Худоё, ба ман сабр бидеҳ, кӯмакам бикун, роҳи дурусти зиндагиро нишон бидеҳ, то дар ин дунёи дурӯза ман ҳам мисли дигар рафиқонам озодона зиндагӣ кунам. Азбаски падари ман бармаҳал вафот карда буд, бори гарони зиндагӣ, тарбияи се писару як духтар ба дӯши модарам афтода буд. Моро бо азобу машаққат тарбия намуда, ба воя расонд.
Ман дар оила писари нахустин дастёри модар будам. Бо маслиҳати якдигар зиндагиро пеш мебурдем. Ҳамсари ман аз маркази ноҳия буду занҳои бародаронам бошанд, аз деҳот. Баъди марги падарам зиндагӣ маҷбур кард, ки модарам дар бозор бо савдо машғул шавад.
Он солҳо модарам зани маро дар бозор хуш карда, келин карда буд. Хушдоманам низ дар бари модарам савдо мекард. Ӯ на писар дошту на шавҳар. Ҳатто хонаву дар ҳам надошт. Танҳо як духтар дошту дар хонаи бародаронаш зиндагӣ мекард. Онҳо бо модарам дугонаи ҷонӣ буданд. Ман бошам, аз зани додаи модарам розӣ набудам.
Ӯ дар бозор калон шуда, тарбияи хуб надошт. Ҳавобаланд буд, худро аз ҳама боло дониста, касеро писанд намекард. Ба зиндагии ширини янгаю бародаронам ҳавасам меомад. Аз хонаи ман ҳамеша садои ҷангу ҷанҷол мебаромаду халос. Бо ҳамин аҳвол соҳиби ду писар гаштем. Бо гузашти айём хушдоманам ба бемории қанд гирифтор шуда, оҳиста- оҳиста бемори бистарӣ гашт.
Дар хонаи бародаронаш ҳеҷ кас ӯро нигоҳубини хуб намекард. Модарам дилаш ба дугонааш сӯхту ӯро барои нигоҳубин ба хонаамон овард. Баъди чанде аз ман хоҳиш кард, ки занам ба бозор баромада, тиҷорати модарамро давом диҳад. Дар аввал розӣ нашудам. Ниҳоят ба хотири модарам розӣ шудам.
Ӯ ҳар субҳи барвақт кӯдаконашро ба боғча бурда мемонду ба кор мерафт. Бечора янгаҳоям модари ӯро нигоҳубин мекарданд. Зиндагиям якбора дилгир гашта буд. Занам дар ду моҳи кориаш тамоман тағйир ёфт. Бо пулҳои коркардааш либосҳои рангобаранг харида мепӯшид. Либосҳое мепӯшид, ки пӯшиданаш дар деҳа тамоман дуруст набуд. Бар замми ин, баъзе шабҳо ба хона дер меомад. Бо модарам ҷанҷол мекардам, ки чаро роҳи бозорро ба занам нишон дод.
Як бегоҳ писаронам дер карданд. Хавотир шуда, ба боғча рафтам. Дар гурӯҳ танҳо писарони ман буданду халос. Фарзандонам хеле таби баланд доштанду барои дер кардани модарашон мегиристанд. Ба ҳамсарам занг задам.
- Бо дугонаҳоям ба тамошои шаҳр омадем,- гуфт ва хун дар сарам ҷӯшид.
- Эй аблаҳ, ту аз кӣ иҷозат гирифта рафтӣ? Писаронат бемор шуданд. Садқаи фарзанд шавӣ,- гӯён писаронамро гирифта, ба хона омадам.
Соат даҳи шаб шуд. Ба ӯ занг задам. Дар ҷавоб гуфт, ки корат ба ман набошад. Вақте ки соати 12-и шаб ба хона омад, мо ҷанҷоли сахт шудем. Субҳи барвақт занам қаҳр карда, кӯдаконашро гирифта, ба хонаи тағояш рафт. Бегоҳ барои овардани ӯ ба хонаи тағояш рафтам, вале занам гуфт, ки дигар бо ман зиндагӣ намекунад. Боз як бори дигар мардонавор пурсидам, ки хуб фикр кун, фардо пушаймон хоҳӣ шуд. Ӯ ҳамоно як гап дошт. Сухани худро тасдиқ мекард, ки бо модараш иҷора меистад.
- Кадом аблаҳе туро аз роҳ бароварда истодааст, худат медонӣ,- гӯён ҳаволаашро ба Худо супоридам.
Ман марде набудам, ки дар зиндагӣ ба сари занам мушт бардошта бошам, ӯро суханони қабеҳ гуфта бошам. “Кош ӯро аз аввал сахт меқапидам” меандешидам ба худ. Шояд аз ҳамин хубиҳоям истифода карда, болои сари ман по монд. Фикрҳои зиёд маро асабӣ мекард.
