Sebiston new 2024 october
Хушдоманам барои намозхонӣ лагаткӯб мекунад
6565

Исмам Нигора аст. Маро мушкиле маҷбур намуд, ки қаламу қоғаз ба даст гирам. Агар дарди диламро нанависам, мекафам ё ба ягон балои азим гирифтор мешавам.

Пеш аз шавҳар карданам намоз мехондаму хатми «Қуръони маҷид» намуда будам. Духтари зебою бамаънӣ, ки будам, талабгоронам хеле бисёр буданд. Волидонам аз байни хостгорони зиёд якеро интихоб карда, маро ба шавҳар доданд. Падар розӣ-Худо розӣ гӯён, ман ҳам муқобилият накарда, риштаи тақдирамро бо ҷавоне, ки дар умрам ягон бор надида будам ва ҳафт пушташро намешинохтам, пайвастам. Аз рӯзҳои аввали зиндагӣ эҳсос намудам, ки аҳли оилаи шавҳарам чандон парвои дину оин надоранд. Дар ин хона касе намоз намехонд ва умуман номи Худову расулро ба забон намегирифтанд. Ягон бор нашунидам, ки хушдоманам ақаллан дар вақти хӯрокхӯрӣ бисмиллоҳ гуфта бошад. Хусуру хушдоманам мудом муллоҳоро таҳқир мекарданд. Бало ба пасашон гӯён, охир ҳар кас дар он дунё барои аъмолаш худаш ҷавоб медиҳад гӯён, ман ба онҳо тамоман кордор намешавам, вале…

Ҳамин ки ҷойнамозро партофта ба намозхонӣ сар кардам, хушдоманамро гӯё ҷин зада бошад, доду фиғон карда ҳавлиро ба сараш мебардорад. Дар сари қаҳр аз даҳонаш чӣ гапи сахте, ки барояд, гуфтан мегирад, на фоҳиша мемонаду на маймуну бероҳа. Ин зани пояш ба лаби гӯр аз Худо шарм надошта, чанд бор вақти намозхонӣ маро мурданивор зад ва ҳатто ҷойнамозҳоямро оташ зад.

Шавҳарам қариб ҳар рӯз ин рафтори модарашро бинад ҳам, чашмашро ба кӯрию гӯшашро ба карӣ зада мегардад, гӯё ягон гап нашуда бошад.


Санаи 6-уми июли соли равон дар ноҳияи Варзоб ҳодисаи даҳшатангезе ба амал омада, соҳибкори ҷавон Шӯҳрат Ғолибов ва ҷиянаш Исломиддинро ба таври ваҳшиёна бо табар зада куштанд.


Дар хонаи шавҳарам аз рӯи намозхониам рӯз надорам. Ба гуфти хушдоманам ҳамаи муллою эшонҳо террористу фашистанд. Намедонам чӣ хел ба онҳо фаҳмонам, ки дунё аз рӯи муллою эшон не, аз рӯи бесаводии худи мардум бесару сомон шудааст. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Умрамро дар ҳамин дӯзах хазон созам ё талоқам талаб карда баромада равам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД