Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ютубканали худ - pressa tj лоиҳаи ҷадидеро бо унвони “Корзина” муаррифӣ мекунад.
Дар дилхоҳ компютер “Корзина” мавҷуд аст, яъне макони маълумотҳои нодаркор ва фаромӯшшудаи корбари он. Вале, новобаста аз оне ки мо иттилооти мазкурро истифода мебарем ё не, онҳо дар хотираи компютер сабт мешаванд. Ба ҳамин монанд ҳар одам дар ҳаёти худ “Корзина” дорад, ки дар он рафтору гуфтору кирдораш, новобаста аз он ки онҳоро фаромӯш кардааст ё шояд ба хотир овардан намехоҳад, он ҷо ҷамъ мешаванд.
Маҳз ба хотири варақ задани номаи аъмол ё тагурӯ кардани “Карзина”-и шахсони маъруфу дар ҷомеа эътирофшуда ин лоиҳа рӯи кор омад. Мо дар ин барнома шахсони маъруфро бо неку бад ва гуноҳу савобашон рӯ ба рӯ мекунем ва шарҳи онро пешкаши шумо мегардонем.
Барномаи “Корзина” пурра дар жанри мусоҳиба аст. Мусоҳибае, ки дар он аз хӯроки дӯстдоштаву устоди аввалин, ҳиссиёт дар саҳнаву сирри муваффақият пурсида намешавад, балки бисёртар ба мусоҳибон саволҳое дода мешаванд, ки ҳеҷ гоҳ интизораш нестанд.
Ҳамчунин, барномаи мазкур дорои формулаи махсуси худ мебошад: Баҳона+далел+шарҳ=ҷавоб. Яъне ҳар чизе, ки гуфта мешавад, аз осмон ё аз ким-кадом манбаи ғайрирасмӣ нест.
Меҳмони нахустини барномаи “Карзина” Мубориз Усмонов шоумен ва ровии маъруф интихоб шуд.
Агарчӣ он чизе, ки дар видео нишон дода мешавад, дар болои варақи сафед инъикос кардану ба хонанда расониданаш имконнопазир аст, мо дар зер чанд саволу ҷавобро манзури хонандагон мекунем.
- Ҳоло дар куҷое, ки шуморо муаррифӣ мекунанд, пас аз ному насабатон калимаҳои “шоумен” ва “ровӣ”-ро менависанд, чӣ мешавад, агар пеш аз ин калимаҳо “собиқ помидорфурӯш” нависанд?
- Ҳеҷ чиз намешавад. Ман аз помидорфурӯшӣ фахр мекунам, зеро ман як замон, то вақте ки баранда будам, дар бозори “Шоҳмансур” помидор мефурӯхтам. Аз ин набояд тарсид ё шарм дошт, балки ин як таҷрибаи зиндагӣ аст.
- Пас аз дидани мусоҳибаҳоятон ба мо чунин менамояд, ки шумо аз меҳмонони барномаи “Имшаб” пул гирифта, онҳоро то андозае дар он ҷо таърифу тавсиф мекунед...
- Рости гап, ягон бор мусоҳибонам ба ман пул надодаанд, аммо, агар пул медоданд хуб мешуд. Он мусоҳибаҳое, ки ман мекунам, танҳо барои фароғатанд. Аз сабабе ки мо ягон мақсади ҷиддӣ надорем, дар назари шумо чунин менамояд.
- Барномаи “Имшаб” чунон нусхабардорӣ шудааст, ки ҳар чизе ки дар “Вечерний Ургант” аст, дар барномаи шумо ҳам ҳаст. Чаро иловаҳову ихтисорҳоро намебинем?
- Мо барномаи “Имшаб”-ро аз барномаи “Вечерний Ургант” нусхабардорӣ карданамонро пинҳон намекунем. Бале, асосан мо “Имшаб”-ро аз “Вечерний Ургант” нусхабардорӣ кардаем, вале бояд донист, ки ин барномаест, ки 50-60 сол мешавад арзи ҳастӣ дорад ва сарчашмаи асосии тавлиди идея Амрико аст. Ҳоло қариб, ки бисёри давлатҳо чунин барномаи шомгоҳӣ доранд, яъне барномае, ки асосан шомгоҳон барои фароғати мардум нигаронида шудааст. Дар хусуси иловаҳову ихтисорҳо бояд бигӯям, ки мо шакли интернетии барномаи “Имшаб”-ро бо номи “Имшаб LIVE” пешниҳод кардем, ки тағйиротҳо ҳастанд.
- Телевизионҳои мо чӣ гуноҳ доранд, ки шумо зуд-зуд онҳоро иваз мекунед?
- Телевизион ягон айб надорад. Ман дар кадом телевизионе кор кардам ва мекунам, ба воситаи лоиҳаҳои махсус буданду ҳастанд. Яъне, ман бо ҳама кор мекунам.
- Шумо дар “Радиои нав” лоиҳае доред бо номи “Муҳити зинда” ва бо ин сарояндагонро тарсонида истодаед, ки биёянду зинда ҳунарнамоӣ кунанд...
- Не, ман касеро тарсониданӣ нестам, балки мақсади барнома нишон додани истеъдод аст. Бисёр хуб, ки сарояндагони мо дар интернет миллионҳо бинандаву шунаванда доранд, вале сарояндаи ҳақиқӣ бояд зинда хонда тавонад. Пас бисёр хуб мешавад, агар биёянду зинда ҳунари худро нишон диҳанд.
- Шумо тӯй мегардед ва мо боре шуморо дар тӯйҳои нафароне, ки сатҳи зиндагияшон на он қадар хуб аст, намебинем, чаро?
- Ман бисёр тӯй намегардам. Гонорари махсус дорам ва ин ба хотирест, ки пурра ба тӯй дода намешавем ва аз дигар корҳо намонем.
- Шумо суруд хондед. Дар ин муқовимат тоқат карда натавонистед ё сурудхонӣ барои шумо нест?
- Сурудхонӣ барои ман аст. Сурудҳои ман тӯёна нестанд ва онҳо танҳо барои гӯш кардан ҳастанд.
- То чанде пеш дар телевизиони “Душанбе” шумо барномаи “Боиштиҳо”-ро пеш мебурдед. Бигӯяд, ки лавозимоти истифодашавандаро кӣ меорад ва хӯроки омодашударо кӣ ё киҳо мехӯранд?
- Дар барномаи ман лавозимотро телевизион мехарид ва пас омода шудани хӯрок онро ҳама, баъзан вақт ман, наворбардорон ва ҳама он нафароне, ки дар барномаи мо самҳ доранд, мехӯрдем.
Мусоҳибон
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
МУМТОЗ
Видеои барномаи “Корзина”-ро дар ютубканали Oila. tj тамошо кунед.