Sebiston new 2024 october
Марҷона хоҳаршӯяшро ба марди афғон фурӯхту...
2714

Дар ҳамсоягии мо пирамарде зиндагӣ мекард, ки бисёр заифу нотавон буд. Пиру кампир ду фарзанд доштанду халос. Як писару як духтар. Онҳо бо меҳнати ҳалол нон мехӯрданд.

Писараш дар бозор ароба мекашид, духтараш бошад ҷорӯбҳои гуногун бофта ба бозор бурда мефурӯхт. Зиндагии пур аз ранҷу азоби ин оиларо дида касе на ба духтарашон хостгор мефиристоду на ба писарашон духтар медод. Пиру кампир барои бахти фарзандонашон дарун – дарун сӯхта обу адо мешуданд. Билохира худо оҳи дилашон шунид ва писарашон Латиф дар бозор ба духтаре шинос шуда, ӯро гирифта ба хонаашон овард. Ҳамсояҳо ҳама дар ҳайрат афтоданд, ки чи тавр Латифи лайло ба дили ин париваш роҳ ёфтааст. Духтар бисёр қобилу ҳушёр буд ва дар кошонаи ҳусн кор мекард.

Хулоса, як дег ош монда, онҳоро никоҳ карданд. Латиф дар гирди зани таннзаш парвона буд ва ҷонашро барои ӯ дареғ намедошт. Марҷона ҳар бегоҳ аз кор бо мошинҳои Лексусу Ҷип меомад, аммо шавҳари латааш боре намепурсид, ки ин мардҳои ношинос кистанд, ки ӯро ба хона меоранд. Занаш бо пул даҳони аробакашро чунон баста буд, ки чизе гуфта наметавонист.


ФИРӮЗ АЗ ҶАБРИ МОИНДАР ХУДКУШӢ КАРД Ё АЗ БЕМЕҲРИИ ПАДАР...?


Пас аз чанд вақт Марҷона қайсингилаш Розияро ҳам дар корхонаи худаш ба кор монда, шавҳараш Латифро маҷбур кард, ки аз баҳри аробакашӣ баромада, дар сохтмон кор кунад. Кори сохтмон вазнин бошад ҳам Латиф сабру тоқат мекард, чунки пули хуб мегирифт.
Бомурури замон Марҷона шефи хона шуда монд ва бе розигии хусуру хушдоманаш хоҳаршӯяш Розияро ба як ҷавони афғон ба шавҳар дод. «Магар бачаи тоҷик ёфт нашуд, ки духтари маро ба як марди афғон додӣ»,- мегуфт кампир норозиёна, аммо келини шаттоҳаш “эй хола, худоро шукр гӯед, ки ин мардаки пулдор духтари шуморо талабгор шудааст. Афғон бошад ҳам, вай Розияро рӯи даст мегардонад» гӯён, домони модаршӯяшро бо чормағзи пуч пур мекард.
Аввалҳо дар ҳақиқат зиндагии Розия ва шавҳари афғонаш асал барин ширин буд, аммо баъди сҳиби фарзанд гаштанашон домоди афғонӣ бе нму нишон гашт. Мӯйсафеди падараш аз ғами сиёҳбахтии Розия ба сактаи дил гирифтор шуда, аз олам чашм пӯшид. Бадбахтӣ аз паси бадбахтӣ меояд гуфтагӣ барин, ҳанӯз чили падарашро надода, Латиф аз ошёнаи дуюм ба рӯи битон афтида маҷруҳу маъюб шуда монд. Марҷонаи шаттоҳ хушдоманашро бурда ба хонаи бесоҳибон партофт, шавҳарашро бошад, ба хонаи маъюбон бурда, шавҳари нав кард. Шӯйи наваш марди пулдор буд ва хонаҳои кӯҳнаро чаппа карда, дар ҷояшон хонаи дуошёнаи наву барҳавои замонавӣ сохт.
Имрӯз хоҳаршӯйи Марҷона Розияи бадбахт дар ба дари мардум овораю сармон аст, зинда ё мурда будани хушдомани Марҷонаро касе намедонад. Худо аз чуни келини худонотарс нигоҳбош бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД