Зани ҷавону шӯйи пир (ҚИСМИ 1)
1953

Духтарони бозор

Падарам оламро барвақт тарк гуфтааст, аслан ӯ дар садамаи автомобилӣ ҳаёти ҷавонашро аз даст додааст. Модарам, ки маълумоти олӣ надошт, рӯ ба бозор овард. Кӯдакиҳои ман низ дар бозори серғавғое гузаштааст, ки дуртар аз хонаамон воқеъ гаштааст. Зеро ману апаам духтаракони бозорӣ будему медонистем, ки агар ҳамин рӯз чанд дона қурут, чанд пиёла чолоб ё вазелине нафурӯшем, бегоҳ бе нон мемонем…

Оилаи хурди бемардинаи мо дар ду хоначаи ниҳоят камбағалона, вале тозаю озодае умр ба сар мебурд. Модарам зиёд мехост, ки писаре дошта бошад, зеро чун ҳама занҳои тоҷик ақида дошт, ки маҳз писар соҳиби мурдаю зиндаи волидайн мегардад, духтар моли мардум аст. Модарам модар, акаю додар ва апаю хоҳарони зиёде дошта бошад ҳам, як зани мустақил буду ҳаргиз дасти тамаъ ба сӯйи касе дароз намекард. Холаҳоям бо мо муносибати хуб дошта бошанд ҳам, тағоҳоям он қадар модарамро дӯст намедоштанд, зеро бо падари ман бидуни ризоияти волидайну бародаронаш хонадор шуда, сари онҳоро ба қавле миёни мардуми қишлоқашон хам карда будааст.

Модарам бори дувум низ бо ихтиёри худ бо як ронанда шинос шуда, ба хотири писардор шудан зани дуюми ин мард гашт.

Падарандарам марди хубе буд, ҳар гоҳи омаданаш каму беш маводи хӯрданӣ меовард, вале мо худамон меҳнат карда, рӯзамонро мегузарондему ба нони вай ниёз ҳам надоштем.

Пас аз як соли зиндагии муштараки оилавӣ модарам барои мо додараки зебое таваллуд кард, мо дар симои ин тифлаки бепаноҳи маъсум сояи сари ояндаамонро дида, хушнудӣ мекардем. Тақдири модарам бад будааст, ки баъди яксола шудани додаракам ин шавҳараш низ бо мошинаш ба дарё парида, ӯ дубора бева шуд...

Янгаи меҳрубон

Мо ки аз зиндагии сахт ҳарос надоштем, тамоми кӯшишамонро барои ёфтани як бурда нон мекардем, вале оташи ҷанги шаҳрвандӣ сар заду ҳоламон хароб шуд. Модари бечораам аз тарси бадном нашудани мо апаи понздаҳсолаамро ба як нафар ҳамсояаамон, ки хешу таборашон боевик буданд, бо як коса об никоҳ карда доду онҳоро дар хонаамон монда, мани чордаҳсоларо бо додаракам гирифта ба хонаи тағоҳоям рафт. Тағоҳоям ба мо он қадар нигоҳи бамеҳр надошта бошанд ҳам, бибияму зани тағои калониям, ки дар вақташ аз модарам некиҳои зиёде дида будааст, моро хеле меҳрубонӣ мекарданд. Мани меҳнатӣ шабу рӯз дар хонаи сермеҳмони тағоям заҳмат мекашидам…

Як шом ба хонаи тағоям меҳмонони зиёде омаданд, онҳо ҳамроҳи як хеши сарватманди янгаам буданд. Пас аз рафтани меҳмонон янгаам ману модарамро пешаш хонда, ба модарам муроҷиат карда, гуфт:

- Саида, ҳамин писари амакам дар мансаби баланд, корхонаву кушку ҳавлиҳои бешумор дорад, вале фарзанд не. Ҳамсараш духтари амаки калониямон аст, аммо чордаҳ сол боз соҳиби фарзанд намешаванд, ҳоло зангир аст, агар розӣ шавию Дилосоро ба ӯ диҳем, дар зиндагӣ ягон мушиклие нахоҳӣ дид…

Модарам чун фаҳмид, ки домод аз ман сӣ сол калон аст, талхакаф шуда, гуфт:

- Янгаҷон, охир ин кӯдак аст, писари амаки шумо бошад, бобояш мешавад.

Янгаам бо дилсӯзӣ модарамро ба андеша кардан водор намуд:

- Э Саидаҷон, ман авҳоли туро дида мегӯям, мана Дилнавозатро бо як коса об ба як бекафан додӣ ку… Писари амаки ман духтаратро маликаи қасрҳои тиллоӣ, худатро бошад, зани занон мекунад, инро ман ба ту мегӯям. Духтари худам хурдтар аст, набошад, худам домодаш мегирам…

(Давом дорад)

ДИЛОСО

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД