Ману Шаҳзод мисли Лайлию Маҷнун ҳамдигарро девонавор дӯст дошта, бо садҳо умеду орзуҳои ширин хонадор шуда будем. Шавҳарам маро мудом рӯйи даст бардошта мегашт ва намемонд, ки ба поям хоре халад.
Пас аз як соли зиндагии асал барин ширин худованд ба мо п исарчаи зебоеро ҳадя кард. Шаҳзод аз писардор шуданаш курта-курта гӯшт гирифта, чунон хурсанд буд, ки ногуфтанӣ, аммо...
Хатои тақдирсӯз
Намедонам ба хушбахтии мо чашми бад расид ё тақдирам аз азал чунин будааст, ки дар дусолагии писарам як духтари фоҳиша сари шавҳарамро тоб дода, Шаҳзодро аз кӯчаи одамгаӣ баровард. Акнун вай шабҳо дер ба хона меомад ва нисбати ман мисли пештара меҳрубон набуд. Кирми рашк маро дарун ба дарун мехӯрд. Кофта-кофта суроғаи маъшуқаи шавҳарамро ёфтам ва ӯро мурданивор зада, дар назди ҳаққу ҳамсояҳояшон шарманда кардам. Барои ин корам Шаҳзод маро зери мушту лагад гирифту сари дарду алам қаҳр крада, ба хонаи модарам омадам. Шаҳзод баъдтар пушаймон шуда, чанд мароиба занг зад, ба хонаамон омада зориву тавалло намуд, ки барои як кайк шуда, пӯстинро оташ назанам ва ба хона баргардам, вале модарам “ мардаке, ки як бор ба рӯят по монда, туро бо кадом як фоҳишаи кӯчагӣ иваз кард, ҳаргиз фаво намекунад. Дафъ кун ин шӯйи бевабозатро! Ман тур бе падар калон кардам, ту ҳам писарамро бе ёрдами ҳаимн номард калон мекуни” гӯён, алов мемонд ва иҷозат намедод, ки ба хонаи шавҳарам баргардам...
Модарам духтари ҳаромӣ зоиду...
Дар ҳақиқат модарам маро бе падар калон карда буд, вале дар ҷудо шудани онҳо падарам не, худи модарам гунаҳкор буд.
Ёдам ҳаст, он солҳо солҳои бисёр душвори баъди ҷанги шаҳрвандӣ буд ҳанӯз ҳам баъзан барои як бурида нон шуда, ҳатто одам одамро мекушт. Тамоми корхонаҳо аз кор монда буданд, падарам маҷбур шуд, ки барои аз гуруснагӣ намурданӣ ману модарам ба Русия мардикорӣ равад.
Модари ношукрам дар набудани шавҳараш бо кадом як қумандон ишқбозӣ карда, ҳомиладор мешавад. Барои он ки шарманда нашавад, ба таваллудхона меравад, то ки исқоти ҳамл кунад, аммо дар он ҷо бо Гулпарӣ ном дугонаи бефарзандаш, ки ҳамшираи шафқат шуда, кор мекардааст, во мехӯрад. Дугонааш зорӣ мекунад, ки тифли батнашро таваллуд карда ба ӯ диҳад ва бар ивази ин “некиаш” пули калон ваъда мекунад. Модари баднафсам ба хотири пул шуда, кӯдакро нест намекунад ва баъди нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз духтарча таваллуд карда, ба Гулпарӣ медиҳад. Зан ба қавлаш вафо карда, ба модарам маблағи зиёде дод, аммо пули ҳаром ба сари оилаи мо бадбахтӣ овард...
Овозаи кӯдаки ҳаромӣ зоидани модарам то ба Русия расид ва падарам занг зада талоқашро дод. Ҳамин тавр бо гуноҳи модарам ман бе падар шудам.
Нози тақдирсӯз
Солҳо турнасон гузаштану ман бе падар ба воя расида, ба шавҳар баромадам, аммо то ҳол намедонистам, ки дар кадом як гӯшаи дигари шаҳр хоҳар дорам. Тавре ки дар оғоз нақл кардам, барои як фоҳиша шуда, бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол кардам ва ба хонаи модарам баргаштам. Аслан, дилу нияти аз шавҳарам ҷудо шудан надоштам, фақат мехостам камтар ӯро азоб диҳам, то ки дигар бевабозӣ накунад, аммо ин нозу арозам бароям гарон афтид...
Вохӯрии хоҳарон баъди 20-сол
Рӯзе барои харидани сару либос ба бозор рафта, тасодуфан бо зани зебое вохӯрдем, ки ҳамроҳаш як духтари қадраси аз ман 4-5 сол хурдтар буд. Духтар чунон хушрӯю дилкаш буд, ки чашми кас аз тамошояш сер намешуд.
