Мо дар деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон зиндагӣ мекунем. Ҳар саҳар вақти ба мактаб рафтан чашмам ба пиразане меафтид, ки ба барфу борон ва жолаю шамол нигоҳ накарда, ҳамеша дар паси дарвоза менишаст. Ҳайрон мешудам, ки чаро ҳатто дар рўзҳои сарди зимистон, ки ба қавле саг аз хонааш намебарояд, ин пиразан дар кӯча мешинад. Ростӣ, аввалҳо ман ин пиразанро гадо ё девона гумон мекардам, вале баъдтар фаҳмидам, ки кампири бечора роҳи писари муҳоҷирашро мепоидааст. Ҳусейн 10 сол пеш ба Руссия рафта, бедарак шудааст. Ҳолдонҳо мегўянд, ки дар он ҷо зани рус гирифтаасту парвои оламу одам надорад. Чанд нафар ҳамдеҳагонамон Ҳусейро дар Русия дида, насиҳат кардаанд, ки ақаллан ба хотири модари пири чашмбароҳаш ба Ватан баргардад, вале ҷавон ҳеҷ сар нафароварда “биҳишти ман дар ҳамин ҷост, дигар ба Тоҷикистон намеравам” гуфтааст.
Мард бештар аз зан ба ғазаб омада, худ аз худ мепурсад: «Чаро вай маро нахост? Ман аз кӣ кам?
Инак, беш аз 10 сол мешавад, ки холаи Сафарбї роњи фарзанди бемеҳрашро мепояд. Чашмони ин модари зор аз роҳпоӣ камнур гашта, ба бистари беморӣ мехкӯб гаштааст. Дигар ба кӯча баромада наметавонад, вале ҳамоно дар рӯйи ҷогаҳи беморӣ ду чашм ба роҳи фарзандаш нигарон аст. Бечора холаи Сафарбӣ худаш нахўрда Ҳусейнро хўронд, худ напўшида бачаашро пӯшонд ба умеде, ки дар дами пирӣ асои дасташ мегардад, вале писари беандеша ба ҷойи малҳам рўйи дилаш доғ гузошт. Доғи ҷонсўзи дурию фироқ!
Шунидам, ки сомонаи Оиларо муҳоҷирони тоҷик бисёр мехонанд, аз ҳамин хотир қиссаи ин модари чашм ба роҳро нақл кардам. Ба писари модарбезори холаи Сафарбӣ гуфтаниям:
-Ҳусейн! Модаратон дар рўйи бистари беморӣ хоб аст ва шояд рўзҳои башумори умраш боқӣ монда бошад. Ягона орзуяш ҳамин аст, ки пеш аз маргаш ақаллан як лаҳза рўйи писарашро бубинад. Модари зорро навмед кардан гуноҳи азимест, ки на худованд мебахшаду на бандагонаш. Бародар, агар як зарра хуни мардӣ дар вуҷудат боқӣ монда бошад, зудтар ба Ватан баргард!