб наздик мекунад.