arzon replenishment
Домоди хушдоманфурӯш (қисми2)
2388

Раҳим ба ҳамаи ин ҷангу ҷанҷол ва моҷароҳо нигоҳ накарда, занашро дӯст медошт ва дилу нияти аз Маҳина ҷудо шудан надошт, аммо...

Талбон баҳонаю...

Пас аз шаш моҳ Маҳинаро ба хонаашон талбиданд ва падару модари Раҳим бо кулчаю тӯша келинашонро ба шаҳр оварданд. Сафармоҳ қудоҳояшро хуб зиёфат дода, гусел карду баъди рафтани меҳмонҳо аз зиндагии духтараш дар деҳа пурсон шуд. Маҳина зор-зор гиря карда, тамоми ҳодисаҳоеро, ки дар ин шаш моҳ дар хонаи хушдоманаш аз сараш гузашта буд, ба модараш нақл кард ва таъкид намуд, ки як умр бе шавҳар монад ҳам, дигар ҳаргиз пою қадамашро ба хонаи падару модари Раҳим намемонад. Шавҳараш бо ӯ зиндагӣ карданӣ бошад, бигзор аз шаҳр хона харад, набошад талоқашро диҳад, дар бозор савдогарӣ карда, рӯзашро шоҳона мегузаронад...

Хусуру хушдоманаш баъди як ҳафта барои бурдани Маҳина омаданд, вале Сафармоҳ баҳона пеш овард, ки духтараш ҳомиладор асту бояд ӯро аз назорати духтури занона гузаронад, чунки вай ба духтурҳои деҳа боварӣ надорад. Падару модари Раҳим “майлаш, келин боз 10-12 рӯзи дигар истад” гуфта рафтанд. Аз байн як моҳ гузашту ҳеҷ набуд, ки духтургузарии келини шаҳрӣ ба анҷом расида, ба хона баргардад. Падару модари Раҳим ба ғазаб омада, ба писарашон гуфтанд, ки рафта масъаларо дар назди зани эрка ва хушдомани сатангаш кундаланг монад, Маҳина дилу нияти зиндагӣ кардан дошта бошад, ӯро гирифта ба қишлоқ биёрад, вале надошта бошад, беҳтараш ҷавобашро диҳад.

-Ба тухми духтар қирон наомадааст, Маҳина, ки нашуд ягон Парвина ё Нигинаро ба ту гирифта медиҳам,-мегуфт модари Раҳим, ки аз аввал ситораи келини шаҳрӣ ба ӯ писанд наафтида буд.

-Хушдоманам мегӯяд, ки ман 10 ҳазор доллар медиҳам, ба болояш пул монда, аз шаҳр хона харед,-беҷуръатона арзи матлаб намуд Раҳим.

-Номаъқул кардааст, аблаҳ! Ман 25 сол бо хуни ҷигар барои он  писар калон накардаам, ки дар пирӣ моро партофта, думи занашро гирифта ба шаҳр равад. Дониста мон бача, агар ба хотири ҳамон зани аҷинаат аз шаҳр хона гирифта равӣ, ман туро оқи ду дунё мекунам,-таъкид намуд падараш.

Раҳим байни обу оташ монда, намедонист чӣ кор кунад. Вай занашро сахт дӯст медошт ва ҳаргиз аз Маҳина ҷудо шудан намехост, вале аз он метарсид, ки агар якравӣ карда, “хоҳед-нахоҳед ман ба шаҳр мекӯчам” гӯяд, падару модараш аз баҳри вай мегузаранду дар ин дунё дар назди хешу табор сархам шуда, фардои қиёмат ба ғазаби парвардигор гирифтор мешавад...

Ғазаби хушдоман

Раҳим бо умед ба назди хушдоманаш рафта, хоҳиш кард, ки Маҳинаро насиҳат кунад, охир зиндагии оилавӣ бозича нест, ки зан ё шавҳар маъқулат нашавад, аз баҳраш гузашта, домони дигарашро бигирӣ. Вай фикр мекард, ки раҳми хушдоманаш меояду духтарашро барои беақлӣ ва сабукфикриаш сарзаниш карда, боз ба деҳа мефиристад, вале хаёлаш хом баромад. Садафмоҳ тарафи духтарашро гирифта, ба сари Раҳим дод зад:

-Ту нокас, духтари гул барин зебои маро ба кунҷи қишлоқи бӯгинат  бурда партофтию боз ҳавои даҳан мекунӣ?! Ман кӯр шуда, ба ту духтар додам. Номарди худозада, ту пеш аз тӯй ба ман чӣ ваъда дода будӣ? Хар барин ҳангос мезадӣ, ки холаҷон, 40 рӯз пас аз шаҳр хона харида, духтаратонро ба наздатон меорам. Канӣ ваъдаҳоят?! Ҳунари хона харидану одам барин зиндагӣ кардан, ки надоштӣ, номаъқул карда, аз шаҳр зан гирифтӣ?! Худат барин ягон қишлоқиро мегирифтӣ ва шаб то саҳар бӯйи ахлоти гов бӯй кашида хоб мерафтӣ. Духтари шаҳриро, ки гирифтӣ, мард шаву барои занат шароит фароҳам биёр ё ҷавобашро деҳ...

