(Давомаш)
Амина боварии комил дошт, ки зани соддаи раис масти хоб аст, аз ин рӯ бебокона ба ҷогаҳи соҳибхона даромада, лабони нафисашро ба лабони ташнаи Сайфулло ниҳод.
Бӯйи атри тани ҳамсоязан раисро чунон масту махмур кард, ки оламу одамро аз ёд бурда дар рӯйи бистари никоҳиаш ин зани номаҳрамро ба оғӯш кашида гургона дар барфзори синааш барфбозиро оғоз намуд. Дар хонаи шафат зани мағрури раис бехабар аз макри шавҳару ҳиллаи ҳамсоязан масти хоб буду дар ҳуҷраи хоб ду пайкар дар рӯйи кати гаронбаҳои хориҷӣ ошиқона бо ҳамдигар мепечиданд...
Ҳамсояҳои фосиқ то дергоҳ айшу ишрат намуда аз ҳамдигар коми дил ситониданд. Амина чунон аз гирумон бо раис хаста шуд, ки ақалан ҳамом накарда бо ҳамон бадани ифлос худро болои кӯрпача партофт.
Хоби бад
Зани раис хоб дид. Хоби бад. Дар хобаш мори калоне ба гарданаш печида ӯро бӯғӣ мекард. Аҷибаш он буд, ки сари мор ба одам монанд, аниқтараш айнан мисли чеҳраи ҳамсоязани “табиб” Аминахон буд. Мори одамшакл фашшосзанон ӯро даркашиданӣ буд, ки зани раис фиғони талхе кашида бедор шуд. Аз шиддати тарсу ҳарос нафас дар гулӯяш печида, банди дилаш меларзид. Чанд лаҳза аз шиддати ҳаяҷон занаки бечора мадори ба по бархостан надошт, баъд бо азобе худро ба даст гирифта аз ҷояш бархосту сӯйи хонаи хоби шавҳараш равон шуд. Дилашро гургон тала мекарданд, ки чаро ҳамсоя дар хобаш мор шуда, ӯро даркашидан мехост. Дар сар садҳо фикру хаёли мағшуш зани раис ба ҳуҷраи хоби шавҳараш даромад. Ин хона аз ду ҳуҷраи дарун ба дарун иборат буд ва зани раис дид, ки ҳамсоязан Аминахон дар ҳуҷраи берунӣ дар болои як курпачаи тунук дароз кашидаасту дар хонаи дарун шавҳараш дар рӯйи диван масти хоб аст. “Бечора занак хотири ҳамсоягиро карда шаби дароз беморпоӣ мекунаду мани аҳмақ бошам барои як хоб шуда дар ҳаққи вай гумони бад кардам” андешид зани раис дар дил ва ҳиҷолат кашида Аминахони нав пиннак рафтаро бедор кард, то барояш ҷойхоб андозад. “Ташвиш накашед янга, қариб рӯз шудааст, ҳозир ман ба хона меравам” гӯён, ҳамсоязан хоболудона ӯро аз ҷогаҳандозӣ боздошту дубора чашмонашро пӯшид. Таъсири дору ҳанӯз рафъ нашуда буд, аз ин сабаб зани раис саргарангона ба рӯйи ҳамсоязан кӯрпаи тунукеро бор карда, боз ба ҳуҷраи хоби худаш баргашт. Баробари сар ба болин ниҳодан хоби зани дунёбехабар бурд. Қарибиҳои субҳдам “бемору табиб” бори дигар “мулогир” карданд, сипас Аминахон шоду мамнун ба хонаи худаш рафту раис ба ҳавлӣ баромад, то машқи бадан намояд.
Зан не, гӯсфанди кар
Соҳибхоназан хеле дер аз хоб бедор шуда, тозон ба ошхона даромад, то барои шавҳари бемораш субҳона тайёр кунад, вале раис кайҳо чой дам карда баҳузур ноништа мекард. Занашро дида вай қаноатмандона табассум намуда гуфт:
-Дилам нашуд, ки туро нороҳат кунам, барои ҳамин худам чой дам карда, тухм пухтам. Биё, ҳамроҳ субҳона мехурем.
Занак, ки чунин меҳрубониро аз шавҳарашро дар даҳ соли охир бори аввал медид, хурсандона курсиеро дар паҳлуи мардаш ниҳода нишаст. Зану шавҳар мисли замони навхонадориашон ҳазлу шӯхикунон ноништа карданду раис азми ба кор рафтан кард.
-Кор-пор намеравед, мардакҷон! Имшаб шумо бо бемориатон маро рассо талхакаф кардед. Хайрият, ки ҳамин ҳамсояамон Аминахон ба ҷонамон даромад, вагарна ман чӣ кор карданамро намедонистам. Худо хайраш диҳад, занаки хуб будааст, писарамон духтарашро ба занӣ нагирифта бошад ҳам, дар дилаш кина нагирифта имшаб ба имдодамон расид. Бечора занак қариб то саҳар дар сари болини шумо беморпоӣ кард,-Аминахонро ситоиш намуд зани дунёбехабари раис.
Сайфулло дар дил ба ҳоли зани содааш хандида бошад ҳам, худашро ба нодонӣ зада, гуфт, ки шаб чи шуд, дар ёд надорад.
-Шаб қариб мемурдед, мардакҷон, илтимос, имрӯз кору боратонро партофта, назди духтур равед,-таъкид намуд ҳамсараш.
Сайфулло бо аломати ризо сар ҷумбонда аз ошхона баромаду ҷониби ҳуҷраи хобаш рафт, то либосҳояшро иваз намуда ба кор равад.
Миш-миши отаю бача
Вақте ки раис аз зинаҳои ошёнаи дуюм ба поён мефаромад, писари шабгардаш мошинсавор ба ҳавлӣ ворид гашт. Сайфулло аллакай шаб бо Дилбархон будани писарашро медонист, бинобар ин, писарашро ба як гӯша бурда дар бехи гӯшаш пичирос зад:
-Ман хонаи сеҳуҷрагии марказро ба номи занат гузарондам. Имшаб ягон муллоро ёфта Дилбарро ба худат никоҳ кун. Бемалол дар ҳамон хона зиндагӣ кардан мегиред. Фақат эҳтиёт шав, ки модарату холаат нафаҳманд.
Комил аз ин ғамхории падар шод шуда, ӯро ба оғӯш гирифт. Отаю бача оғӯш ба оғӯш буданд, ки соҳибхоназан, яъне модари Комил аз ошхона баромад ва кунҷковона ба онҳо нигариста пурсид:
-Падару писар пичир-пичир карда истодаед, боз ягон нағмаю нағомоти пинҳонӣ надошта бошед?!
-Эҳ оча, шумо як умр аз бадгумониатон намондед, ки намондед,-даст афшонд Комил.
-Очаат метарсад, ки дар ҳамин сари пириҳо ягон бонуи соҳибҷамол шавҳарашро медуздаду вай дар кӯча мемонад,-ҳозирҷавобӣ кард раис.
-Гӯри беваҳои шавҳардуздро зинда ба зинда меканам,-паст наомад зан.
-Эҳ занакҷон, шӯхӣ мекунам, шавҳари пиракию бемори ту дигар ба кӣ лозим,-Сайфулло инро гуфта ба сари чанбараки мошин нишаст, писараш бошад, таронаеро зери лаб замзамакунон ба хона даромад. Табъи падару писар ин саҳар чунон болида буд, ки гӯё хуми зар ё кони тиллову ҷавоҳирот ёфта бошанд.
Муаммои домодёбӣ
Комил муллоеро ёфта Дилбарро аз модараш пинҳонӣ ба никоҳаш даровард. Сайфулло бо баҳонаҳои гуногун ҳар шаб писарашро гӯё бо кадом кори муҳиме мефиристод, то занаш аз асли гап хабар наёбад. Комил қариб ҳам шаб оғӯши Дилбарро гарм карда, субҳдам шоду масрур ба хона бармегашт.