Он зани ношинос модарамро гарм дар оғӯш гирифта, аҳволпурсӣ кард. Маълум шуд, ки онҳо ҳамдигарро хуб мешинохтаанд, вале аз чӣ бошад, ки табъи модарам бо дидани он зан ким-чихел хира шуд. Модарам аз китфи он зан гирифта, ӯро дуртар бурд. Онҳо ба сӯйи духтарак ишора карда, байни худ ким-чиҳо мегуфтанд. Ману он духтараки нозанин аз ину он чақ-чақ карда, бо ҳамдигар шинос шудем. Маълум шуд, ки духтарак Фаришта ном дошта, духтари якаву ягонаи ҳамон зан будааст. Модарам бо он зан хеле сӯҳбат кард. Ҳангоми гапзанӣ вай ҳар лаҳза ба сӯйи Фаришта нигоҳ карда, маънидорона сар меҷунбонд, вале чи гуфтанашонро намефаҳмидам, чунки онҳо аз мо хеле дур буданд. Ниҳоят модарам бо дугонааш хайрухуш кард ва мо ба хона баргаштем, аммо....
Рози фошгашта
Аз бозе, ки аз бозор баргаштем, модарам ба худ ҷойи нишаст намеёфтагӣ барин, мудом оҳи сард мекашид. Ба хонаи дарун даромада дарро аз дарун маҳкам мекард. Пас аз чанд соат ӯ бо чашмони аз гиря варамида аз хона мебаромад ва рӯзи дароз чизеро ба даҳон намебурд. Хеле пурсупос карда, ниҳоят фаҳмидам, ки зани дар бозор вохӯрдаамон ҳамон ҳамшираи шафқат ва духтари нозанини ҳамроҳаш буда, кӯдаке будааст, ки 20-сол пеш модарам бар ивази пули калон ба ӯ фурӯхта буд. Модарам чи қадар духтари зебою дилкаш шудани фарзан ди фурӯхтаашро дида, акнун аз кори кардааш сахт пушаймон шуда буд ва худро дарун ба дарун мехӯрд, шояд меҳри модариаш акнун ба ҷумбиш омада, ӯро ором намегузошт, аммо вақтро қафо гардонда намешуд...
Ман, ки як умр дар орзуи хоҳару додар будам, ба ҷону ҳоли модарам намонда, зорию тавалло намудам, ки рафта Фариштаро ба хона биёрем. Модарам оҳи сард кашида гуфт:
-Рафтанамон маънӣ надорад, аздусар модараш Фариштаро ба мо намедиҳад, охир дар ин 20-сол чи қадар азоб кашида, бо гули чиз ӯро калон кардааст. Модараш розӣ шавад ҳам, ба гумон аст, ки Фаришта маро ҳамчун модар қабул кунад, охир вай чашм кушода, Гулпариро дидааст...
Тӯйхабар
Аз байн тахминан як моҳ гузашт. Як субҳ машғули тайёр кардани наҳорӣ будам, ки садои занг баланд шуд. Дарро кушода дар рӯ ба рӯям холаи Гулпариро дидам. Дугонаи модарам бо ман гарм аҳволпурсӣ карда, моро ба тӯйи Фаришта хабар кард. Ҳарчанд “чой тайёр аст, дароед, ноништа карда, баъд меравед” гуфта бошам ҳам, холаи Гулпарӣ “духтарҷон, тарафи қудо бисёр саросема будаанд, ду пояшонро ба як мӯза андохта, маҷбур карданд, ки дар байни 10 рӯз тӯйро гузаронем. Ман меравам, ҳоло боз чанд кори нотамом дорем. Барои харидани баъзе майда-чӯйдаҳо ба бозор омадам, сари роҳ ба хонаатон даромдам, ки аввал шуморо ба тӯй хабар кунам” гӯён, даъватномаи тӯйро ба дастам доду таъкид кард, ки ҳатман ҳамроҳи модарам ба тӯй биёем ва хайрухуш карда, баромада рафт...
Фаришта дар қаср
Ҳарчанд зорию тавалл кардам, модарам “дилам намебардорад, охир чи хел ман зиндаю саломату духтари маро каси дигар ба шавҳар медиҳад” гӯён, ба тӯй рафтан нахост. Наравед ихтиёратон, ман меравам, охир чи хеле набошад, Фаришта хоҳарам мешавад. Хоҳари яккаву ягонаам гуфта, туҳфаҳои зиёде харидам ва ба тӯйи хоҳарам, ки апааш будани ман намедонист, равон шудам. Хонаи холаи Гулпарӣ сеошёна буда, қасрро ба ёд меовард. Дар болои дастурхон ба ғайр аз ширу мурғу ҷони одам дигар ҳама чиз буд. Падархону модарашхондан барои Фаришта он қадар ҷиҳози бисёре харида буданд, ки бо диданаш ҳуш аз сарам парид, вале хоҳарам ҳанӯз лабашро инҷ карда, аз чизе норозӣ буд. аз пичир-пичири меҳмонҳо фаҳмидам, ки Фаришта таҳсилашро дар донишгоҳи тиббӣ ба охир расонидан мехостааст, вале падару модараш “мабодо пирдухтар шуда намонад” гӯён, ӯро ба як ҷавони сарватманд ба шавҳар додаанд. ...
