Sebiston new 2024 october
Мио Ку: Ман бадбахтарин зани дунё гаштам
3697
Аксари бонувон ба ҳусни худод қаноат накарда, ба ҳар гуна ҷароҳати сунъӣ рӯ меоранд. Оқибати ин гуна тасмимҳо на ҳамеша манфиатовар аст.

Бонувон аз пирӣ бештар аз марг метарсанд ва ба хотири ҷавону зебо мондан ба ҳама қурбонӣ розӣ ҳастанд, аммо баъзан амалиётҳое, ки ба хотири ҷаззобу дилкаштар гаштани чеҳраи зан гузаронида мешаванд, таъсири манфӣ мерасонанд. Зан пули калон сарф карда, ба ҷойи зеботар шудан баръакс ба аҷузаи зинда табдил меёбад. Тақдири модели куриёӣ Миоку Ханг далели равшани ин гуфтаҳост...

 


Роҳбарони ин ширкат мегӯянд баъди ба пуррагӣ ба итмом расидани сохтмон маблағи қарзии худро пардохт хоҳанд кард, аммо Саноатхон Каримоваи 77-сола, ки ҷонаш ба лабаш расидааст, дигар тобу тоқати интизорӣ надорад. Вай мегӯяд, ки агар ин ширкат ӯро бо манзил таъмин накунад, тамоми журналистонро ҷамъ карда, дар пеши назари онҳо ба сару рӯйяш бензин пошида, худашро оташ мезанад.

 



Чашмони дурахшон, пӯсти бенуқсон ва табассуми зебои модели куриёӣ Миоку Ханг дили миллионҳо одамонро тасхир менамуд, аммо худи ин зебосанам ба ҷойи шукрона кардан ҳамеша аз ҳусну ҷамоли худ норозигӣ намуда, пай дар пай ҷарроҳии пластикӣ мегузаронд. Билохира кор ба ҷое расид, ки ҷарроҳон дигар аз гузаронидани амалиёти ҷарроҳии пластикӣ дар чеҳраи ин хонум даст кашиданд. Миоку барои расидан ба орзуяш аз бозори сиёҳ силикони худсозро харидорӣ намуда, онро бо воситаи сӯзандорӯ ба зери пӯсташ мегузаронд. Бо таъсири силикон пӯсташ ба варамкунӣ сар кард. Табибон ба ӯ маслиҳат доданд, ки аз истифодаи силикон даст кашад, аммо модел ба тақдир тан надода, минбаъд равғани эфириро бо сӯзандорӯ ба пӯсташ мегузарондагӣ шуд.
Пас аз чанд муддат рӯяш чунон сахт варам кард, ки бо диданаш кас ба даҳшат меафтид. Пӯсти рӯяш мисли хамир туршшуда ба ҳар тараф овезон гашта, ҳатто волидонаш дигар ҷуръати бе ҳарос ба рӯйи Миоку нигоҳ каданро надоштанд. Кӯдакони маҳалла ба Миоку “Шамолдиҳак” лақаб гузошта, ошкоро ба ҳолаш механдиданд.
Вақте ки дар телевизиони Куриё видеои Миоку Хангро намоиш доданд, ҳазорон нафар мухлисонаш, ки пештар ошиқи ҳусну ҷамоли ин нозанин буданд, пул ҷамъ карданд, то ӯро ҷарроҳии пластикӣ карда, ҳусну ҷамлашро барқарор созанд.
Дар ҷарроҳии реконструктивӣ аз рӯй ва гардани ин модели машҳур 260 грамм силиконро хориҷ карданд, аммо пӯстҳои овезоншударо бурида партофта бошанд ҳам, изи ҷарроҳӣ то ҳол дар рӯй ва гарданаш боқӣ мондааст. Бо ҳамин сабаб ин модели машҳур дигар натавонист фаъолияти худроидома диҳад. Айни замон Миоку Ханг дар як мағозаи фирмавӣ ба фурӯши сару либос машғул аст...
Ҳаёти ин зан барои хонумҳое, ки ба васвасаи зебоӣ афтида, мехоҳанд ҷарроҳии пластикӣ кунанд, дарси ибрат гашта метавонад.
Бонувони азиз, қабл аз он ки ба чунин амалҳо иқдом менамоед, сад бор оқибаташро андеша кунед, т ки мисли ин модели куриёӣ баъдан ангушти пушаймонӣ нагазед...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД