Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ ба як саёҳати таъсирбахш ба таърихи миллат табдил ёфт.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи миллӣ намоиши театрикунонидашудаи идона таҳти унвони «35 соли сарнавиштсоз» баргузор гардид.
Яке аз бахшҳои ҷолиби барнома инсталлятсияҳои саҳнавӣ буданд, ки саҳифаҳои муҳими таърихи тоҷиконро аз Форси Қадим ва асрҳои миёна то давраи Шуравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври намоишӣ таҷассум карданд.
Дар саҳна чеҳраҳои маъруфи таърихӣ, подшоҳон, ходимони сиёсӣ, олимону шоирони барҷастаи тоҷик муаррифӣ шуданд. Ин манзараҳо таваҷҷуҳи ҳазорон тамошобинро ба худ ҷалб карда, фазои варзишгоҳро ба як осорхонаи зиндаи таърихӣ табдил доданд.
Намоиш аз чанд бахш иборат буда, масири тамаддуни миллат, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди саноат, ташаббуси «Об барои рушди устувор» ва пешрафти рақамиро инъикос кард.

Қисмати фарҳангии барнома низ бо иҷрои шеърҳо аз эҷодиёти шоирони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Давлат Сафар, Озарахш, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Низом Қосим ва дигарон идома ёфт.
Унвонҳои «Партави ифтихор», «Ориёиям», «Сомониям», «Созу навои Ватан», «Бақои миллат», «Тоҷикистон», «Душанбе - шаҳри гулҳо» ва «Рамзи Истиқлол» аз ҷумлаи барномаҳои шеъриву мусиқии ин чорабинии бошукӯҳ буданд.
Ҳамин тавр, намоиши «35 соли сарнавиштсоз» на танҳо як барномаи идона, балки бозгӯи роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар 35 соли Истиқлол ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат гардид.