Домодро дидаму беҳуш шудам
Як вақт садои сигнали пай дар пайи корвони мошинҳо баланд шуд. Касе аз хешовандони арӯс “хезед, домод омад!” гӯён, нидо кард. Хурду калон бо шавқ парида аз ҷойҳояшон бархостанд. Қатори дигарон ман низ ба берун давидам, то язнаамро бубинам, аммо...
Зери садои карнаю сурнай аввал шоҳидаш, сипас худи домод аз мошини сафеди бисёр зебо, ки бо шавқу ҳаваси зиёд оро дода шуда буд, фаромаданд. Бо дидани шавҳаршавандаи хоҳараш ҳуш аз сарам парид, зеро домод на ягон ҷавони бегона, балки шавҳари худам, падари фарзан дам буд. Фақат ҳамин қадарашро дар ёд дорам, ки чи тавр рӯямро бо ду дастам дшта “Шаҳзод?!” гӯён, фиғон кашидам. Дигар чӣ шуд, дар хотирам нест, чунки мисли чанори якбора решагардон шуда, гурсосзанон ба замин афтодаам.
Дар он ҳангомаю даводави шаҳбиёӣ кӣ маро аз замин бардошта ба хона даровард, намедонам, вале вақте ки чашмонамро кушодам, болои сарам пур аз одам буд. холаи Гулпарӣ “духтарҷон, ба ту чӣ шуд, моро талхакаф кардӣ” гӯён, дар гирдам парвона буд. хостанд духтур ҷеғ зананд, вале ман бо ишораи сар соҳибхонаҳоро аз ин кор манъ намуда хоҳиш кардам, ки маро бо мошине ба хонаамон фиристанд. “Ман туро аз паси арӯс янга бурданӣ будам” гуфта, холаи Гулпарӣ хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш ба хонаи Фаришта равам, вале “саломтиам хуб нест, баъдтар ҳамроҳи модарам арӯсбинӣ меравем” гӯён, рад намудам...
Хоҳарам зани шавҳарам шуду...
Ҳамин тавр хоҳарамро ба хонаи бахташ гусел краданду мани ба ғам печида бо дили ҳазин ба хона баргаштам. Аз тӯйи Шаҳзоду Фаришта аллакай қариб 20-рӯз гузашта бошад ҳам, то ҳол ба худ наомадаам. Рашки дар вуҷудам ба мисли гулхан аланга зада, тамоми пайкарам месӯзад. Мехоҳам ба сари хоҳари шавҳардуздам рафта, мӯю рӯяшро канам, вале модарам “Фаришта ягон гуноҳ надорад, охир вай аз куҷо медонист, ки Шаҳзод шӯйи ту аст. Бечора духтар ҳатто намедонад, ки ту апааш ҳастию ман модари ҳақиқиаш”-гӯён, тарафи духтари ҳаромиашро мегирад.
Ба модарам нафрат дорам!
Шаҳзод Фариштаро ба занӣ гирифта бошад ҳам, то ҳол талоқи маро надодааст ва расман шавҳари ман ҳисоб мешавад, чунки мо ЗАГС дорем. Ростӣ, аз бозе, ки хоҳарам зани шавҳарам шуд, ба модарам ҳам нафрат пайдо кардааму дигар рӯяшро дидан намехоҳам. Дар ҳама бадбахтиҳои ба сарам омада ман модарамро гуҳакор меҳисобам, агар ӯ дар вақташ духтари ҳаромӣ зоида бар ивази пули калон ба каси дигар намефурӯхт, шояд имрӯз хоҳарам ба шавҳари ман ба шавҳар баромада, бахтамро сиёҳу фарзандамро зиндаятим намекард. Сарҳисоби корамро гум кардаам, баъзан мехоҳам бар рағми ин бозии номардонаи тақдир худамро бо писарам ба дарё партоям, вале тарси ба оташи сӯзони дӯзах афтидан маро аз ин роҳ бозмедорад.
Илтимос, ба мани ғамзада ягон маслиҳати судманд диҳед, вагарна аз рашку алам девона шуда ё худамро мекушам ё модарамро бо духтари ҳаромиаш.
Заринаи сиёҳбахт