Идомааш ... Қисмҳои қаблиро дар ин ҷо хонед.
Модарам ба падараму палонҷаш васият кард, ки агар мирад, дар ҳамин ҷо дафнаш кунанд ва ҳаргиз духтарашро ба деҳа рафтан нагузоранд, ӯ ин суханҳоро гуфта, ангушташро дар домони зани падарам печонида ҳасратӣ аз олам гузашт. Ғаму андӯҳи маро поён набуд, аммо зани падарам воқеан ҷойи модарамро гирифт, ӯ маро аз духтари худаш зиёдтар дӯст медошту эрка мекард. Ҳарчанд бибию бобо аммаю тағоҳоям зорӣ карда бошанд ҳам, дигар поямро сӯйи деҳа нагузоштам, оҳиста-оҳиста бо гузашти солҳо доғи модар дар сина монду сӯзишаш гузашт.
Ману Гулҷамол мактабро хатм карда, ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шуда, онро хатм кардем, ба ҷавонони хубе ба шавҳар баромада, барои волидонамон набераҳои ширинро ҳадя намудем. Як писари ман ҳамроҳи волидонамон мезисту хидмати онҳоро мекард, дами пирӣ волидонам хурсанду мамнун буданд.
Шавҳари ман тоҷир асту шавҳари Гулҷамол корманди ҳифзи ҳуқуқ, онҳо бо ҳам машварат карда, пиру кампирро ба зиёрати хонаи Худо фиристоданд. Пас аз бозгашти эшон ман барои писарам Парвиз, ки бо бобою бибияш мезист, духтари Гулҷамол Гулнисоро хостгорӣ кардам, акнун ду набера дар хизмати ин пирони бадавлат буданд, аммо…
Кӯргиреҳ
Ҳолати падарам яку якбора бад шуданду баъди ташхис маълум шуд, ки дилашон ба ҷарроҳии мураккаб ниёз дорад. Шавҳарам бо духтурон маслиҳат карданд ва қарор шуд ӯро ба Маскав барем, ман ӯро ҳамроҳӣ мекардам. Писари амаки калониям бо зану фарзандонаш дар ин шаҳри бузург кор ва фаъолият дошту моро хеле олӣ пешвоз гирифт, дар беморхона ману писари амакам бо навбат меистодем.
Дар ҳамин лаҳзаҳо намедонам барои чӣ бошад суханҳои модарам дар бораи фарзанди парӣ буданам ба ёдам омад. Ростӣ, ҳеҷ гоҳ сари ин сӯҳбат андеша накарда бошам ҳам, гоҳ-гоҳе ҳисси кунҷкобиям боло мегирифт. Аз фурсати муносиб истифода карда, бо як табибзани тотор маслиҳат намуда, барои муайян намудани падарӣ ташхиси худаму падарамро супоридам. Ин маблағи зиёд буд, аммо аз пулҳои барои падарам ҷудо карда нею ангуштарини тиллоямро фурӯхта, ин корро кардам.
Ташхисро дар яке аз лабораторияҳои беҳтарини Маскав супоридам, навбатам баъди даҳ рӯз буд. Дар ин миён падарамро ҷарроҳӣ карданд, он хеле хуб гузашт, падарам худашро хуб эҳсос мекард, писари амакам шабу рӯз дар барам буданд ва ман лаҳзае эҳсоси танҳоӣ накардам. Гулҷамолу шавҳараш, ҳамсари худам ҳам ҳар рӯз занг зада, аҳвол мепурсиданд, модарам ку орому қарор надоштанд, гоҳ субҳ занг мезаданду гоҳ шаб…
Банди ташвишҳо рӯзи гирифтани натиҷаи ташхис аз ёдам рафтааст, вале аз он ҷо ба ман занг заданд. Роҳравон худро мазаммат мекардам, ки ба як сухани ҳангоми беморӣ гуфтаи модарам бовар карда, худамро ба ташвиш гузоштам, натиҷаи ташхис маълум аст, зеро ман пайванди мустаҳкамеро байни худаму падарам эҳсос мекунам. Аммо натиҷаи ташхис маълум кард, ки ман фарзанди падарам нестам, мо умуман бегонаем.
Пеши сардори лабаратория даромада гуфтам, ки дар ин ҷо хато рафтанаш мумкин аст. Ӯ бо ҳайрат ба ман нигариста гуфт:- ҳаргиз! Писари амакам ду моҳ баъди ҷарроҳӣ моро дар хонааш нигоҳ дошт ва ман дар ин муддат тамоми ороишоти тиллои доштаамро фурӯхта, дар ду лабораторияи дигар ташхис супоридам, аммо натиҷа як хел…
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
Ростӣ, ин ҳама ташхисҳо заррае меҳри маро ба падарам кам накард, вале ҳеҷ намедонам, ки кӯргиреҳи дар қисматам пайдо шударо бо кадом нохун кушоям?
Шояд шумо хонандагони азиз мегӯед, ки модарам зани тарпочае будаасту маро аз марди дигар таваллуд кардааст? Мурам ҳам, ба ин бовар намекунам, зеро модари ман зани порсои намозхоне буд. Дар нимароҳи умр ҳайронам, намедонам ин розро ба кӣ гӯям? Он ҳамеша чун сояи сиёҳ маро думболгир аст, метарсам, ки чун модарам бемори рӯҳӣ нашавам…