Чанд лаҳза пеш ба идораи сомонаи Оила-тч зане аз гумшудани се писарчааш дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба гуфти Сироҷова Гулсара кӯдаконаш Худойдод Мирзоеви 4 сола, Рустамҷони 8 сола ва Суҳробҷони 12 сола рӯзи 4-уми август аз хонаашон, ки воқеъ дар кӯчаи Хоруғи маҳалаи Бадахшон (Нагорный) мебошад, соати 19-и шом баромада, дигар барнагаштаанд. Охирин маротиба онҳоро дар назди "Чойхонаи Роҳат" санаи 8- уми август як нафар дидааст. Писари 12 солааш Суҳроб соле қабл ду ҳафта бе дарак буд ва баъди ёфт шуданаш аз ҷониби кормандони милитсия ба мактабати кӯдакони душвортарбия бурда шуда буд. Инак ин навбат ӯ ҳамроҳи ду бародари хурдсолаш бедарак гаштааст.
Аз ҳаммаи Шумо хонандагони сомонаи ОИЛА-ТЧ хоҳиш мекунем дар пайдо намудани ин кӯдакони маъсум ёрӣ расонида,баробари пайдо кардани маълумот дар бораи онҳо ба рақамҳои модарашон
987 562527 занг занед.