Арӯси якрав

Ҳамин тавр, аз байн ду моҳ гузашт. Дар ин миён Раҳим чанд маротиба ба хонаи хусуру хушдоманаш рафта, бо волидони занаш суҳбат кард ва хоҳиш намуд, ки зиндагии онҳоро вайрон накарда, духтарашонро ба деҳа фиристанд, вале онҳо ӯро шунидану фаҳмидан намехостанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, Маҳина аз шавҳараш иҷозат нагирифта, тифли батнашро, ки қариб чормоҳа шуда буд, исқоти ҳамл кард. Ин рафтори ҳамсараш Раҳимро хеле сахт ба ғазаб овард, зеро вай умед дошт, ки ҳамин тифл оилаи онҳоро мустаҳкам мекунад.  Падару модараш таъкид мекарданд, ки масъалаи занашро ҳал кунад, меомадагӣ бошад, биёяд, агар нахоҳад, ихтиёраш ҷавобашро диҳад...

Суҳбати мардона

 Раҳим ба ҷойи кори хусураш рафт, то ки бо ӯ мардона суҳбат кунад. Ҷавон гумон дошт, ки падари Маҳина ҳамчун мард ӯро мефаҳмад, аммо хусураш низ як занкалони латта будааст. Вай мисли тӯтӣ гапҳои зану духтарашро такрор карда гуфт:

-Мо бадбахтии духтарамонро намехоҳем, вале Маҳина духтари шаҳр аст, вай дар шароити қишлоқи шумо зиндагӣ карда наметавонад. Нияти зиндагиатро давом додан дошта бошӣ, аз шаҳр хона бихар. Зӯрат нарасад, мо ёрӣ мерасонем. 10 ҳазор доллар мо медиҳем, агар падарат боз 10-15 ҳазори дигар диҳад, ягон духонагии нағз мехаред.

-Амак, охир падари деҳқони ман ин қадар пулро аз куҷо меёбад?-ноумедона гуфт Раҳим.

Боғу роғи бисёре доред, падарат хасисӣ накарда, як қисми боғашро фурӯшад. Ту худат ҳам дар масҷид кор намекардаи истодаӣ-ку, зарур шавад, аз бонк қарз бигир, хона мехарӣ, ана баъд қарзатро меканӣ,-беғамона ҷавоб дод хусураш.

-Амак, ман бо падару модарам маслиҳат мекунам ва занг зада ҷавобашро мегӯям,-Раҳим инро гуфта, бо табъи гирифта аз дар баромад...

Талоқи маҷбурӣ

Вай ба деҳа баргашта, дар сари дастурхон дар бораи суҳбати имрӯзааш бо падари Маҳина нақл кард ва гуфт, ки хусуру хушдоманаш розиянд, ки 10 ҳазор доллар диҳанд, агар онҳо зид набошанд, аз бонк боз каме пул қарз гирифта аз шаҳр ягон якхона харад. Дар фасли тобистон Маҳина дар деҳа монда, хизмати онҳоро мекунаду зимистон дар шаҳр зиндагӣ мекунанд.

-Ҳой сағера, ман ба ту аллакай гуфтам ва бори дигар мегӯям, ки агар моро партофта ба шаҳр равӣ, оқат мекунам. Дигар гапи мегуфтагӣ надорам. Худат интихоб кун, ки барои ту зан азиз аст ё падару модар,-инро гуфта, падараш аз сари дастурхон бархост.

-Эй бача, ту чӣ ин қадар дар пеши ҳамон зани беҳунарат худатро паст зада, зорӣ мекунӣ?! Ба ҳар як тори мӯят як духтар овезон аст, ҷони оча. Талоқашро деҳ, агар дар байни як моҳ ба ту зани духтар гирифта надиҳам, номамро мегардонам, -гуфт модараш.

Раҳим дигар илоҷ надошт, вай ба хусураш занг зада гуфт, ки падару модараш барои ба шаҳр кӯчидани ӯ розӣ нестанд ва дуо намедиҳанд.

-Ин хел бошад, беҳуда сари моро гаранг накун,-ҷавоб дод хусураш.

-Майлаш, ҷавоби духтаратонро додам. Метавонед ӯро ба ягон бачаи шаҳрӣ ба шавҳар диҳед,-Раҳим инро гуфту телефонро хомӯш кард....

Маслиҳати “дӯстона”

Барои алами дилашро каме ҳам бошад, фаромӯш кардан ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат Раҳим ҳамроҳи дӯстонаш ба Варзоб ва дараи Ромит дамгирӣ мерафт. Дар яке аз чунин гаштакҳо вай маст шуда, дарди дилашро ба амаки Зафар, ки ҳамсоли падараш ва ронанда буд, гуфта, аз хушдоманаш шикоят кард. 

(Идомаашро фардо соати 21-00 мутолиа намоед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД