Ёқутой Иброҳимоваи 63-сола зиёда аз 40 сол мешавад, ки бо ҳунари рассомӣ машғул аст. Ин пиразани ҳунарманд тӯли ду соли охир бештари вақташро ба тасвири мусаввараҳои гуногун сарф мекунад. Ҳарчанд то ин муддат бо ин ҳунари зебо машғул бошад, ҳам вале то ҳол маҳсули дастонашро ба намоише набурдаасту ба касе нафурӯхтааст.
Хабарнигори сомонаи ”Оила” бо ин бонуи ҳунар ҳамсӯҳбат шуда, перомуни зиндагӣ ва ҳунари ӯ қисса намуд.
Истеъдоди худододӣ
Ёқутой Иброҳимова соли 1960 дар шаҳри ҳунармандон - Истаравшан таваллуд ёфтааст. Меҳри ҳунари рассомӣ ба дили ин бону ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ пайдо шудааст.
Қаҳрамони мо ҳоло хурд буду мавзеъҳои таърихӣ, манзараҳо ва қаҳрамони асарҳои гуногун ва афсонаҳоро рӯйи авроқ тасвир мекард. Асарҳои кӯдаконаи эҷоднамудааш аз тарафи муаллимону пайвандон доимо баҳои баланд мегирифт. Ҳамагон аз истеъдоди Ёқутойи хурдсол дар шигифт мемонданд.
"Хурд будам, ки тасвирҳои зиёд мекардам. Ҳамин, ки фурсати холӣ ёбам, дарҳол қаламу қоғаз гирифта, ба тасвири чизе мепардохтам. Оддӣ карда гӯям, расмкашӣ ҷону дилам буд. Агар кӯдакони замони мо ба ҳар гуна бозиҳо машғул шаванд, ман вақтамро ба расмкашӣ мегузаронидам. Вале, бо баъзе сабабҳо таҳсиламро дар ягон омӯзишгоҳи ҳунарӣ давом дода натавонистам. Борҳо гуфтанд, ки таҳсилатро идома деҳ. Худ ба худ мегуфтам, бо сари духтариям куҷоро таҳсил мекунам?", - мегӯяд рассоми куҳансол.
Холаи Ёқутой барвақт волидонашро аз даст додааст. Ҳарчанд тағояш барои идома додани таҳсил имкон фароҳам орад ҳам, аз набудани қуввати дил, яъне волидон таҳсилашро давом надодааст.
"Лекин барои он ки дар оянда соҳиби ҳунар шавам ва ба ин минвол соҳиби пайса гардам. Дар риштаи дӯзандагии Литсейи касбии техникӣ таҳсил кардам. Аз онҷо нозукиҳои ҳунари тарроҳиро омӯхтам", - иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.
Қаҳрамони мо ки зеҳни тез дошт, ҳунари дӯзандагиро зуд аз худ кард. Дар муддати кӯтоҳ ӯро дар коргоҳи ҳамонвақтаи "Трикотаж Ӯротеппа" ба кор қабул карданд. Солҳо дар он коргоҳ фаъолият намуд.
Тасвир кардан асабро ором месозад
Ёқутой Иброҳимова мегӯяд тасвир кардан барояш аз ҳама шуғли дӯстдошта асту тавассути он асабҳояшро ором ва худро хушҳол месозад.
"Ҳар боре, ки дучори мушкилот ё ғаму ғусса мешавам, қаламу қоғаз гирифта, чизеро тасвир мекунам. Расмкашӣ асабҳоямро ором месозад. Ҳатто ҳангоми тасвир роҳи ҳалли мушкилотамро меёбам", - бо табассум гуфт ҳунарманд.
Қаҳрамони мо бар он назар аст, ки рангҳо ба инсон хушҳолӣ мебахшанд. Ӯ ин рӯзҳо бо вуҷуди пиронсолияш расм мекашад. Ӯ бисёртар манзара, гулҳои рангоранг, портрети одамони тахайюлию воқеиро тасвир менамояд.
Бино ба нақли қаҳрамони мо, ҳатто вақти дар беморхона табобат гирифтанаш расми духтурон ва ҳамҳуҷраҳояшро тасвир карда, ба онҳо тӯҳфа кардааст. Ӯро дар он ҷо холаи рассом меномиданд.
Барои хушҳолӣ
Холаи Ёқутойро дар Истаравшан ҳамагон ҳамчун деҳқонзан мешиносанд. Зеро бештар ба боғпарварӣ машғул аст. Вай ҳунари рассомияшро ба касе низ ифшо накардааст. Ӯ гуфт, расмкашӣ танҳо барои хушҳол кардани худаш аст. Вале, пайвандонаш аз ҳунари ӯ огоҳ буда, фарзандони худро барои омӯзиш наздаш гузоштаанд.
Набераҳояш ин рӯзҳо аз ин ҳунар хуб огоҳ буда, якчанд нафари онҳо дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ таҳсил кардаанд. Қаҳрамони мо алҳол мехоҳад дар озмуну фестивалҳои рассомӣ ширкат варзида дастранҷи худро пешниҳод намояд.