Субҳи имрӯз мо навори видеоиеро, ки дар он як духтараки хурдсол аз ҷониби падараш бераҳмона латукӯб карда шудааст, манзури шумо - муштариёни азизи сомонаи Oila.tj гардонида будем.
Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ паҳн шуда, боиси нигаронии корбарон гашт ва рафтори мард мавриди танқиди шадид қарор гирифт. Кормандони милитсия дарҳол аз паси таҳқиқи навор шуда, шахсияти ин мардро муайян намудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар натиҷаи таҳқиқ ва гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок муайян шудааст, ки марди дарнаворбуда Ҳасанов Фарҳод Муроталиевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Турсунзода мебошад, ки се сол боз дар Ҷумҳурии Ингушетияи Федератсияи Русия зиндагӣ мекунад. Ба гуфти худаш, гӯё вай аз шабгардии духтари 10-солааш ба ғазаб омада, бо мақсади «ҷазо додан» фарзанди ноболиғашро шадидан латукӯб кардааст.
Падар дар навор барои зӯроварӣ ва амалаш нисбат ба кӯдак аз кулли мардуми тоҷик бахшиш пурсида, мегӯяд, ки кормандони милитсия ӯро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.