-Мардак, ҳамин писарамон бо баҳонаи кор ягон беваро наёбад. Тӯйро тезонидан лозим, то ки бача бероҳа нашавад,- андешамандона бо шавҳараш маслиҳат намуд модари Комил.
Сайфулло бо аломати ризо сар ҷумбонда, худи ҳамон рӯз аз пайи тарадуди тӯйи писараш шуд, вале Аминахон шарт гузошт, ки аввал духтари ӯро бо обрӯ ба “шавҳар” диҳаду баъд келинашро фарорад. Ягона муаммо дар ин масъала ёфтани домоди сохта буд, вале ин мушкилӣ низ ба зудӣ ҳал шуд. Яке аз ҳамсабақонаш ба Сайфулло занг зада, хоҳиш кард, ки барои ба Русия сафар кардани ҷияни ятимаш 500 доллар қарз диҳад.
-Ман қарз не, ҳамту барои ризои Худованд ба ҷиянат пул медиҳам, вале бар ивазаш вай бояд як хизмати кӯчак кунад,-ҷавоб дод раис ва хоҳиш кард, ки ҷавонро фардо ба наздаш фиристад.
Меҳмони деринтизор
Рӯзи дигар ятимчаи азми муҳоҷират дошта дари утоқи кории раисро кӯфта, бо ҳидояти котибаи мурчамиён ба назди Сайфулло даромад. Баробари аз дар даромадани ҷавон раис хурсандона ба пешвозаш бархоста нидо кард:
-Ана инро домод мегӯянд! Бо чунин қаду қомати зебою китфу бозуи Рустамона ту арзандаи шавҳари маликаи ҷаҳон шудан ҳастӣ, писарам!
Ҷавон аз ин гапи раис чизе нафаҳмида, ҳайрон ба вай менигарист, Сайфулло бошад аз чеҳраи зебои ҷавон чашм наканда аз дил мегузаронд, ки барои Дилбар аз ин дида домоди базеб пайдо кардан амрест маҳол. Ҷавон қомати баланд, чашму абрувони пайвасти сип-сиёҳ, лабу даҳони базеб ва китфу бозуи паҳлавонона дошт. Бо чунин сару сурат вай метавонист ҳунарпешаи номдор шавад, вале ятимию камбизоатӣ ин ҷавони зеборо ба пул муҳтоҷу ба кӯмаки ҳамин раиси маккор зор гардонида буд. Сайфулло ҷавонро ба нишастан таклиф намуд ва шаф-шаф накарда якбора шафтолуи гапро гуфта монд.
-Ман зангирӣ не, барои ба муҳоҷират рафтан пул қарз гирифтан омадам,-посух дод ҷавон.
-Ҳеҷ кас туро зан бигир намегӯяд. Вазифаи ту танҳо ҳамчун домод арӯсро аз хонаи модараш бо обрӯ баровардан аст. Ҳамин ки келинро ба хонааш расондем, ба ту ҷавоб, куҷое, ки мехоҳӣ, рафтан гир,- фаҳмонд Сайфулло ва маънидорона чашмак зад.
-Падару модари духтар фаҳманд, чӣ мегӯянд?! Мардуми як маҳалларо ахмақ кардан аз рӯйи инсоф нест,-норозиёна сар ҷумбонд ҷавон.
-Як духтари бечора бе тӯю тамошо бачадор гашта, дар байни ҳаққу ҳамсоя ва дӯсту душман шарманда шавад, магар аз рӯйи инсоф аст?!-Ҷавонро сари инсоф хонд раис ва афзуд:-Гуноҳи бандаи мӯминро пӯшонидан кори савоб аст, писарам, не нагӯй, ҳам кори хайр мекунию ҳам соҳиби ҳазор доллар шуда, бемалол ба Русия сафар мекунӣ.
Ҷавон, ки илоҷи дигар надошт, оҳи сард кашида бо аломати ризо сар ҷумбонд. Бастаи пулро ба назди домоди “фалшивий” гузошта, Сайфулло таъкид намуд, ки ин гап бояд байни ҳардуяшон монад.
(Давом дорад)
Р. Холов