arzon replenishment
Хушдоманам тиро ёбад маро намеёбад
2191


Ман як ҷавонзани бистсолаи дар чорсӯи зиндагӣ зору ҳайронмонда қиссаи зиндагиамро нақл карда, аз шумо маслимҳат пурсиданиям.

Духтари шаҳрӣ ҳастам, вале бо амри тақдир дар деҳа шавҳар кардам. Падарам маро дар синни 17-солагиам ба писари як ҷӯраи деҳотиаш ба шавҳар дод. Модарам ба издивоҷи мо розӣ набуданд ва мудом мегуфтанд, ки духтари шаҳрӣ дар қишлоқ азоб мекашад, мардакҷон, биёед беҳтараш фотиҳаро гардонем, вале падарам оилаи хуб аст, писарашон ҳам бачаи меҳнатӣ, иншооллоҳ духтарамон дар чунин хонадон хушбахт мешавад” гӯён, якравӣ кард. Ҳамин тавр бо ҳукми падар ба ҷавони ношиносе, ки хислату хӯяшро намедонистам, ба шавҳар баромадам.


“ Эй бева! Мошината ай иҷа мегирӣ ё не? Ба тра мо бекорем?”


Рӯзҳои аввал зиндагӣ дар деҳа бароям бисёр душвор буд, вале баъд оҳиста-оҳиста кору бори қишлоқро омӯхтам. Ман дар ин оила келини чорум ҳастам. Муносибати хушдоманам бо дигар келинҳояш чандон бад нест, вале аз чӣ бошад, ки маро чашми дидан надорад. Ҳамеша мегӯяд, ки вай дар ду дунё духтари шаҳриро келин карданӣ набуд, аммо шавҳараш сарашро гаранг кард. Духтари шаҳрӣ бошам ҳам, ягон бор нозу нуз накардаам, ки ман оғил намерӯбам ё таппак намекунам. Тамоми корҳоеро, ки келинҳои қишлоқиашон мекунанд, ман ҳам мекунам, вале ҳеҷ дили модаршӯямро ёфта натавонистам. Кампир сояи маро аз девор тарошида, ҳамеша ба сарам дод мезанад. Ба қавле тирро ёбад, маро намеёбад, маро ёбад, камонро ёфта наметавонад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳарам ҳеҷ бо ман созиш намегирад. Шавҳарам бачаи меҳнатӣ ва меҳрубон бошад ҳам, дилам ҳеҷ ӯро дӯст надошт, ки надошт. Соҳиби фарзанд гашта бошем ҳам, ҳеҷ нимаи якдигар шуда натавонистем. Саги ба гарданаш занҷир бастагӣ барин, хотири писарчаам маҷбуран бо шавҳарам зиндагӣ карда истодаам. Ман оилаи шавҳарамро бад карданӣ нестам, хонаашон дар қишлоқ бошад ҳам, зиндагиашон серу пур аст, вале ғур-ғури хушдоману ҳаёти бе ишқу муҳаббат ба дилам задааст. «Қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад» мегӯянд, зиндагии ман ба зиндагии ҳамон қурбоққа монанд аст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Ба хотири фарзандам ин зиндагии сарду бемаъниро давом диҳам ё ошкоро ба шавҳарам “ман туро дӯст намедорам” гуфта, аз ӯ талоқамро талаб намоям?
Нозанин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД