Arzon march 2024
ХУДКУШӢ АЗ КУҶО САР МЕШАВАД?
2651

Соати 12:15 дақиқаи рӯзи 2-юми марти соли равон дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба назди бинои “Шарқи озод”, воқеъ дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе, сафарбар гардида, соати 12:30 дақиқа аз чоҳи воқеъ дар наздикии бино ҷасади шахсияти ношиносеро берун оварданд. 

Тибқи иттилои як намояндаи Раёсати мазкур ҷасади марди ношинос аз ҷониби қисми навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳри Душанбе, аввали моҳи март дар ноҳияи Фирдавсӣ, назди бинои комплекси табъу нашри “Шарқи Озод” дар даруни чоҳ пайдо шудааст. 

Гуфта мешавад, ки шахсияти ҷасад маълум нашуд, зеро ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ӯ ҳамрҳаш набуд. Баъди аз чоҳ баровардан, корманддони идораи наҷот барои муайян кардани шахсияташ ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 
Ин аллакай дуюмин ҳодисаи аз об берун овардани ҷасади шахсияти ношинос дар зарфи се моҳи соли равон аст. Субҳи рўзи 28 феврал низ аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷасади сокини 45 солаи пойтахт дар ҳудуди Истгоҳи обтаъминкунии “Фишорӣ”-и маҳаллаи Заргар, дар дохили канали Варзоб аз об бароварда шуд.

Чунин иттиллоъҳоро имрӯз сари ҳар қадам дар торнамоҳои интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ метавон хонд. Ин амали куштор ё худкушист мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян хоҳанд кард. Аммо зиёд шудани ҳолатҳои худкуши боиси нигаронии ҳам мақомот ва ҳам мардуми оддӣ гаштааст. Он аз куҷо сар мезанад?
Барои ҷавоб гуфтан ба ин савол мо чанд омили асосии даст ба қатли худ задани одамонро таҳлил карда баромадем. 

Худкушӣ ё сӯйиқасд ба ҷони худ ин амалест, ки дини ислом ва ҳам қонунҳои ҷомеаи шахрвандии имрӯз онро маҳкум менамояд. Тибқи таълимоти исломӣ худкушӣ назди Худованд азимтарин гуноҳ аст ва шахсе, ки ин амалро анҷом медиҳад, ҳатто лоиқи ҷаноза буда наметавонад. Бояд гуфт, ки зиёда аз 97 фисади тоҷиконро мусалмонон ташкил медиҳанд, яъне шумораи зиёди ин миллат эътиқод ба дини ислом доранд.


 ФАРИДУН: АГАР ПАДАРАМ БАРНАГАРДАД, ХУДАМРО МЕКУШАМ!


Имрӯз иҷрои ин амали нангину сангин зиёдтар аз ҷониби духтарон ба вуқуъ меояд. Пас, саволе низ ҷавоб меҳоҳад, ки “Барои чӣ ҷавонони мо осонтарин роҳи раҳоӣ аз мушкилотро дар сӯйиқасд ба ҷони худ мебинанд?” Оё худкушӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандии мо шудааст? Ҷавоб додан ба ин савол ниҳоят душвор аст ва бояд ҷомеаи имрӯзи мо дар якҷоягӣ ба ин саволе, ки мавзӯи доғи рӯз шудааст, посух ёбад.

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иттилоотиву иҷтимоӣ хабару маводи зиёдеро дар бораи ба худкушӣ даст задани ҷавонон нашр менамоянд, ки сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Яке аз азобҳои хушдоману дигарӣ аз таънаҳои хоҳаршӯй, сеюмӣ аз дасти ошиқи дилозору чаҳорум аз боби қарздорӣ ва ҳамин тавр ҳар яке, ҳатто, майдатарин ҷузъиётро баҳона карда, даст ба худкушӣ мезананд. 

Дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳафтае чанд хабари қасд ба ҷони худ намудани нафареро мехонем. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҳама нуктаҳои сайёра дар ҳар як 40 сония 1 нафар даст ба худкушӣ мезанад. Тибқи иттилои Прокурори генералии кишвар Юсуф Раҳмон соли 2019 дар ҷумҳурӣ 632 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ рух додааст. Додситони кулл мегӯяд, ки худкушиҳо ва сӯиқасд ба ҷон дар соли 2019 назар ба соли 2018 ҳудуди 51 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.“Сабабҳои худкушӣ зиёданд. Муносибати ноодилонаи байни волидайну фарзандон, майнӯшӣ, нашъамандӣ, бемориҳои рӯҳӣ ва як қатор сабабҳои дигар боис мешаванд, ки баъзе аз шаҳрвандон даст ба худкушӣ зананд”, - мегӯяд Юсуф Раҳмон.

Ба гуфти ӯ, дар мақомоти Прокуроратураи генералии кишвар раёсати тафтишот амал мекунад, ки ба таҳлил, ҷамъбаст ва пешниҳоди парвандаҳои марбут ба худкушӣ машғуланд.
Юсуф Раҳмон илова намуд, ки вобаста ба ин ҳодисаҳо раёсати 51 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, аз он 39 парванда ба суд фиристода шудааст.

P.S: Хонандаи арҷманд, ба андешаи мо сабабҳои асосии худкушӣ дар шароити имрӯз тибқи факту далелҳо, қабл аз ҳама, гумроҳиву бесаводӣ ва гоҳҳо барвақт оиладор намудани ҷавонон, инчунин, рӯ овардан ба фарҳанги бегона ва тамошои филмҳои хусусияти зӯроваридошта ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати пешгирии ин бадбахтӣ тавсия медиҳем, ки ҷавонон ба ҷойи корҳои ношояму вақтгузаронии беҳуда ба омӯзиши забонҳои хориҷиву хондани китобҳои бадеӣ машғул шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД