Тӯйи бедойра
Модарам ду рӯз фикр карда, розӣ шуд, ки мани чордаҳсоларо ба марди аз худам сӣ сол калон ба занӣ диҳад. Ман кӯдак будам, аз ҳафт-ҳаштсолагӣ бар дӯшам бори зиндагӣ афтода буду як луқма нонамро худам меёфтам. Бо ақли кӯдаконаам суҳбатҳои модарамро бо янгаам бар тарозуи андеша баркашида, розӣ будам, ки ба мӯйсафед ҳам бошад, ба шавҳар барояму модарамро аз муҳтоҷию дастнигарӣ халос кунам.
Тӯйи ману шавҳари пирам баъди ду ҳафта барпо шуд, ман арӯси даврони ҷанг будаму куртаи сафед ба бар кардану зери карнаю сурнай ба хонаи шавҳар рафтан дар насибам набудааст. Домод ба дасти модарам пули зиёде қаппонда, дар хонаи тағоям гове кушта ба мардум маърака дода, як бегоҳ дар мошинаш савор карда ба Душанбе овард. Аз пасу пеши мо мошини муҳофизон мерафт, домод давоми роҳ тамоман гап назад. Мошини мо назди бинои баландошёнае қарор гирифту ман бо роҳнамоии шавҳарам ба ошёни сеюм баромадам. Дар хона моро ҷавонзани баландболои меҳрубоне пешвоз гирифта, ба меҳмонхона даровард. Мардон ба куҷое рафтанду ҷавонзан худашро ба ман шиносонд:
- Ман Раъно ном дорам, ҳамсарам ронандаи Ниёз - шавҳари ту аст. Ту чӣ ном дорӣ?!
- Ман Дилосо,- гуфтам ва аз чӣ бошад, дилам сиёҳ шуду талх гиристам.
Раъно сари маро ба сандуқи синааш зер карда, бо овози гиряолуд гуфт:
- Бачаҳаки ҷангандоза дар сандуқи синааш бикушад, кӯдакои бечора…
Раъно давоми суханашро нагуфту маро тасалло дода, шодиомез нидо кард:
- Дилосоҷон, акаи Ниёз марди хубу дилсӯзест, Худо хоҳаду барояш фарзанд таваллуд кунӣ, туро тоҷи сар мекунад. Гиря накун, шавҳари ту калонтар бошад ҳам, марди хубест. Бовар кун…
Ҳарчанд Раъно маро тасалло медод, аммо мегиристаму худамро дошта наметавонистам.
Ҳамин вақт Ниёз даромада, ин ҳолро дида, гуфт:
- Духтари хеш, натарс, туро куштанӣ наовардем, агар нахоҳӣ, бурда назди модарат мемонамат.
Аммо Раъно маро пуштибонӣ кард:
- Ака, ҷойи нав, одамони нав, кӯдак аст ҳоло, омӯхта мешавад.
Ниёз бо қатъият гуфт:
- Кӯдак шавҳар намекунад!
Ниёз дар ошхона ба Раъно чизе гуфту баромада рафт. Пас аз рафтани ӯ Раъно гуфт:
- Дилосо, Ниёз марди тозаю озода ва пулдор асту занони зиёде дар гирдаш парвона, аз ин рӯ, ту бояд чизҳои зиёдеро бидонӣ. Ману ту як ҳафта дар ихтиёр дорем, Ниёз ба хориҷа меравад ва то омаданаш ман баъзе чизҳоро ба ту меомӯзам.
(Давом дорад)
ДИЛОСО
Таснифи Нисо ХОЛИД