(Идомааш)
-Нағз намебинам мегӯиву ҷойи хилват, ки ёфтӣ, сар ба зонуи аҷинаат мемонӣ-а! Аз мана барои ту занат азизтар будааст-да!
Хушдоманаш дарро ба шатта зада баромада рафту шавҳараш Ниссои бегуноҳро зери мушту лагад гирифт. Аламашро аз занаш гирифта, ин дафъа вай занашро чунон бераҳмона зад, ки Ниссои бечора аз тарси ҷон бо либосҳои дарида, сарлучу пойлуч ду фарзандашро гирифта аз хона фирор кард.
Ранҷи роҳпойӣ
Ниссо фарзандашро гирифта ба хонаи апаи хурдиаш омад, то каме ғазаби шавҳараш пасттар шавад. Гумон дошт, ки баъди чанде шавҳараш аз карда пушаймон мешавад ва хотири фарзандонаш омада ӯву кӯдаконашро боз ба хона мебарад, вале хаёлаш хом баромад. Рӯзҳову ҳафтаҳо турнасон мегузаштанду на Ниссо ва на бачаҳояш ба хотири шавҳари номеҳрубонаш намерасиданд. Ҷавонзани бетолеъ дар хонаи апааш ҳам рӯз надошт, ҷиянҳояш бачаҳои ӯро бо калтак таҳдид менамуданд ва ҳатто духтарчаашро баробари қадашон бардошта, баъд ба замин мезаданд. Апаи Ниссо муносибати бади шавҳару фарзандонашро ба кӯдакони хоҳараш дида, рӯзе худаш ба суроғи домод рафт, то омада зану кӯдаконашро соҳибӣ кунад. Хушдомани Ниссо ӯро бо қошу қавоқи овезон истиқбол гирифта, ҳатто ба хона муроот накард. Апаи Ниссо лаб газида аз домод, ки дар рӯйи кат нишаста буд, пурсид:
-Додарҷон, занат чи гуноҳ кард, ки бо кӯдакони хурдсол аз дар берунаш кардӣ?
Шавҳари Ниссо аз шарм сар намебардошт. Хомӯшии домодро дида, апаи Ниссо боз кунҷковӣ намуд:
-Хоҳари ман падару модаратро ҳурмат намекунад?
-Ниссо аз ман зиёдтар падару модарамро ҳурмат мекунад,-базӯр овоз баровард домод.
-Ин тавр бошад, чаро зану кӯдаконатро пеши пойи мадум мекунӣ,-насиҳатомез гуфт апаи Ниссо ва рӯ ба хушдоманаш гардонда афзуд:
-Одамони боақл хонаи як чумчуқро вайрон намекунанд, ки гуноҳ аст ва уболи чӯҷаҳояш мегирад. Хола, писаратонро насиҳат кунед, намонед, ки хонавайрон шавад. Гӯед, ки рафта зану бачаҳояшро гирифта биёрад.
–Ман чӣ кор дорам, худаш медонаду занаш,-лабашро бурма карда гуфт хушдомани Ниссо ва бо қошу қавоқи овезон ба хона даромад.
Талоқ
Апаю хоҳар умед доштанд, ки шавҳараш омада Ниссоро мебарад, вале ду рӯз пас янгаашон ба хона омада амр кард:
-Ниссо, шавҳару хусуру хушдоманат гуфтанд, ки дигар дар он хона барои ту ҷой нест. Рав ба суд аризаи ҷудошавӣ дода, чизу чората биёр!
Ниссо сар ба зер афканда чизе нагуфт. Апааш борҳо ӯро ба овардани чизу чорааш талқин намуда бошад ҳам, дигар по ба остонаи хонаи хушдоманаш наниҳод ва аз шавҳараш низ талоқашро талаб накард. Ҳамсояҳои хушхабар ҳар рӯз аз хонаи хушдоманаш ба Ниссо як хабари нав меоварданд. Аз забони ҳамин агентҳои бепул Ниссо шунид, ки шавҳараш «занам мурду се кӯдакам ятим монд» гуфта, духтари 35 -солаеро аз Шарора бо макру ҳилла ба никоҳаш даровардааст.
Овора
Зан гирифтани шавҳараш барои Ниссо зарбаи сахттарини тақдир буд. Ҷавонзани бетолеъ ба умеди дастгирӣ ба хонаи бародаронаш рафт, вале акаҳояш танҳо ду шаб Ниссою бачаҳояшро ба хона роҳ доданду халос. Янгаи калониаш боз чи бадгӯие кард, ки зани бародари хурдиаш исён бардошта пеши шавҳараш шарт гузошт:
-Хоҳарат худи ҳозир аз ин хона баромада наравад, ман меравам!
Ниссои дар байни обу оташ монда чӣ кор карданашро намедонист. Пеши пойи бародаронаш афтида зорӣ намуд, ки ақаллан дар таҳхона ӯро бо фарзандонаш макон диҳанд, вале бародарони бераҳм ҳатто нигоҳе сӯяш наафканданд. Ҳамин тавр Ниссои дар гирдоби тӯҳмат афтида боз фарзандони зиндаятимашро гирифта гирёну нолон ба кӯча баромад.
Соат аллакай аз 9-и шаб гузашта буд ва шамол мисли гурги гурусна уллос кашида боми баъзе хонаҳоро меканд. Борон бошиддат мебориду меборид. Селоби ашки Ниссо баробари борон мешориду ҷавонзани бетолеъ мисли мурғаки белона чӯҷаяконашро пешандоз намуда, гирёну нолон ҷониби хонаи хоҳараш қадам мезад. Суханони шавҳараш дар гӯшҳояш пайваста садо дода, дардашро боз ҳам афзунтар мекарданд:
- Бародарони ту занкалонанд, ҳеҷ гоҳ занҳояшонро монда туро нигоҳубин намекунанд!!!
Язнаи беҳтар аз бародар
Як сол боз Ниссо дар хонаи апаҳояш зиндагӣ дорад. Шавҳари апаи калониаш мудом «як духтар доштам, ту духтари дуюмам шудӣ» гӯён, дилбардориаш мекунад. Дилбардориҳои язна алами ӯро зиёдтар мекунанд ва меандешад, ки чаро бародаронаш чунин меҳрубон нестанд. Аҷиб, замони кӯдакӣ 8 бародару хоҳар дар зери як кӯрпа хоб мекарданд, акнун дар ҳавлии калоне, ки 8 дар хона дорад, барои як Ниссо ҷой нест!
Хоҳар-амонати модар
Мақсад аз дарҷи сарнавишти Ниссо он аст, ки бародарони ин ҷавонзани дар чорсӯи зиндагӣ танҳомонда ва дигар акою додароне, ки хоҳарони ҳамтақдири Ниссо доранд, боре сар ба гиребони андеша бикашанд. Бародарони азиз! Ягон зан намехоҳад, ки хонавайрону дарбадар шавад, вале гоҳо подоши ҳама сабру таҳаммули зан боз ҳам талоқ ва хонавайронист. Дар чунин ҳолат бародарон бояд дастгири хоҳарон бошанд, зеро ин қарзест, ки Худованд ба гарданашон бор кардааст. Фаромӯш накунед, ки хоҳаронатон амонати падару модари шумоянд. Амонате, ки бояд нигоҳбонӣ ва парасториаш намоед! Имрӯз агар дар ҳаққи хоҳарони худатон ғамхорӣ намекунед, чӣ гуна метавонед фарзандонатонро насиҳат намоед, ки дар зиндагӣ дастгири якдигар бошанд. Худо накарда фардо ба сари духтари худатон чунин рӯзҳо оянд, магар писарони шумо дасти хоҳаронашонро мегиранд?! Бад макун бар хеш, ки мебинӣ аз пеш гуфтаанд, некӣ кунед, то оқибати зиндагиатон нек бошад. Худованд подоши неконро ҳамеша бо некӣ ёд мекунад.
Анҷом!
Бибизайнаб
Таҳияи Рустам Азимов