Бонки милллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”-ро тавзеҳ дода, гуфт, яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шудани бонкҳо ин кори муштараки хешовандони наздик дар мансабҳои роҳбарикунанда мебошад.
Бинобар шарҳи Бонки миллӣкори муштараки хешовандони наздик дар вазифаҳои баланд ба он оварда расонд, ки дар низоми бонкии кишвар мушкилоти молиявӣ сар занад.
“Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ ин якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад”-омадааст дар тавзеҳномаи Бонки миллӣ.
Бонки миллии Тоҷикистон кори муштараки хешовандони наздик дар мансабҳои баландро сабаби мушкилиҳои молиявӣ дар низоми бонкии кишвар номид ва тағиротҳои ба наздикӣ қабулшуда ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ёдрас шуда гуфт, ки он барои ислоҳи чунин вазъ таҳия шудааст.
Ёдовар мешавем, нимаи моҳи август, президент Эмомалӣ Раҳмон тағйиру иловаҳо ба ин қонунро имзо кард. Ба таъкиди Бонки миллӣ, тағйиру иловаҳо ба қонун ба пешгирии фасод ва маҳдуд кардани кори муштараки хешовандони наздик дар бонкҳои кишвар равона карда шудаанд.
Тибқи шарҳи манбаъ, тағйиротҳои дар қонунгузорӣ вогридгардида ба он мақсад қабул гардиданд, то ба фаъолияти якҷояи хешони наздик дар ташкилотҳои қарзӣ роҳ дода нашавад ва хавфҳои амалиётӣ аз амалу беамалии онҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти бонкӣ пешгирӣ карда шавад.
Тибқи қонунгузорӣ ба хешовандони наздик- зану шавҳар, фарзандон, падар, модар, бародарон, хоҳарон, наберагон, инчунин падар, модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан ва шавҳар, волидони ҳамсар ва дигар шахсоне, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд ва хоҷагии умумиро пеш мебаранд, дохил мешавад.
“Солҳои охир дар ҷумҳурӣ ду бонки калон – “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” барҳам дода шуданд. Қарзҳои “Фононбонк” дар назди муштариёнаш қариб, ки тамом шуд, аммо мушкили молии “Тоҷпромбонк” бо мизоҷонаш ҳануз бузург аст”, шарҳ медиҳад хабаргузории Спутник дар Тоҷикистон..
Ҳамзамон ду бонки дигар - "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агоинвестбонк" дар ҳолати мушкили молиявӣ қарор доранд ва пурра фаъолият карда наметавонанд. Тибқи иттилои БМТ, ҳоло дар Тоҷикистон 18 бонк, 20 ташкилоти қарзии амонатии хурд, панҷ ташкилоти қарздиҳии хурд ва 28 фонди қарзии хурд фаъолият мекунанд.