Чанде рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гашта буд, ки дар он як мард духтарчаи хурдсолеро бераҳмона латукӯб мекунад. Тахмин мерафт, ки мард падари духтарча буда, бо нияти ҷазо додан фарзанди хурдсолашро зери мушту лагад гирифтааст.
Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда, корбарон аз мақомот хоҳиш карданд, ки ин мардро пайдо намоянд ва ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Кормандони милитсия зуд аз паси таҳқиқи ҳодиса шуда, муайян намуданд, ки марди дар навор буда Ҳасанов Фарҳод Муроталиевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Турсунзода мебошад, ки се сол боз дар Ҷумҳурии Ингушетияи Федератсияи Русия зиндагӣ мекунад. Ба гуфти худаш, гӯё ӯ аз шабгардии духтари 10-солааш ба ғазаб омада, фарзанди ноболиғашро шадидан латукӯб намудааст. Фарҳод Ҳасанов барои зӯроварӣ нисбат ба кӯдак аз кулли мардуми тоҷик бахшиш пурсида, гуфт, ба наздикӣ кормандони милитсия ӯро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.
Аммо баъдан маълум гашт, ки дар асл Ҳасанов Фарҳод Муроталиевич на падар, балки паиндари духтарча мебошад.
Падари аслии кӯдак пайдо шуда, зимни суҳбат бо блогерон гуфтааст, ки вай ҳанӯз соли 2019 аз занаш бо ду фарзанд ҷудо шуда буд ва собиқ ҳамсараш шавҳари дигар карда, кӯдаконро бо худ ба Русия бурдааст. Ин мард мегӯяд, пеш аз сафар ба Русия собиқ ҳамсараш аз вай талаб кард, ки аз фарзандонаш даст кашад, аммо чун ӯ розӣ нашуд, шояд бо роҳи ошнобозӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб дода, кӯдаконро бо худ ва шавҳари наваш ба Русия бурдааст.
“Ман бисёр мехостам, ки фарзандонамро ба тарбияи худ бигирам, гуфтам ақаллан як духтарамро деҳ, вале ҳарчанд зорӣ кардам, модарашон онҳоро ба ман надод”,- мегӯяд падари аслии кӯдак ва иддао мекунад, ки аллакай бо ариза ба мақомот муроҷиат кардааст.
Аммо ин қазия бо чӣ анҷом меёбад, ҳанӯз маълум нест.
Мутаассифона, солҳои охир зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ба як мавзуи доғи ҷомеаи мо табдил ёфта, кӯдакон ва ноболиғон натанҳо аз ҷониби афроди бегона, балки баъзан аз ҷониби падару модар ва дигар пайвандонашон низ мавриди латукӯб ва зӯроварӣ қарор мегиранд. Соли гузашта марде дар шаҳри Турсунзода бо мақсади “тарбия додан” писари 15-солаашро, ки гӯё нос мекашидааст, ба қафои мошин баста, ба масофаи 1,5 километр кашола карда буд ва писарак ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расид.