Хуллас, занам рӯзи дигар мошин оварда, модари беморашро ҳамроҳи кӯчу бораш гирифта бурд. Барои кӯдаконам об аз дидагонам ҷорӣ мешуд. Писаронам гирякунон “бибиҷон, моро очам набарад” гӯён бо дастони кӯчакашон худро ба гардани модарам овезон мекарданд. Модарам зор-зор мегирист. Ӯ ниҳоят ба шармандагии келини кардааш тоб наоварда, корро бас кард, хонашин шуд. Гапу калочаи мардум мисли борон ба сарамон меборид.
Занам модарашро ба хонаи иҷора бурда, ҳамроҳи писаронаш мондаасту худ шабҳо ҳамроҳи дугонаҳои шабгардаш ба дискоклубҳо мерафтааст. Дилам ба ҳоли писаронам месӯхт, ки оянда ҳолу аҳволи онҳо дар дасти модари беандеша чӣ мешуда бошад?
Бо гузашти айём дубора оиладор шудам. Шукри Худо ҳамсарам духтари Худотарсу ботарбия буд. Як зиндагии ширини беғам доштам. Худро сарзаниш мекардам, ки чаро барвақттар аз зани аввалам ҷудо нашудам. Як зиндагии ҳарому пур аз фанду фиребро аз сар гузаронидам.
ИНЧУНИН, ХОНЕД:
Пас аз чанд вақт фаҳмидам, ки хушдоманам аз дунё гузаштааст. Гоҳ-гоҳе ба мактаб рафта, аз ҳоли писаронам хабардор мешудам. Писаронам харобу бепару бол буданд. Ба онҳо сару либос мебурдам.
Боре муаллима гуфт, ки писари хурдиат чанд муддат бемор аст. Тасмим гирифтам, ки ҳафтаи оянда аз кор ҷавоб гирифта, писарамро ба беморхона мебарам. Чанд муддат дар ҷои кор диламро сиёҳие пахш мекард. Дилам гувоҳӣ медод, ки ҳодисаи нохуше ба сарам меояд. Тоқат накарда, баъд аз панҷ рӯз ба хабаргирии писаронам ба мактаб рафтам. Писаронам дар мактаб набуданд. Хавотир шуда, ба назди муаллимаашон рафтам. Ӯ бо тааҷуб гуфт:
- Шумо хабар надоред? Писари хурдиатон дирӯз аз олам гузашт.
Бо шунидани ин хабар пойҳоям бемадор шуданду оҳиста- оҳиста ба замин нишастам. Дона-дона ашкҳоям ба рухсораҳоям мечакид. Худро дошта натавониста, аз назди муаллима дур шудам. Дер боз худро ба даст гирифта натавонистам. Намехостам дигар бо собиқ занам рӯ ба рӯ шавам. Ӯро дидан намехостам. Касофатии ӯ ба сари тифли бегуноҳ зада буд.
Бо ҷигари сӯхта ба хона омада, воқеаро ба модарам нақл кардам. Модарам илтиҷо мекард, ки ӯро ба назди келинаш барам, фаҳмидан мехост, ки ба писарам чӣ шуда бошад. Аммо ман ба рафтани модарам иҷозат надодам.
Рӯзҳову моҳҳо сипарӣ мешуданд. Ман низ духтарчадор шудам. Акнун ҳамсари аввалаам аз корҳои кардааш пушаймон шуда, ба зиндагии ман дахолат мекардагӣ шуд. Дар набудани ман гоҳ- гоҳе ба хонаи мо ба хабаргирии модарам меомадааст.
Як рӯз ба кор нарафта, хостам каме истироҳат кунам. Хеле хаста шуда будам аз қисмат, аз бори гарони зиндагӣ, ки барвақт раҳматии падарам ба дӯши ман гузошта рафта буд. Он рӯз ҳамсари аввалаам ба хона омад. Дер боз ӯро надида будам. Чеҳраи зебояш пажмурдаю аз он қаду қомати хиромонаш нишонае намонда буд.
- Барои чӣ омадӣ? Аз ман чӣ мехоҳи?, - пурсидам аз ӯ.
- Ба ман кӯмак кун. Писарамро бо ҷинояти дуздӣ ба маҳкама бурданд.
- Туро Худо занад, ин ҳама ҷазои Худованд аст, ки ба сари ту омадааст,-гуфтам дар посух.
Имрӯз касе аз пайвандонаш аз ҳоли ӯ хабар намегиранд. Худ қазоват кунед. Ҷавонӣ зудгузар аст. Фикри ояндаро кардан лозим. Зиндагиро мустаҳкам нигоҳ доред, бонувони азиз. То дар оянда мисли ҳамсари ман бе хонаву тоқаву танҳо намонед.