Вақтҳои охир бонувон ба хотири ҷавон ва зебою дилкаш намудан аз ҷарроҳии пластикӣ ва дигар амалиётҳое, ки барои ҳаёти инсон чандон бе хатар нестанд, тез-тез истифода мебаранд.
Бадбахтона, дар баъзе ҳолатҳо хонумҳо бар ивази зебоӣ қимматтарин неъмат-ҷони худро аз даст медиҳанд. Далели равшани ин гуфтаҳо марги як зани 31-сола бо исми Татьяна дар яке аз беморхонаҳои марказии шаҳри Маскав мебошад. Ин зан пас аз ҷарроҳии такмили сина дар шаҳри Москваи Русия ба таври фоҷиавӣ вафот кардааст. Татьяна ба мутахассисони маркази тиббӣ муроҷиат намуда гуфт, ки баъди тавлиди фарзанд синаҳояш овезон шудаанду мехоҳад синааш аз нав мисли пештара зебо гардад. Духтурон ба ӯ ҷарроҳии пластикиро тавсия доданд. оқмибатҳои марговар доштани ҷарроҳиро донад ҳам, ҷавонзан ба ҷарроҳӣ розӣ шуд, аммо...
Пас аз ҷарроҳӣ аҳволи бемор бад шуд ва ӯро ба беморхонаи клиникии шаҳрии №1 бурданд. Тӯли як моҳ табибон кӯшиш карданд, ки ҳаёти Татьянаро наҷот диҳанд, вале саломатии ӯ торафт бадтар мешуду беҳтар не. Маълум шуд,ки дар синаи Татьяна синдроми Ланс-Адам инкишоф ёфта истодааст. Кори дили бемор суст шуда, нафаскашиаш торафт душвортар мегашт. Духтурон давутози бисёре карда бошанд ҳам,а з дасашон коре наомад ва оқибат Татьяна вафот кард.
Ҳоло кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои марги ҷавонзанро санҷида истодаанд.
Ногуфта намонад, ки бештар бонувони шинохта, моделҳо, актриссаҳо ва дигар ситораҳои шоу-бизнес ба ҷарроҳии пластикӣ рӯ оварда, ҷони худро ба хотири зебову ҷавон шудан дар хатар мегузоранд. Сарояндаи машҳури рус Юлия Началоваи 38-сола ҳам зимни ҷарроҳии калон кардани сина аз олам гузашта буд. Шоҳбонуи саҳнаи эстрадаи рус Алла Пугачёва низ тез-тез ба ҷарроҳии пластикӣ рӯ меорад. Зинми як ҷарроҳии пластикӣ ҷарроҳони Швейтсария ба “Примадонна” кадом як бемории сироятиро гузаронданд. Алла Барисовна як соли дароз дар ба дари табибон гашта, бо пули калон ҷонашро аз марг наҷот дод.
Вақтҳои охир хонумҳои тоҷик низ тез-тез ба ҷарроҳии пластикӣ рӯ меоранд, аз ҳамин хотир мо сарнавишти талъхи Татяна ва дигар қурбониёни ҷарроҳии пластикиро манзури муштариёни сомонаи Оила гардондем, то ки пеш аз чунин иқдом занҳои тоҷик сад бор андеша намуда, баъдан ба як хулосаи дуруст биёянд. Фаромӯш насозед, ки инсон офаридаи дасти Худованд аст ва ношукрӣ аз неъматҳое, ки офаридгор ба ӯ додааст, баъзан метавонад ҳатто оқибатҳои марговарро ба бор оварад.