Як зани 50-солаи исфарагӣ баъди ба бемории зуком гирифтор шудан, ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Тавре ба хабарнигори сомонаи Oila.tj як нафар мард бо исми Илҳом, ки хеши наздики ин хонадон ба ҳисоб меравад гуфт, ки Тахминахон ҳамагӣ се рӯз гирифтори бемории зуком буданд. Мо хешу табор аҳволи бади эшонро дида, зуд духтарони маҳаллиро ба хона оврадем. Тамоми ҳабҳои вобаста бар зиди зукомро баъди муоина намудани духтурон харидорӣ намуда ба бемор хӯрондем, аммо саломатияшон баракс бадтар шуда, тахминан соатҳои даҳи шаби гузашта ҷон ба ҳақ таслим намуданд.
Тахминахони исфарагӣ модари ду фарзанди худсол буда, то рӯзи гирифтор гаштанд ба ин беморӣ дар яке аз тарабхонаҳои машҳури Исфара ба ҳайси “Администратор” кор ва фаъолият мекарданд.