1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2025
1087

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳтимол дар зиндагии шумо тағйироти муҳим рух диҳад. Шояд вохӯрии сарнавиштсоз дошта бошед, ки аз хона ва ҷои кор дур сар мезанад. Дар рафтору кирдор боэҳтиёт бошед, эҳсосотро идора намуда, ба маслиҳати одамони хуб гӯш диҳед. Барои бастани шартнома ва тағйири касб рӯзи хуб аст. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад, қарзҳоро пардохта метавонед. Варзиш, истироҳат ва шиносоии нав бароятон судманд аст.

Савр (21 апрел-21 май)

Маъюс нашавед, дилбастагиҳои муваққатӣ аҳамияти калон надоранд, муҳаббати ҳақиқӣ ҳанӯз дар пеш аст. Оиладорҳо бояд вақти зиёдро барои корҳои хона сарф кунанд, ки дар ниҳоят фоидаашро мебинанд. Дар ҷои кор худро хаста накунед, ҳаққи меҳнататонро талаб кунед. Шароити ноором ба зудӣ тағйир меёбад ва маблағ низ фаровон мешавад. Агар аз дарди дандон азият мекашида бошед, таъхир накарда, ба духтур муроҷиат намоед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Барои оғоз намудани муносибатҳои нави ошиқона рӯзи мусоид аст. Нафарони муҷаррад бахти худро меёбанд. Дар нимаи дуюми рӯз мушкили молӣ пайдо мешавад, вале ногаҳон ба дастатон маблағ мерасад. Аз нафароне, ки шуморо нороҳат ва асабӣ месозанд, дурӣ ҷӯед. Барои беҳдошти саломатӣ бештар ба ҳавои тоза бароед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз хатари сар задани баҳс вуҷуд дорад, вале агар ором бошед, ягон нофаҳмӣ рух намедиҳад. Аз якрангӣ канорагирӣ кунед, то муносибатҳои ошиқона дилгиркунанда нашаванд. Шумо баъзан аз мушкилот гурехтан мехоҳед, вале ин роҳи дуруст нест. Пулро табъи дил сарф кунед. Барои истироҳати фаъол рӯзи хуб аст, аммо аз варзишҳои хатарнок худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар муносибатҳои ошиқона боэҳтиёт бошед, агар меҳру муҳаббат кам шуда бошад, метавонед онро баргардонед. Вақтро бо аҳли хонадон гузаронед, мушкилоти кӯҳнаро ҳал кунед ва дӯстиро қавӣ намоед. Соҳибкорон бояд боэҳтиёт бошанд, то диққати зиёдро ба худ ҷалб накунанд. Рӯз оромӣ ва қувват мебахшад, шартномаҳо, харид ва амалиётҳои молӣ муваффақ мешаванд. Баъд аз зӯҳр барои саломатӣ ва зебоӣ вақт ҷудо кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз метавонед дар ҳолати душвор қарор гиред. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати дӯстдоштаи худ меҳрубонии бештар зоҳир намоед. Оиладорҳо дар муҳити ором ва ҳамдигарфаҳмӣ рӯзро мегузаронанд. Бигзор корҳоятон бо рафти худ ҷараён гиранд, бе шитоб. Дар масъалаҳои молӣ танҳо ба ҳиссиёт такя накунед, маълумоти дақиқ гиред. Барои қавӣ кардани иммунитет варзишро оғоз намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Муносибати ошиқона метавонад ба оиладоршавӣ расонад. Агар оиладор бошед, ба ҳамсаратон таваҷҷӯҳ кунед, то аз беэътиноӣ шикоят накунад. Имрӯз метавонед обрӯи худро дар кор ва оила баланд кунед. Барои соҳибкорон эҳтимоли иштибоҳҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дорад, эҳтиёт бошед. Агар бемориеро эҳсос кардед, ин нишонаест, ки дар зиндагӣ чизеро тағйир додан лозим аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Бо шахси дӯстдошта нофаҳмӣ имконпазир аст, бояд сабуру дурандеш бошед. Барои оиладорон роҳи ягонаи ҳал оромӣ ва гуфтушунид мебошад. Рӯзи хубест барои касоне, ки бо кори фикрӣ машғуланд. Дар масъалаи пул эҳтиёт бошед, хароҷоти беҳуда накунед. Барои ором шудан ба варзиш ва корҳои ҷисмонӣ машғул шавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз ба хоҳишҳои ҳамсар ё дӯстдоштаи худ диққат диҳед, то табъашон нохуш нашавад. Нақшаҳое, ки иҷро намешаванд, ба таъхир гузоред. Рӯзи хуб барои даромади иловагӣ ва натиҷаҳои мусбат дар кор аст. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, аз камҳаракатӣ, истеъмоли ғизои равғанин ва ширинии барзиёд худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз диққати одамон ба шумо зиёд равона мешавад. Дар сухан ва рафтор эҳтиёт кунед, то пушаймон нашавед. Вақтро бо аҳли хонадон гузаронед, муҳаббат ва меҳрубониро бештар кунед. Барои қабули қарорҳои муҳим фурсати мувофиқ аст. Бо ҳуҷҷатҳо эҳтиёт бошед, зеро таъхир ва ғалатҳо имкон доранд. Аз ташхис ё ҷарроҳӣ канорагирӣ кунед, чун натиҷаҳо метавонанд нодуруст бароянд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ҷодаи муҳаббат рӯйдоди ногаҳонӣ ба нафъи шумо мешавад. Нақшаҳоятон бо кӯмаки баъзеҳо амалӣ мешаванд. Аммо агар ба шахси наздик фишор оваред, эҳтимоли низоъ зиёд мешавад. Имрӯз дар мулоқотҳо ва гуфтушунидҳо муваффақ мешавед, зеро идея ва суханатон таъсирбахш аст. Аз сарфи пул худдорӣ намоед. Шомро бо машқ ё сайругашт дар ҳавои тоза сипарӣ намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Бо вуҷуди серкорӣ барои муҳаббат низ вақт пайдо мекунед. Дӯстону шиносон ба нишаст даъват мекунанд. Имрӯз беҳтараш корҳои осонро иҷро кунед, зеро каме хастагӣ эҳсос мешавад. Ба ҳама чиз розӣ нашавед, “не” гуфтанро омӯзед. Маблағи зиёдатӣ сарф накунед, зеро дар оянда пули калон лозим мешавад. Беҳтарин роҳ барои истироҳат мусиқии классикӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД