Sebiston new 2024 october
Марги бахил
1999

 

Дар урфият мегӯянд, ки "модара бину духтараша гир", вале холаи Моҳинав "хонаву дарам ба хеши худам монад" гӯён, духтари хоҳарашро келин кард, ҳарчанд медонист, ки хоҳараш зани хонақапу порсо нест.

Холаи Моҳинав пас аз марги нобаҳангоми шавҳараш ду писару чор духтарро танҳо ба воя расонида, ба зиндагии мустақил гусел кард. Келини аввалӣ духтари ҳамдеҳаашон буд, Самира духтараки хоксору меҳнатӣ ва покизарӯзгоре буду ба неку бади касе кор надошт. Аммо, Шаҳло ба ин хона келин шуда омаду фазои тинҷу осудаи онро ноором сохт, аз чашмони бозингар ва бидиррос зада, ба касе сухан надоданаш маълум буд, ки балокелин ба сари аҳли ин оила чӣ рӯзҳоеро меорад.

Шаҳло аз рӯзҳои аввали ба хонадони холааш чун келин қадам ниҳодан, додаршӯяшро бо зану фарзандонаш бад дида монд. Зеро ӯ дар муҳите ба воя расида буд, ки ҳамеша он ҷо ҷангу ҷанҷолу моҷаро буд. Модараш амакҳояшро душман эълон карда буду онҳоро ба хонаи падарияшон даромадан намемонд, ӯ низ «тартиб»-ро дар хонаи шавҳар аз ҳамин оғоз карданӣ буд. Пас аз як моҳи тӯйи арӯсияш Шаҳло ба хонаи модараш рафт ва он ҷо худро бемор вонамуд карда ба модараш гуфт:

- Оча, медонӣ холаам ба ман хеле меҳрубон аст, вале ҳар гаҳе фарёдам мекунад, дар назарам мисли аҷузкампир менамояд. Ӯро бо тамоми аҳли оилааш бад мебинам, гумон мекунам, ки зани ҳеварам маро ҷоду мекунад,- Тӯтинисо, ки ба ҷодугарон ихлоси зиёде дошт, дарав аз паи «даво»-и духтараш шуд ва тӯмору таштоби зиёде гирифта, ба ӯ дод то дар хонаи шавҳар истифода барад.

Пас аз чанде ӯ барои хабаргирии духтараш ба хонаи апааш рафт, ки он ҷо духтарони апааш низ омада буданд. Тӯтинисо ба ҷиянҳояш дар бораи ҷодугар будани зани додари калонияшон нақл кард, вале онҳо ғайричашмдошти хола пуштии янгаашонро гирифта гуфтанд:

- Се сол боз Самира дар хонаи мо зиндагӣ мекунад ва мо кори бадашро надидаем ва ягон бор сири хонаамонро ҷое набаровардааст, ин тавр нагӯед, хола!- Шаҳлою модараш аз вокуниши хоҳаршӯҳо ба хулосае омаданд, ки корро ба тарзи дигар ба роҳ монанд.

Шаҳло аз он ки духтарони холааш пуштии Самираро гирифтаанд, ба онҳо хашм гирифт ва дар дил қасам хӯрд, ки ба онҳо кӣ буданашро нишон медиҳад. Модараш ба ҷои насиҳат намудани духтараш, баръакс ӯро тарафдорӣ менамуд.

ҲАМЧУНИН:

ИМТИҲОНИ ЗИНДАГӢ

Бо гузашти солҳову моҳҳо хислатҳои дигари Шаҳло рӯи об баромаданд, ӯ даст ба ҷайби шавҳару ҳевараш бурда, дуздӣ мекард ва барои худаш молҳои гуногун харида мегуфт, ки модарам харидааст. Аввалҳо ба ҷуз Самира касе дуздии Шаҳлоро пай намебурд, вале беҳуда нагуфтаанд, ки ҳақиқатро бо доман пӯшонида намешавад ва дуздии Шаҳло рӯзе рӯи об баромад, ки ӯ на каму на ғам, балки сесад доллари хушдоманашро аз сандуқ дуздид. Хушдоман ин дафъа зиёд оташин шуда, ҳарду келинашро ҷеғ зада гуфт:

- Медонам, ки пулҳоро яке аз шумоён гирифтааст, агар то бегоҳ онро ба ҷояш намонед, писаронамро мефармоям ҳардуятонро талоқ медиҳанд.

Бечора Самира ҷойи нишастан намеёфт, вале ӯ бо ду чашмонаш дид, ки чӣ гуна Шаҳло пулро ба сандуқи хушдоманаш гузошт ва инро ба хушдоманаш гуфт. Акнун холаи Моҳинав медонист, ки дуздаки хона кист, вале аз Самира хоҳиш кард, ки ин розро берун набарорад. Самира ба гапи хушдоман гӯш кард.

