Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз нерӯи зиёд доред ва ин ҳолат аз субҳ эҳсос мешавад. Аз фурсат истифода бурда, ба коре машғул шавед, ки кайҳо боз ба таъхир гузошта будед. Аз баҳсҳои беҳуда дурӣ ҷӯед. Дар муносибатҳои шахсӣ гармӣ бештар мешавад ва шахси наздикатон ниҳоят ба суханҳоятон гӯш медиҳад. Танҳо оромона суҳбат кунед. Вазъи молиявӣ устувор аст, вале хариди калонро беҳтараш то охири ҳафта мавқуф гузоред.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз корҳое, ки ба пулу масъалаҳои молиявӣ вобастаанд, бароятон хуб пеш мераванд. Барои гуфтушунид, бастани созишномаҳои хурд ва ба тартиб даровардани корҳои молиявӣ рӯзи муносиб аст. Аммо баъд аз нисфирӯзӣ дар муошират бо ҳамкорон эҳтиёткор бошед. Шояд касе қасдан баҳс кардан хоҳад. Ба чунин вазъият роҳ надиҳед. Бегоҳ беҳтараш дар хона истироҳат кунед. Муҳити орому бароҳати хона ба шумо нерӯи тоза мебахшад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Рӯзи шумо метавонад каме пурташвиш оғоз шавад: фикрҳо зиёданд, аммо диққатро ба як кор равона кардан душвор аст. Барои осон шудани корҳо субҳ муҳимтарин вазифаҳоятонро рӯйи коғаз нависед ва мувофиқи нақша амал кунед. Баъд аз нисфирӯзӣ вазъ беҳтар мешавад ва имкони пеш бурдани чанд кори муҳим пайдо мегардад. Нақшашоятон дастгирӣ меёбанд, ҳатто аз ҷониби шахсе, ки чунин муносибатро аз ӯ интизор набудед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз эҳсосоти шумо каме бештар аз маъмул мешаванд. Аз ин рӯ, ҳангоми асабонӣ ё ҳаяҷон будан қарорҳои муҳим қабул накунед. Ба худ вақт диҳед, то ором шавед ва вазъиятро дуруст арзёбӣ кунед. Дар масъалаҳои хона ва оила рӯз баръакс хеле хуб мегузарад. Мушкили деринаи рӯзгор метавонад ниҳоят ҳал шавад. Дар ҷойи кор худро ба даст гиред, зеро рафтори шумо зери назорат аст. Бегоҳ худро бо ягон хӯроки дӯстдошта шод кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз ҷозибаву таъсиргузории шумо хеле зиёд аст. Одамони атроф ба суханонатон бо диққат гӯш медиҳанд ва гуфтаҳоятонро хуб дар хотир нигоҳ медоранд. Аз ин рӯ, рӯз барои муаррифӣ, суханронӣ ва корҳое, ки ба ҷалби таваҷҷуҳ ниёз доранд, хеле мувофиқ аст. Аммо ба ҳама сирру нақшаҳоятонро нақл накунед. Шояд яке аз наздикон он қадар содиқ набошад, ки шумо гумон мекардед. Бегоҳ аз шиноси дерина хабаре хуш мегиред.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз барои шумо яке аз рӯзҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад. Фикратон равшан, суханатон дақиқ ва диққататон ба ҷузъиёт зиёд хоҳад буд. Аз ин рӯ, корҳои вобаста ба касбу фаъолияти шумо зуд ва қариб бе хато анҷом меёбанд. Дар ҳаёти шахсӣ низ пешравӣ эҳтимол дорад. Суҳбате, ки кайҳо боз зарураташ эҳсос мешуд, ниҳоят баргузор шуда, ба ҳар ду ҷониб сабукӣ меорад. Кӯшиш накунед ҳама чизро назорат кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз муошират барои шумо нақши муҳим дорад. Шумо ба осонӣ метавонед ҳатто бо одамони душвор забон ёбед. Гуфтушунидҳои корӣ хуб мегузаранд ва шиносоии нав метавонад дар оянда аҳаммияти калон пайдо кунад. Бо вуҷуди ин, баъд аз нисфирӯзӣ эҳтимоли гум шудани маблағ ё ягон ашёи қиматбаҳо вуҷуд дорад. Ҳангоми берун будан ба чизҳои худ бодиққат бошед. Бегоҳро беҳтараш дар ҳалқаи наздикон ва муҳити ором гузаронед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз бештар ба ҳисси ботинии худ такя кунед. Агар чизе шубҳанок ё нодуруст ба назар расад, эҳтимол ҳисси шумо шуморо огоҳ мекунад. Дар чунин ҳолатҳо ба ин ишораҳо беэътиноӣ накунед. Дар ҷои кор рӯз самаранок хоҳад буд ва шумо метавонед масъалаҳои печидаеро ҳал кунед, ки қаблан душвор менамуданд. Яке аз ҳамкорон ногаҳон ба шумо ёрии воқеӣ мерасонад. Дар муносибатҳои шахсӣ ростқавл бошед, зеро суханҳои ногуфта дер ё зуд ошкор мешаванд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз як ҷо нишастан бароятон душвор мешавад ва ин ҳолат ба нафъи шумост. Рӯз барои ҳаракат, шиносоии нав ва татбиқи нақшаҳои ғайриодӣ мусоид аст. Агар кайҳо боз дар бораи оғози лоиҳаи нав ё самти дигар фикр мекардед, ҳоло вақти қадами аввал расидааст. Дар кор эҳтимоли сарзаниш ё суҳбати нохуш бо роҳбар вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед дер накунед ва ваъдаҳои додаатонро иҷро намоед. Бегоҳ шуморо як вохӯрии хуш интизор аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз шумо худро хеле боқувват ҳис мекунед: корҳо зиёданд, нақшаҳо равшананд ва ҳама чиз тадриҷан ба самти дуруст пеш меравад. Агар бо тартиб ва пайдарпай кор кунеду ба корҳои майда парешон нашавед, то бегоҳ натиҷаҳои хуб ба даст меоред. Дар ҳаёти шахсӣ рӯзи ором аст. Шояд воқеаи бузурге рух надиҳад, аммо суҳбати самимӣ, таъриф ё як хушҳолии хурд табъатонро болида мекунад. Дар масъалаҳои молиявӣ шитоб накунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз зеҳнатон пур аз ғояҳои наву ғайриодист. Шумо метавонед роҳи ҳалли масъалаеро пайдо кунед, ки дигарон онро сарбаста мешумориданд. Аммо дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед. Эҳтимол касе аз боварии шумо ба манфиати худ истифода карданӣ шавад. Пеш аз қабули қарор ҷузъиёти созишҳоро бодиққат санҷед ва бо дархости шифоҳӣ маблағи калон нафиристед. Бегоҳ вақти хубе барои машғул шудан ба шуғли дӯстдоштаатон аст.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз барои шумо нигоҳ доштани оромии ботинӣ хеле муҳим аст. Шояд мушкилоти дигарон шуморо аз маъмул бештар ба худ ҷалб кунанд, аммо кӯшиш кунед ҳамаи ташвишҳои онҳоро ба дӯш нагиред. Ҳоло пеш аз ҳама бояд неруи худро эҳтиёт кунед. Дар корҳои эҷодӣ ва ҳама масъалаҳои вобаста ба хаёлу тасаввур рӯз хеле самаранок хоҳад буд. Ғояҳои хуб ба осонӣ ба хотиратон меоянд. Онҳоро нависед, зеро баъдтар метавонанд ба кор оянд. Бегоҳ мусиқии ором гӯш кунед ё каме истироҳат намоед.