Formula novemver 2024
Хатна дар кӯдакон муҳим аст?
1070

Хатна барои писарон яке аз унсурҳои ҳатмӣ, ҳам аз нигоҳи динӣ ва ҳам тиббӣ маҳсуб меёбад.

То солҳои 50-уми асри гузашта фақат намояндагони дини ислом ва яҳудитаборон кӯдаконашонро хатна мекарданд. Аммо бо инкишоф ёфтани илми тиб исбот шуд, ки хатна намудани узви ҷинсӣ мардонро аз бисёр бемориҳои ҷинсӣ эмин медорад ,аз ҷумлааз ҷумла саратони тухмдонҳои мардона.

Хатна дар навзодон гузаронида мешавад ва ин якчанд сабаб дорад. Аввал, кӯдакон зудтар шифо меёбанд ва ин шифоёбӣ аз ҳисоби он аст, ки шири модар имунитети кӯдакро боқувват нигоҳ медораду намегузорад, ки ҷойи хатнашуда аз сардӣ осеб гирад.

Бояд гуфт, ки анҷом додани хатна то шашмоҳагӣ хубтар аст, чунки ҳаркати кӯдак сиҳатшавии захми пас аз хатнаро тӯлонитар мекунад.

Табибон маслиҳат медиҳанд, ки хатна то 1,5 моҳагии кӯдак гузаронда шавад, зеро дар ин муддат системаи ҳимоявии модар дар таркиби хуни кӯдак ҳанӯз вуҷуд дорад. Яъне, ҳимояи бадани кӯдак дар ин синну сол дучанд аст ва барои зуд сиҳат шудани захми баъди хатна кӯмак мекунад. Инчунин, шири модар барои ором шудани кӯдак фоидаи калон дорад.

Дар ҳоли ҳозир тамоми тавалудхонаҳо бо табиби хатнакун таъминанд ва ба модарон маслиҳат дода мешавад, ки ҳарчи зудтар тифлаконро хатна кунанд. Қисми зиёди волидон ҳанӯз аз тавалудхона набаромада расми хатнаро анҷом медиҳанд, ки ба фоидаи кор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД