Samirjoni Zafar як нафар истифодабарандаи фаъоли Фейсбук саннаи 29 феврал дар саҳифаи шахсияш хабар дод, ки дар шаҳри Сергиеви Посадскои вилояти Москва як шаҳрванди Тоҷикистон , ки ҳамагӣ 22-сол дошт, ҷон ба ҷонфарин супурдааст.
Мавсуф навиштааст, ки ному насаби ҷавони мақтул то ҳанӯз маълум нест вале ба гуфтаи шоҳидони ин ҳодиса ин ҷавон аз дарди сар шикоят намуда, соате пас фавтидааст. Аз нақли эшон бармеояд, ки ин муҳоҷири тоҷик аз деҳаи Колхози Россияи ноҳияи Восеьи вилояти Хатлон буда, як моҳ пеш аз Тоҷикистон ба муҳоҷират омадааст.
ДУРАХШОНИ ОРТИҚ ҲАНГОМИ ҶОДУГАРӢ ДАСТГИР ШУД? (ВИДЕО)
Samirjoni Zafar дар охири пайёмаш навиштааст, ки ҷавон як моҳ пеш модарашро аз даст дода буд ва баъди гӯру чӯб кардани модараш ба Русия рахти сафар баста буд. Пеш аз маргаш ӯ такрор ба такрор мегуфт: “ПАСИ САРАМ , ПАСИ САРАМ, ПАСИ САРАМ”!
Сабаби марги ин ҷавони 22-сола то ҳанӯз маълум нест вале барои интиқоли ҷасади беҷони ин муҳоҷири аз сад гулаш ҳанӯз як гулаш нашукуфта тамоми ҳамватанонамонро барои кӯмак даъват ба амал овардааст. Ҷасади ин муҳоҷири ормониро бояд ҳар чи зудтар ба ватан ба наздиконаш интиқол намудан лозим.