Духтари ситораи машҳури Ӯзбекистон Нилуфар Усмонова аз замони кӯдакиаш ба суруду мусиқӣ шавқу рағбати зиёд дошт ва мехост мисли модараш сароянда шавад.
Ба хотири духтари ситораи №1 буданаш тамошобинон Нилуфаро гӯш кунанд ҳам, ҳамеша дар ғайбаш ба садову ҳунараш айб мемонданд. Машҳур шудани Нилуфар бештар ба модараш вобаста буд, вале Юлдуз Усмонова дар роҳи санъат ҷабру ҷафои бисёре кашидаю пастиву баландиҳои зиёдеро паси сар намуда буд ва намехост духтари яккаву ягонааш ҳамтақдири модар гардад, аз ин хотир мудом Нилуфарро насиҳат мекард, ки аз баҳри орзуҳои хоми кӯдаконааш гузашта, домони касбу кори дигареро бигирад, вале духтари якрав ҳеҷ сар намефаровард. Рақобати сахти эҷодӣ билохира модару духтарро душмани ҳамдигар гардонд.
Нилуфар хуб медонист, ки ба пояи шуҳрати Юлдуз Усмонова расиданаш амри маҳол аст, вале ба ин нигоҳ накарда, сарашро ба сад дар мезад, то ба модараш ва дигарон исбот намояд, ки ҳунари Худодод дорад ва бе кӯмаку дастгирӣ ҳам ба қуллаи мурод расида метавонад. Нилуфар бисёр мехост, ки тамошобинон ӯро на хамчун духтари Юлдуз Усмонова, балки ҳамчун чеҳраи нави ҳунар шиносанд, аз ин хотир тамоми воситаҳоро ба кор мебурд: суруд мехонд, мерақсид, нақш меофарид…
Расонаҳо менавиштанд, ки Нилуфар ба кинорежессёрҳо пули калон дода, бо пора нақшҳои асосиро соҳиб мешавад. Дар атрофи номаш гапу калочаҳо бисёр бошанд ҳам, духтари эркаи Юлдуз Усмонова парвои ин ҳама сару садоро надорад ва дар суҳбат бо журналистон гуфтааст:
-Ман ба сафсатаҳои душманонам, ки бештарашон хонумҳои сарояндаи ӯзбеканд ва дар ғайбам маро бадгӯйӣ намуда, «Нилуфар бероҳа аст, худашро нимурён карда, ба саҳна мебарояд, то дили бойбачаҳоро ёбад», мегӯянд, аҳамият намедиҳам. Бигзор ҳарзагӯйӣ карда гарданд! Муҳимаш, имрӯз мардум маро мешиносанд.
Аз Нилуфар пурсидаанд, ки оё овозаи ӯро оқ кардани модараш рост аст? Дар ҷавоб духтари ситораи № 1-и Узбекистон гуфтааст:
-Дар ҳақиқат замоне мо ҳамдигарро намефаҳмидем, вале акнун ман ба қадри модарам расидам. Модарам ҳамеша мегуфтанд, ки фарзанди сароянда будан хеле душвор аст, машҳур шавӣ ҳам, туро ором зистан намемонанд, вале мани худхоҳ орзуи диламро амалӣ кардан хоста, ба гирдоби таҳдиду суханҳои нешдори рақибон афтидам.
Нилуфар Усмонова шуҳратёр гаштанашро танҳо самари талошҳои худаш меҳисобад ва дар як мусоҳибааш гуфтааст:
-Бисёриҳо шинохта шуданамро бо ёрии модарам медонанд, вале ман ин хел фикр намекунам!
Нилуфар Усмонова бо сурудҳои «Таслим булдим», «Бу кунинг бош эг» миёни мурдум шуҳрат ёфта, дар чандин озмуну фестивалҳои мусиқӣ бар машҳуртарин хонумҳои шоу-бизнеси ӯзбек- Севинч Мӯминова, Фирӯза Ҷуманиёзова, Шаҳзода ва Зиёдаву Райҳона дастболо ва соҳиби ҷоизаҳои олӣ гаштааст. Сурудҳои Нилуфар Усмонова дар Хит-парадҳои радиову телевизионӣ ҳамеша дар сатри аввал қарор доранд.