Байни тоҷикон масалест, ки "агар одам моли хонаи худро дуздад, дар он хона касофту наҳсӣ меояд" ва ин наҳсият ба сари писарони холаи Моҳинав, ки ҷавонони меҳнатию кордон буданд, ба «шарофат»-и балокелин омад. Шаҳло ҳиҷоб мепӯшиду «Қуръон» мехонд, вале бадияш ҳисоб надошт, шӯрандозу ғайбатчӣ ва дасташ қалб буд.

Оҳиста-оҳиста шавҳари ба доми ҷоду афтидааш қарздору муфлис гашт ва зиндагияшонро ҳевараш, ки акнун рӯзгораш ҷудо буд, пеш мебурд. Азобҳои зиёде ба сари ин хонаводаи тинҷу осуда омаданд, аҳли деҳа ёд надоштанд, ки аҳли ин хонавода фақирӣ кашида бошанд. Балокелин, ки акнун ду фарзанди бемору девонаавзоъ дошт, дар хона худро ҳокими мутлақ медонист.

Шавҳари Самира ҳамроҳи додараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд то қарзҳояшонро баргардонанд. Азбаски замини наздиҳавлигии Самира кам буд, хушдоман ба ӯ як қитъа аз замини наздиҳавлигияш дода буд то сабзавот корад. Ҳарчанд ин замини қариб якгектара моли ҳарду бародар буд, вале чашмони тангу бозингари Шаҳлои дуздак ба ҳамин ҳам сих мезад. Як рӯз Самира картошкаҳои шинондаашро меғундошт, ки Шаҳло болои сараш ҳозир шуда гуфт:

- Хайр ҳозир картошка шинонида гардед, ҳоли баъди сари кампир (ӯ холаашро дар назар дошт, ки нав ба ҳафтод қадам ниҳодаву ба кампир монанд ҳам набуд), ин ҷоро боғ мекунам.

Самира ба ӯ чизе нагуфт, вале аламаш кард. Зеро хушдоманаш нисбати онҳо хеле меҳрубон буду ҳатто ҷонашро аз онҳо дареғ намедошт. Чун хоҳаршӯяш ба хонааш омад, суханони авсунашро ба ӯ гуфт, хоҳаршӯ, ки аз зани бародараш аламҳои зиёд дида буд ва қарздор шудану оворагию сарсониии додарҳои меҳнатию дилсофашро самараи ҷодугарии холааи беимонаш медонист, даст ба сӯи осомонҳо бардоша дуо кард:

- Худованд, сиёҳпичча шавӣ то дар боғи ормоният зани дигар сайр кунад, дуздаки Худозада!, - Шаҳло ҳамон вақтҳо дуҷон буд, чун муҳлати ҳамлаш фаро расид, дасту пояшро варами кабуде фаро гирифт ва баъди се рӯзи беморӣ сари фарзанд рафт.

Холаи Моҳинав сари тобути ҷиян-келини баднияташу набераяки аз дунё чизе надидааш менолид, ҳама барои умри хазонгаштаи келинчаку кӯдаки ӯ гиря мекарданд. Танҳо Самира дар дил ҳарос ба хоҳаршӯяш андешаманд менигарист, ки ба янгаи беҷонхобидааш менигаристу ҳатто намегирист. Баъд аз гузаронидани маъракаҳои келин рӯзе Самира ба хоҳаршӯяш гуфт:

- Апа, беҳуда дуо кардед, Худо гирад даҳони бефаровези маро, кошки ҳамон гапҳояшро ба шумо намегуфтам,-хоҳаршӯяш бо нигоҳи пушаймон ба Самира нигариста гуфт:

- Албатта ин кори Худо аст, вале худам низ аз дуои кардаам пушаймонам.

Пас аз гузаштани ду соли фавти Шаҳло, Ниёз- шавҳари ӯ зан гирифт, Манижа духтараки меҳрубону дилсӯз ва хеле зебоипараст аст. Ӯ дар ҳамдастӣ бо хушдоманаш, ки имрӯзҳо ба ҳаштод қадам мениҳад, боғе бунёд карданд, ки дар деҳа назираш нест.

Манижа, Самираро чун апаи худаш эҳтиром мекунаду як пиёла чойро бе ӯ намехӯрад, пас аз марги Шаҳло зиндагии ин оила ранги дигар гирифт. Корҳои мардони хонадон омад карданду модар нафаси осуда кашид. Самира миёни боғи зебою сарсабз ҷавлон задани Манижаро дида, боз ба ёдаш дуои хоҳаршӯяш мерасад, ки аз алами модарашро бад гуфтани келин ба забон оварда буд. Самира ду духтари шавҳардор, келин ва як духтари қадрас дорад ва доим ба онҳо насиҳат мекунад:

- Бо хулқи хушу ахлоқи накӯ худро аз дуои бад эмин нигаҳ доред, зеро ҳалқи мо ҳикмате дорад- Дуо тир асту одам нишона.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД